НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯ ДАР ТАҲКИМИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва густариши муносибатҳои иқтисодию фарҳангии байналмилалӣ сайёҳӣ ба яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти миллӣ табдил ёфтааст. Ин соҳа дар баробари муаррифии таъриху фарҳанг, табиати нотакрор ва анъанаҳои миллии кишвар ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, захираҳои ғании табиӣ, ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва мероси пурғановати миллӣ барои рушди намудҳои гуногуни сайёҳӣ имкониятҳои васеъ дорад. Бо вуҷуди ин, истифодаи самараноки чунин имкониятҳо танҳо ба мавҷудияти захираҳои сайёҳӣ вобаста набуда, пеш аз ҳама, муҳити мусоиди ҳуқуқӣ, суботи сиёсӣ, кафолати фаъолияти соҳибкорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои иштирокчиёни бозори сайёҳиро тақозо менамояд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардидааст, асосҳои сохтори конститутсионӣ, низоми фаъолияти мақомоти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва муносибатҳои иқтисодию иҷтимоиро муайян менамояд. Аҳамияти Конститутсия дар рушди соҳаи сайёҳӣ пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти иқтисодӣ, соҳибкорӣ, ҳифзи моликият ва таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсонро муқаррар намуда, барои ташаккули муҳити мусоиди рушди ин соҳа шароити зарурӣ фароҳам меорад.
Мутобиқи моддаи 12-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, асоси иқтисодиёти кишварро шаклҳои гуногуни моликият ташкил медиҳанд. Давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликиятро кафолат медиҳад. Ин меъёри конститутсионӣ барои рушди соҳаи сайёҳӣ аҳамияти махсус дорад. Зеро фаъолияти меҳмонхонаҳо, ширкатҳои сайёҳӣ, марказҳои хизматрасонӣ, муассисаҳои истироҳатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидор бевосита ба озодии фаъолияти иқтисодӣ ва ҳифзи ҳуқуқи моликият алоқаманд мебошад. Аз ин лиҳоз, Конститутсия на танҳо санади асосии танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, балки заминаи муҳими ҳуқуқии ташаккули фазои мусоиди соҳибкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ низ ба ҳисоб меравад.
Яке аз омилҳои муҳими рушди сайёҳӣ таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Сайёҳон ҳангоми интихоби макони сафар пеш аз ҳама ба масъалаҳои амният, озодии ҳаракат, сифати хизматрасонӣ ва риояи ҳуқуқҳои худ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Моддаи 24-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи шаҳрвандро ба мусофират, интихоби озоди маҳалли зист ва тарки ҷумҳурӣ, ба истиснои маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи қонун, пешбинӣ менамояд. Ин меъёр барои рушди сайёҳии дохилӣ аҳамияти муҳим дошта, яке аз заминаҳои ҳуқуқии таъмини озодии ҳаракати шаҳрвандон ба ҳисоб меравад. Он ба шаҳрвандон имконият фароҳам меорад, ки бо мақсадҳои истироҳат, шиносоӣ бо мероси таърихию фарҳангӣ ва дигар мақсадҳои қонунӣ ба минтақаҳои гуногуни кишвар сафар намоянд.
Дар баробари ин, таъмини ҳуқуқу амнияти сайёҳони хориҷӣ, риояи талаботи қонунгузорӣ ва муносибати эҳтиромона ба меҳмонон барои баланд бардоштани нуфузи байналмилалии Тоҷикистон мусоидат менамояд. Бинобар ин, рушди сайёҳиро аз масъалаи таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҷудо баррасӣ кардан имконнопазир аст.
Рушди соҳаи сайёҳӣ бе иштироки фаъоли бахши хусусӣ ва соҳибкорӣ тасаввурнопазир мебошад. Бунёди меҳмонхонаҳо, ташкили хатсайрҳои сайёҳӣ, таъсиси марказҳои хизматрасонӣ ва рушди инфрасохтори соҳа сармоягузорӣ ва фаъолияти озоди иқтисодиро тақозо менамоянд. Меъёрҳои конститутсионии ҳифзи моликият ва кафолати фаъолияти озоди соҳибкорӣ барои фаъолияти субъектҳои соҳаи сайёҳӣ заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ фароҳам меоранд.
Дар ин раванд масъала танҳо бо таъсиси корхонаҳои нав маҳдуд намегардад. Муҳим он аст, ки соҳибкорон имконияти фаъолияти устувор, рақобати солим ва ҳимояи ҳуқуқии манфиатҳои қонунии худро дошта бошанд. Ба андешаи мо, ҳар қадар кафолатҳои конститутсионии фаъолияти иқтисодӣ дар амал самаранок татбиқ гарданд, ҳамон қадар имкониятҳои ҷалби сармоягузорӣ, таъсиси корхонаҳои нав ва рушди соҳибкории сайёҳӣ бештар мегарданд.
