Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои муҳими сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҳар як давлат ба ҳисоб меравад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ин мафҳум аҳаммияти махсус дорад, зеро маҳз тавассути расидан ба ваҳдати миллӣ тавонистем аз буҳрони сиёсиву низомии солҳои аввали истиқлолият раҳо ёфта, ба марҳилаи нави рушди устувор ворид гардем. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон нишон медиҳад, ки сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагии ҷомеа заминаи асосии пешрафти давлат ва беҳбудии зиндагии мардум мебошанд.

Тибқи маълумоти расмӣ, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилиӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 ба 173 миллиард сомонӣ расида, суръати афзоиши воқеии он 8,4 фоизро ташкил дод аз беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардум шаҳодат медиҳад. Ин нишондиҳанда нисбат ба солҳои пешин хеле баланд буда, аз рушди устувори иқтисоди миллӣ шаҳодат медиҳад Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арзёбии институтҳои молиявии байналмилалӣ як ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои асосии рушди устувори иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки дар шароити сулҳу субот ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ мунтазам афзоиш ёфтаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи кабизаоти зиёда аз 80 фоизии солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба 22 фоиз дар соли 2025 расонида шуд, ин аз баракати ваҳдати миллӣ ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқ шаҳодат медиҳад.

Маҳз муҳити ороми сиёсӣ барои рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, афзоиши истеҳсолот ва беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар замина мусоид фароҳам овард.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳиссаи башхи хусусӣ дар иқтисодиёт назаррас буда, 70% маҷмӯи маҳсулоти дохили рост меояд, ин аз дастгирии давлатӣ дар бахши хусусӣ рост гувоҳи медиҳад.

Дигар масъалаи муҳими соҳаи молия ин низоми молияи давлатӣ мебошад, ки мувофиқи маъдумотҳои оморӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи талаботи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи буҷети давлати барои соли соли 2026" он ба зиёда аз 65 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки нисбат ба соли қаблӣ аз 15 миллиард сомонӣ зиёд мебошад, ки аз рушди соҳаҳоҳои буҷетӣ гувоҳи медиҳад.

Қайд, кардан бамаврид аст, ки танҳо дар соли 2025 мувофиқи маълумотҳои расмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 52 созишномаи сармоягузории хорҷи ба имзо расид, ки маблағи умумии он дар мачмӯ беш аз 4 миллиард долари амрикоиро ташкил дод, ки дар он беш аз 50 давлат иширок намуданд, ин аз фазои мусоиди сармоягузорӣ дар кишвари азизамон Тоҷикистон гувоҳи медиҳанд, 48 санадҳои ҳамкорӣ дар соҳаи соҳибкорию сармоягузорӣ имзо шуд. ки маблағи умумии онҳо 5,3 миллиард долари амрикоиро ташкил намуд, ки саҳми соҳибкорони ватанӣ низ баҳисоб рафта, аз баракати ваҳдати миллӣ мебошад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки узви комилҳуқуқи созмонҳои молиявии байналмилмилаливу минтақавӣ гардида, ба ин восита ҷалби бештари сармояро ба иқтисодиёт ворид созад, мо тавонистем аъзои чунин институтҳои молиявии байналмилалӣ гардем, азҷумла: Хазинаи байналмилалии асъор (IMF), Бонки Ҷаҳонӣ (WB), Бонки Осиёии Рушд (Asian Development Bank), Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд (Euқopean Bank foқ Қeconstқuction and Development), Бонки исломии рушд (Islamic Development Bank), Бонки рушди Авруосиё (EDB), ин институтҳои молиявии байналмилалӣ яке аз сарчашмаҳои асосии маблағгузории лоиҳаҳои иқтисодӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ ва иҷтимоӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мераванд.

Афзоиши буҷети давлатӣ дар солҳои 2025–2026 аз рушди устувори иқтисоди миллӣ, зиёдшавии истеҳсолот, беҳтар гардидани маъмурикунонии андозҳо ва васеъ шудани фаъолияти соҳибкорӣ ҷалби сармояи хориҷи ба иқтисодиёти кишвар шаҳодат медиҳад. Ин сатҳи рушд нишон медиҳад, ки иқтидори иқтисодии кишвар таҳким ёфта, имкониятҳои давлат барои маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва рушди инфрасохтор бештар шудаанд.

