Қабл аз ҳама, бояд қайд кард, ки ҳамасола ибтидои соли таҳсили навбатиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ бахшида, доир ба соҳаи маорифи кишвар таҳлили мавзуии солҳои сипаришударо анҷом медиҳанд ва барои дар солҳои минбаъда боз ҳам таҳким бахшидан ба ин соҳаи муҳим, бартараф кардани камбудиҳо, боло бардоштани сатҳу сифати таҳсилот дар тамоми зинаҳои он ва ниҳоят, мувофиқ кардани он ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ, ҳамчунин, ҷавобгӯ будани он ба тайёр кардани мутахассисони соҳаҳои гуногуни иқтисоди ватанӣ вазифаҳои мушаххас мегузоранд.

Азбаски маорифи мардум соҳае ба шумор меравад, ки вай ҳам тавони қудратманди зеҳнии ҳар як инсони фардӣ ва ҳам ҳама гуна миллатро ба вуҷуд меоварад ва пешрафти ояндасози онҳоро таъмин менамояд, Пешвои миллат ба ин соҳа ҳамеша таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунанд. Дарки ҳамин моҳият будааст, ки Президенти кишвар худ соли таҳсилро оғоз мебахшанд ва ин амр ба ҳукми анъанаи бисёр хуб ҳам даромадааст.

Вақте суханронии Президенти кишварро аз тариқи телевизион мустақиман тамошо ва гӯш мекунед ва баъди дар васоити ахбори омма ба нашр расидани матни суханронӣ, онро бо диққат мехонед, фалсафаи чунин анъанаи муҳимро барои худ рӯшан мекунед.

Бояд собит кард, ки матн аз ҷиҳати ҳаҷм чандон калон нест, бисёр мухтасару муъҷаз, вале теъдоди зиёди масъалаҳои мубрамтарини соҳаи маорифро дар алоқамандӣ бо рушди минбаъдаи кишвар матраҳ карда, роҳҳои дар амал татбиқ намудани онҳоро пешниҳод менамояд.

Яке аз чунин масъалаҳои мубрам, ки Сардори кишвар дар суханронии худ ба он аҳамияти хоса зоҳир намуданд, таъмини сулҳу субот ба шумор меравад. Чун маълум аст, масъалаи мазкур, пеш аз ҳама, ба соҳаи сиёсат алоқамандӣ дорад, вале Пешвои миллат онро дар алоқамандӣ ба маориф мавриди баррасӣ қарор доданд. Чаро? Сабаб дар чист? Дар ҷавоб ба саволҳои гузоштаамон бояд собит намоем, ки дар татбиқи тамоми ҷанбаҳои сиёсӣ маорифи мардум, сатҳу сифати он нақши муҳим дорад, зеро танҳо тавассути маориф инсони комил ва ҷомеаи комили пешрафтаро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Вақте инсони комил, миллати комилу тамаддунсоз ба вуҷуд оварда мешавад, вай танҳо барои ривоҷи тамаддунаш, барои таҳкими сулҳу суботи ҷомеа, таъмини зиндагии шоистаи мардум саъй мекунад. Ҳамин заминаҳо буданд, ки таҳкими сулҳу субот дар сиёсати ҳам дохилӣ ва ҳам хориҷии кишварамон яке аз ҷойгоҳҳои асосиро ишғол мекунанд.

Мусаллам аст, ки сиёсат ду навъ - дохилӣ ва хориҷӣ мешавад. Онҳо байни ҳамдигар робитаи ногусастанӣ доранд. Сиёсати хориҷӣ бештар ба сиёсати дохилӣ такя мекунад. Ҳамин сиёсати созанда, сулҳҷӯёна буд, ки дар асоси он консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳрезӣ ва қабул гардида буд. Ҳамин сиёсати созандаву сулҳҷӯёна буд, ки дар асоси он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036»-ро ба СММ пешниҳод карданд, ки он моҳи июни соли ҷорӣ дар шакли қатъномаи созмони мазкур қабул карда шуд.