Ҳамин тариқ, робитаи Конститутсия бо рушди сайёҳӣ хусусияти воқеии ҳуқуқию иқтисодӣ дошта, меъёрҳои он ба ташаккули муҳити соҳибкорӣ, ҳифзи манфиатҳои иқтисодӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷудаи кишвар таъсири бевосита мерасонанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ёдгориҳои нодири таърихӣ, анъанаҳои миллӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва арзишҳои ғании фарҳангӣ мебошад. Ин омилҳо барои рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ имкониятҳои васеъ фароҳам меоранд. Моддаи 44-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангиро вазифаи ҳар як шахс муайян менамояд. Ин меъёр барои соҳаи сайёҳӣ аҳамияти бузург дорад, зеро ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ на танҳо арзишҳои маънавию миллӣ, балки захираҳои муҳими рушди сайёҳӣ низ мебошанд.
Ҳифзи чунин ёдгориҳо имконият медиҳад, ки мероси миллӣ барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шуда, ҳамзамон барои рушди иқтисоди маҳаллӣ ва ҷалби сайёҳони дохилию хориҷӣ самаранок истифода гардад. Аз ин рӯ, истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ бо мақсадҳои сайёҳӣ бояд ҳатман бо ҳифз, нигоҳдорӣ ва эҳёи он ҳамоҳанг бошад. Рушди сайёҳӣ набояд боиси харобшавӣ ё аз байн рафтани арзишҳои таърихию фарҳангӣ гардад.
Яке аз бартариҳои муҳими Тоҷикистон мавҷудияти манзараҳои нотакрори табиӣ, кӯҳҳои баланд, пиряхҳо, кӯлҳо ва дигар захираҳои табиӣ мебошад. Ин имкониятҳо барои рушди сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, сайёҳии кӯҳӣ ва дигар намудҳои сайёҳии табиатгаро аҳамияти махсус доранд.
Моддаи 13-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, фазои ҳавоӣ, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табииро моликияти истисноии давлат эътироф намуда, истифодаи самараноки онҳоро ба манфиати халқ кафолат медиҳад. Ҳамзамон, моддаи 44 ҳифзи табиатро вазифаи ҳар як шахс муқаррар менамояд. Меъёрҳои мазкур барои ташаккул ва татбиқи принсипҳои рушди устувори сайёҳӣ заминаи муҳими ҳуқуқӣ мебошанд.
Ба андешаи мо, истифодаи захираҳои табиӣ бо мақсади рушди сайёҳӣ бояд бо масъулияти экологӣ ва риояи талаботи ҳифзи муҳити зист ҳамроҳ бошад. Агар афзоиши шумораи сайёҳон бо чораҳои ҳифзи муҳити зист ҳамоҳанг нагардад, имкониятҳои табиии соҳа метавонанд дар оянда маҳдуд шаванд. Аз ин рӯ, рушди сайёҳии экологӣ бояд ба истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, пешгирии ифлосшавии муҳити зист ва ҳифзи гуногунии биологӣ асос ёбад.
Бо вуҷуди аҳамияти бузурги Конститутсия дар ташаккули заминаҳои ҳуқуқии рушди сайёҳӣ, бояд таъкид намуд, ки танҳо мавҷудияти меъёрҳои ҳуқуқӣ ба таври худкор пешрафти ин соҳаро таъмин карда наметавонад. Барои истифодаи самараноки имкониятҳои конститутсионӣ такмили қонунгузории соҳавӣ, рушди инфрасохтор, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, омода намудани мутахассисони соҳибкасб ва фароҳам овардани шароити мусоиди сармоягузорӣ зарур мебошад.
Дар ин замина, Конститутсия асосҳои ҳуқуқиро муайян менамояд, қонунгузории соҳавӣ механизмҳои мушаххаси танзими муносибатҳоро ташаккул медиҳад ва фаъолияти амалии мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва субъектҳои соҳибкорӣ барои рушди воқеии соҳаи сайёҳӣ замина фароҳам меорад. Ин робитаи мутақобила нишон медиҳад, ки пешрафти соҳаи сайёҳӣ натиҷаи ҳамоҳангии кафолатҳои ҳуқуқӣ, сиёсати давлатӣ ва фаъолияти иқтисодию ташкилӣ мебошад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки имкониятҳои ҳуқуқии пешбининамудаи Конститутсия дар фаъолияти амалии соҳаи сайёҳӣ ба таври самаранок истифода шаванд.
Ба андешаи мо, рушди сайёҳӣ яке аз самтҳое мебошад, ки тавассути он натиҷаҳои амалии татбиқи кафолатҳои конститутсионӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар равшан инъикос меёбанд. Вобаста ба ин, арҷгузорӣ ба Конститутсия набояд танҳо бо таҷлили санаи қабули он маҳдуд гардад. Татбиқи пайваста ва самараноки меъёрҳои он дар рушди иқтисоди миллӣ, аз ҷумла соҳаи сайёҳӣ, ифодаи воқеии эҳтиром ба Қонуни асосии давлат мебошад.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун пояи устувори давлатдории миллӣ ва кафили ҳуқуқию озодиҳои инсон барои рушди соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла сайёҳӣ, заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам меорад. Дар навбати худ, рушди сайёҳӣ яке аз воситаҳои муҳими муаррифии таъриху фарҳанг, табиати нотакрор ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки имкониятҳои конститутсионӣ дар ин самт метавонад ба таҳкими иқтидори иқтисодӣ, баланд бардоштани нуфузи байналмилалӣ ва таъмини рушди устувори кишвар мусоидат намояд.
С. НУРУЛЛО,
ассистенти кафедраи аудит ва назорати молиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng