Конститутсияро санадест, ки сохтори давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, вазифаҳои мақомоти давлатӣ ва асосҳои муносибатҳои ҷамъиятиро муайян мекунад. Дар баробари масъалаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ Конститутсия ба иқтисодиёти мамлакат низ таъсири мустақим мерасонад, зеро рушди иқтисодӣ бе муҳити устувори ҳуқуқӣ, ҳифзи моликият, озодии фаъолияти иқтисодӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ имконнопазир аст.

Ҳамчун донишҷӯи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, масъалаи мазкурро, пеш аз ҳама, аз мавқеи иқтисод меомӯзам. Ба назари инҷониб, яке аз омилҳои муҳимми рушди иқтисодӣ мавҷудияти қоидаҳои муайян ва устувори бозӣ мебошад. Сармоягузор, соҳибкор, истеҳсолкунанда ва истеъмолкунанда бояд бидонанд, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо чӣ гуна ҳифз мешаванд. Конститутсия барои ташаккули чунин муҳити ҳуқуқӣ замина мегузорад.

Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар таърихи давлатдории навини кишвар рӯйдоди муҳим гардид. Он дар марҳилаи мураккаби ташаккули давлатдории мо заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти давлат ва ҷомеаро муайян кард. Дар тӯли солҳои минбаъда рушди қонунгузории иқтисодӣ низ дар доираи ҳамин асосҳои конститутсионӣ сурат гирифт. Яке аз масъалаҳои асосии иқтисодиёт моликият мебошад. Барои фаъолияти муътадили иқтисодӣ шаҳрванд ва соҳибкор бояд ба ҳифзи моликияти худ эътимод дошта бошад. Агар натиҷаи меҳнат, сармоягузорӣ ё фаъолияти соҳибкорӣ боэътимод ҳифз нашавад, рушди истеҳсолот ва ҷалби сармоя душвор мегардад. Аз ин ҷиҳат, кафолатҳои конститутсионии ҳуқуқ ба моликият барои ташаккули муҳити мусоиди иқтисодӣ аҳамияти калон доранд.

Омили дигари муҳим озодии фаъолияти иқтисодӣ ва соҳибкорӣ мебошад. Соҳибкорӣ яке аз муҳаррикҳои рушди иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Соҳибкори фаъол ҷойҳои нави корӣ таъсис медиҳад, молу хизматрасонӣ истеҳсол мекунад, андоз месупорад ва ба рушди маҳал мусоидат менамояд. Барои ин фаъолияти ӯ бояд дар доираи қонун озодона ва бо масъулияти муайян амалӣ гардад. Дар ин замина Конститутсияро метавон ҳамчун заминаи ташаккули иқтисодиёти рақобатпазир арзёбӣ кард. Рақобат соҳибкоронро водор месозад, ки сифати маҳсулот ва хизматрасониро баланд бардоранд, хароҷотро коҳиш диҳанд ва технологияҳои навро истифода намоянд. Аммо рақобати солим дар муҳите имконпазир аст, ки қоидаҳои ҳуқуқӣ барои иштирокдорони бозор баробар бошанд. Рушди иқтисодиёт инчунин аз суботи иҷтимоӣ вобастагии зиёд дорад. Сармоягузор, пеш аз ҳама, ба шароити сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кишвар таваҷҷуҳ мекунад. Суботи сиёсӣ ба соҳибкор имкон медиҳад, ки фаъолияти худро барои солҳои дароз ба нақша гирад. Аз ин рӯ, нақши Конститутсияро дар рушди иқтисодӣ фақат аз нуқтаи назари муқаррароти мустақими иқтисодӣ дидан дуруст намебошад. Таъмини суботи давлат ва муайян кардани асосҳои фаъолияти мақомоти давлатӣ низ ба иқтисодиёт таъсири муҳим мерасонад.

Албатта, қтисодиёти устувор бо сохтмони корхонаҳо, афзоиши истеҳсолот ё зиёд шудани сармоягузорӣ чен карда мешавад, дар баробари ин ташаккул   ёфтани фарҳанги иқтисодӣ ва ҳуқуқии ҷомеа низ муҳим мебошад. Шаҳрванд бояд ҳуқуқи худро донад, уҳдадориҳои андозиро иҷро кунад, моликияти дигаронро эҳтиром намояд ва барои фаъолияти иқтисодии худ масъулият дошта бошад. Дар ин самт нақши ҷавонон махсус аст. Мо - донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти иқтисодӣ бояд назарияҳои иқтисодӣ ва молиявиро омӯхта, заминаи ҳуқуқии фаъолияти иқтисодиро низ хуб донем. Мутахассиси ояндаи соҳаи молия ё иқтисод бояд дарк кунад, ки қарорҳои иқтисодӣ ҳамеша дар шароити муайяни ҳуқуқӣ қабул мешаванд. Донистани қонун ба мо имкон медиҳад, ки дар фаъолияти минбаъдаи касбӣ қарорҳои дурусттар ва масъулиятшиносона қабул намоем.

