ВАҲДАТИ МИЛЛӢ - ЗАМИНАИ РУШДИ БОСУБОТ
Тоҷикон доимо ваҳдатшиор ва ваҳдатгустар буданд. Ҳатто солҳое, ки пас аз давлати Сомониён ваҳдати сиёсӣ надоштанд, дар ваҳдати комили маънавию забонӣ, тафаккур ва андеша қарор доштанд. Дар ибтидои соҳибистиқлолӣ, мутаассифона, ваҳдати сиёсие, ки хоси ҷомеаи воҳид ва василаи мумтози ҳамбастагии ӯст, заиф шуд. Барои аз нав эҷод кардани ваҳдати сиёсиву давлатдории замони нав диду истеъдоди тоза, эҳсоси амиқи самтҳои рушди ҷомеаи башарӣ, дида тавонистани мавқеъ ва ҷойгоҳи кишвар дар минтақа ва ҷаҳон, муайян ва мушаххас гардондани тадбирҳое, ки барои ташаккул ва инкишофи як давлати муосир хосанд, аҳамияти ҳалкунанда касб намуд.
Инак, бисту нуҳ сол аст, ки дар ваҳдати миллӣ, замони нави таърихӣ ва эҳёи давлатдории тоҷикон зиндагӣ дорем. Баъд аз ҳазор соли ҳукмронии аҷдоди бузургу хирадпешаамон - сулолаи Сомониён, ки марзу буми он як қисмати бузурги Шарқро дар бар мегирифт ва бо рушду инкишофи худ шуҳратёр буд, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлати нави миллӣ бо номи Тоҷикистон пайдо шуд. Агарчӣ он як пораи кӯҳи бузургеро мемонад, агарчӣ солҳои аввали истиқлол душвориҳои зиёде ба сар омад, аммо Тоҷикистон - ин кишвари офтобӣ барои мо азиз аст ва ояндаи дурахшоне дар пеш дорад. Ваҳдати миллӣ барои ҳамагон асоси ифтихороти ватандорӣ буда, кору пайкор, ҳар иқдому нияти неки ҷавонон ба хотири таҳкими он мебошад.
Дар фосилаи аз рӯзи ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар қаламрави мамлакат муҳити тозаву созанда ва ояндасозу пешбаранда фароҳам омад. Ваҳдати миллӣ ва ҳамдигарфаҳмиву ҳамдилӣ метавонад кишварро ба сӯи музаффариятҳо раҳнамоӣ кунад. Танҳо таҳлили ҳаёти чандсолаи ҷомеа бозгӯи он аст, ки маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ дар қаламрави кишвар дар рӯзгори аҳолӣ падидаҳои фараҳбахш ба вуқӯъ пайвастанд. Ҳосили ҳамин ваҳдати миллӣ буд, ки имрӯз аҳолии кишвар шукронаи фаро расидани рӯзҳои неку масъуд ва шароити хуби таҳсилу кор мекунанд. Айни ҳол сокинони шарафманди кишвар аз файзи ваҳдати миллӣ ва раҳнамоиҳои Сарвари давлат имкон доранд, ки роҳи ормонҳои худро тай намуда, барои камолоти тахассусии худ баҳравар шаванд.
Мо бо ин ҳама таваҷҷуҳи махсус ва дастурҳои мушаххас шоҳиди он мешавем, ки сокинони кишвар дар партави шинохти моҳияти ваҳдати миллӣ ва дарку маърифати зарурати он барои пешрафти ҷомеа баҳри иҷрои рисолати худ камари ҳиммат мебанданд ва пайваста бо руҳияи баланди худсозиву худшиносӣ дар пиндорҳои неку наҷиби худ фардои ҷомеаро меофаранд. Ба таъбири дигар, ин ҳама болорафтҳои фикриву маънавӣ ва идроки баланди сокинон, шуури пешрафтаи сиёсиву ҳуқуқии онҳоро метавон ҳосили ваҳдати миллӣ ва якпорчагии кишвар муаррифӣ намуд.
Дар марҳилаи имрӯзаи ҳаёт омилҳое бояд пайгир шаванд, ки ваҳдати миллиро таҳким бахшида, онро халалнопазир намоянд. Мусоидат ба ризоияти умум ва ваҳдату ягонагии халқи ҷумҳурӣ, бо камоли қатъият ва мунтазам ба ҳаёт татбиқ намудани қонунҳо ва қарорҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, таъмини баробарҳуқуқӣ ва озодии комили ҳамаи қавму миллатҳои сокини кишвар дар асоси Конститутсияи мамлакат дар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа, бо камоли ғамхорӣ ва масъулият дар амал татбиқ кардани баробарҳуқуқӣ ва ҳамвазнии ҳамаи минтақаҳою шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷиҳати сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, густариши равобити иқтисодию фарҳангии байни онҳо, дар сатҳи баробар тараққӣ додани иқтисодиёт ва маорифу маданияти онҳо, пешгирӣ кардан ва тамоман аз байн бардоштани яке аз иллатҳои умдаи рӯз - маҳалгароӣ, ки дар ниҳояти кор боиси носозгорӣ, ҷудоӣ ва парокандагии миллат мегардад ва муборизаи беамон ба муқобили ин таассуби пурхатар омилҳои таҳкимбахшандаи Ваҳдати миллӣ маҳсуб мегарданд.
Маҳз ҳисси ватандӯстӣ намегузорад ҳаракат ё зуҳуроти нохуш амнияти миллатро халалдор кунад. Муҳимтарин василаи баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии сокинон ташаккули фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати худ ба ҳисоб меравад. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии сокинон дар баробари неруи демократии ҷомеа ва давлат хусусиятҳои таҳаввулот, стратегияи рушд ва ояндаи кишварро муайян месозад. Ҷомеа ё кишваре, ки дар навбати аввал ба таълиму тарбия, рушди маърифатнокӣ ва фаъолияти сокинон таваҷҷуҳ зоҳир намекунад, ба сатҳи баланди инкишоф расиданаш ба гумон аст.
Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоламон дар роҳи сохтани ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, тарбияи ватанпарастии сокинон ягона роҳе мебошад, ки баҳри расидан ба ин мақсад моро кумак мекунад. Аз ин рӯ, мо бояд кӯшиш кунем ва донем, ки ояндаи ин давлати соҳибистиқлол ва миллат ба мо вобаста аст.
Нигора НЕГМАТОВА,
омӯзгори кафедраи фанҳои гуманитарӣ
Тоҷ
Рус
Eng