Ҳамин тавр, зиёдшавии ҳаҷми буҷети давлатӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди макроиқтисодӣ буда, самараи фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва татбиқи сиёсати иқтисодии давлат мебошад.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон садҳо иншооти муҳими иҷтимоӣ ва иқтисодӣ бунёд гардидаанд. Рушди соҳаҳои энергетика, нақлиёт, саноат ва кишоварзӣ маҳз дар фазои сулҳу субот имконпазир гардид. Амалӣ гардидани лоиҳаҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳо, нақбҳо ва неругоҳҳои барқӣ, барои баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат намуд.

Ҳамчунин ваҳдати миллӣ ба рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ таъсири мусбат расонидааст. Таҷрибаи кишвар нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ бе суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа ғайриимкон мебошад.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳдидҳои гуногуни муосир ваҳдати миллӣ ҳамчун омили муҳими ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ баромад мекунад. Таҷрибаи бисёр кишварҳо нишон медиҳад, ки бе ҳамбастагии ҷомеа расидан ба рушди устувор ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ ғайриимкон аст.

Ҷавонон ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа дар ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ нақши калидӣ доранд. Онҳо бояд бо дониш, ҷаҳонбинӣ ва фаъолияти созандаи худ барои пешрафти кишвар саҳм гузоранд. Ҷалби ҷавонон ба корҳои ҷамъиятӣ, илмӣ ва фарҳангӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқии онҳо барои таҳкими ваҳдат аҳамияти калон дорад.

Ҷавонони имрӯза бояд дарк намоянд, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ натиҷаи заҳмат ва талошҳои зиёд мебошад ва ҳифзи он вазифаи муқаддасу ҷонии ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад .

Арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ маънои эҳтиром ва қадршиносӣ нисбат ба сулҳ, субот ва ҳамдигарфаҳмиро дорад. Ин арзиш бояд дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таҷассум ёбад. Ҷашн гирифтани Рӯзи Ваҳдати миллӣ, омӯзиши таърихи сулҳ ва оштии миллӣ, инчунин тарғиби ғояҳои дӯстиву ҳамбастагӣ аз ҷумлаи роҳҳои арҷгузорӣ ба ин дастоварди бузурги милати мо мебошанд.

Ваҳдати миллӣ яке аз дастовардҳои бузургтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолӣ мебошад. Он заминаи асосии сулҳ, субот, рушди иқтисодӣ ва пешрафти ҷомеа ба ҳисоб меравад. Ҳифз ва арҷгузорӣ ба ваҳдати миллӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд аст, зеро ояндаи давлат ва зиндагии осоиштаи мардум аз пойдории ин арзиши муқаддас вобаста мебошад. Танҳо дар фазои дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамбастагӣ метавонем ба рушди устувор ва шукуфоии Ватани азизамони Тоҷикистони биҳитшосо ноил гардем.

Ваҳдати миллӣ яке аз шартҳои асосии рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Сулҳу субот барои ҷалби сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, афзоиши истеҳсолот ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум замина фароҳам меорад. Таҷрибаи Тоҷикистон собит намудааст, ки бе Ваҳдат ва ҳамбастагии ҷомеа пешрафти иқтисодӣ ғайриимкон аст.

Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мебошанд. Маҳз ба шарофати сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа кишвар мо тавонистем ба рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гардем. Афзоиши нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, зиёдшавии ҳаҷми ММД ва буҷети давлатӣ, бунёди иншооти муҳими стратегӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии мардум самараи неъмати бебаҳо бевоситаи ваҳдати миллӣ мебошанд. Аз ин рӯ, ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон буда, кафили сулҳ, пешрафт ва шукуфоии минбаъдаи давлат маҳсуб меёбад.

 

Ҳумайнӣ САЪДИЕВ, омӯзгори ДДМИТ