Масъалаи дигаре, ки дар ҳоли ҳозир аҳамияти бештар пайдо кардааст, рушди иқтисодиёти рақамӣ мебошад. Пардохтҳои электронӣ, савдои интернетӣ, хизматрасониҳои рақамии давлатӣ ва истифодаи технологияҳои муосири молиявӣ муносибатҳои нави иқтисодиро ба вуҷуд оварда истодаанд. Барои рушди ин самт низ шароити боэътимоди ҳуқуқӣ зарур аст. Ҳар қадар технологияҳои иқтисодӣ рушд кунанд, ҳамон қадар масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ, моликият, масъулият ва амнияти муносибатҳои иқтисодӣ муҳимтар мешаванд.

Конститутсия ҳамчунин барои ташаккули муносибати масъулиятшиносонаи давлат ва шаҳрванд ба захираҳои иқтисодӣ аҳамият дорад. Давлат бояд барои рушди иқтисодиёт шароити мусоид фароҳам оварад, дар баробари ин, шаҳрвандон ва субъектҳои хоҷагидор низ бояд дар рушди мамлакат саҳм гузоранд. Пардохти андоз, ташкили ҷойҳои корӣ, рушди истеҳсолот, истифодаи оқилонаи захираҳо ва риояи қонун аз ҷумлаи чунин масъулиятҳо мебошанд. Ба назари мо, яке аз нишондиҳандаҳои муҳимми самаранокии низоми ҳуқуқӣ он аст, ки шаҳрванд то чӣ андоза ба ояндаи иқтисодии худ эътимод дорад. Агар соҳибкор итминон дошта бошад, ки ҳуқуқи ӯ ҳифз мешавад, барои рушди фаъолияти худ бештар маблағгузорӣ мекунад. Агар шаҳрванд ба устувории иқтисодӣ бовар дошта бошад, барои таҳсил, соҳибкорӣ ва рушди касбӣ бештар талош менамояд. Аз ин рӯ, эътимод низ як навъ сармояи муҳим барои иқтисодиёт мебошад.

Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди иқтисодӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии худ қарор дорад. Дар ин раванд дар баробари захираҳои табиӣ ва имкониятҳои ҷуғрофии кишвар, ҳамчунин сифати идоракунӣ, сатҳи саводи иқтисодӣ, қонуният ва ҳифзи ҳуқуқ низ аҳамияти калон доранд. Конститутсия барои ҳамаи ин равандҳо заминаи умумии ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Ҳамчун мутахассиси ояндаи соҳаи молия ва иқтисод чунин мешуморам, ки омӯзиши Конститутсия ба мо ҷиҳати дарки робитаи ҳуқуқ, давлат ва иқтисодиёт имконият медиҳад. Мутахассиси хуби иқтисодӣ бояд фаҳмад, ки иқтисодиёти миллӣ дар фазои холӣ рушд намекунад, он ба қонун, сиёсати давлатӣ, муносибатҳои иҷтимоӣ ва масъулияти шаҳрвандон такя мекунад. Дар ниҳоят, нақши Конститутсия дар таҳким ва рушди иқтисодиёти мамлакатро метавон дар эҷоди муҳити устувори ҳуқуқӣ, ҳифзи моликият, фароҳам овардани шароити муносиб барои фаъолияти иқтисодӣ, таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ ва таъмини суботи давлату ҷомеа дид. Аз ҳамин ҷиҳат, Конститутсияро метавон яке аз пояҳои муҳимми ҳуқуқии пешрафти иқтисодии Тоҷикистон донист.

Рушди иқтисодиёти мамлакат дар ниҳоят ба фаъолияти инсон вобаста аст. Вақте қонун ҳифз мешавад, меҳнат қадр мегардад, соҳибкор имкони фаъолияти озодона пайдо мекунад ва шаҳрванд масъулияти худро дар назди ҷомеа дарк менамояд, заминаи иқтисодиёти устувор ва рақобатпазир фароҳам меояд. Бинобар ин, эҳтиром ва риояи Конститутсия яке аз шартҳои рушди иқтисодии давлат мебошад.

 

Мустафо МАЪМУРЗОДА,

донишҷӯи соли якуми факултети ҳисобдорӣ ва омори

ДДМИТ