Дар таърихи гузаштаи кишварҳои мухталифи ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ низ маорифи ҳамагонии мардум аз мавзуъҳои муҳим ҳаргиз қарор намегирифт. Аврупоиҳо оғоз аз давраи Эҳё, ки аз охирҳои асри XIV ба ташаккулёбӣ сар карда, то ба ибтидои асри XVII идома ёфт ва дар ин марҳила ҷомеаи сармоядорӣ низ тадриҷан пайдо ва худро устувор мегардонид, зарурат низ ба вуҷуд омада буд, то ин ки акнун инсон дар маркази таваҷҷуҳи илмҳо, махсусан, илмҳои инсонсози гуманитарӣ қарор дода шавад. Чунин ҳам шуд. Аҳли зиёи аврупоӣ рушди минбаъдаи ҷомеаро дар ба вуҷуд овардани муҳити дунявӣ ва аз ҷаҳолат баровардани мардум, муҳайё кардани шароити мусоиди зиндагии инсон медиданд, вале муҳити маънавӣ ва сиёсии давра ҳамоно бисёр мураккаб боқӣ мемонд.

Сарфи назар аз чунин будани муҳит зиёиёни фидоии аврупоӣ асарҳо эҷод менамуданд, ки дар онҳо сохти боадолатонаи ҷомеа ва таъминкунандаи инсони аз ҷаҳолат баромадаву озод тараннум карда мешуд. Аз ҷумла, асари «Утопия»-и Томас Мор, «Шаҳри Офтоб»-и Томмазо Кампанелла ва як теъдод асарҳои дигар арзи вуҷуд карданд, ки муҳтавои ҳамаи онҳо таваҷҷуҳ ба инсонро дар бар мегирифт. Ниҳоят, оғоз аз охирҳои асри XVII то ба ибтидои асри XVIII аввал дар Британия ва минбаъд дар Фаронса ҳаракате арзи вуҷуд кард, ки дар таърих ба унвони «ҳаракати маорифпарварӣ» шуҳрат пайдо намуд. Дар натиҷа, инсону инсонпарварӣ дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифт ва зина ба зина чунин шуд, ки то ба айёми муосир масъалаи маорифи мардум ба мубрамтарин муаммоҳо табдил ёфт ва давлатҳои ҷаҳон барои ин соҳа, фаро гирифтани ҳарчи бештари мардум ба маориф ва баланд бардоштани сатҳу сифати он маблағҳои ҳангуфт сарф мекардагӣ шуданд.

Амалияи раванди таърихӣ, аз ҷумла замони муосир нишон медиҳад ва дода истодааст, ки сабаби таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардани ҳукуматҳои давлатҳои ҷаҳон, махсусан давлатҳои мутамаддин ба соҳаи маориф аз он иборат будааст, ки бе маориф рушди бояду шояди ҷомеаро тасаввур кардан имконнопазир маҳсуб меёфтааст.

Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибистиқлол дар замоне арзи вуҷуд кард, ки илм, техника ва технология аз соҳаҳои бисёр пешрафтаи ҷомеаҳои мутамаддин ба шумор рафта, таъминкунандаи рушди босуръат, бомарому муназзам ва дар бозори ҷаҳонии рақобати фарогир ҷойгоҳи онҳоро ҳамчун инҳисоркунанда таъмин карда истодааст. Имрӯз барои аксари кулли бошандагони ҷаҳон маълум аст, ки бе илми пешрафта, маорифи сатҳу сифати баланди тақозои замони муосир, дар бозори ҷаҳонӣ пайдо кардани мақом ва ҷойгоҳ амрест муҳол.

Ин масъала барои дохили кишварҳо низ бисёр муҳим аст, зеро бе илми пешрафта, технологияи муосири инноватсионӣ, таҷрибаи кофии истифодаи онҳо дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди ватанӣ, бе ташаккул додани салоҳияти касбу ҳунари баландпоя таъмин кардани зиндагии шоистаи тақозои замон имконнопазир ба шумор меравад.

Бо назардошти ҳамин муаммоҳо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аксари баромадҳои худ мушкилаи мазкурро мавриди баррасии мавзуӣ қарор медиҳанд ва пайваста чорабиниҳои заруриро меандешанд, то ин ки Тоҷикистон дар ҳақиқат ба миллати пешрафта табдил ёбад. Хурсандибахш аз он иборат аст, ки тадриҷан, сол то сол ҳамин тавр ҳам шуда истодааст.

Алоқамандии мулоҳизаҳои мазкур ба таъмини сулҳу субот дар он аст, ки агар дар кишвар заминаи қудратманди иқтисодии такякунанда ба илм, техника ва технологияи инноватсионӣ ба вуҷуд оварда нашавад, зиндагии шоистаи мардум низ ташаккул намеёбад. Дар ин гуна ҳолат сулҳу суботи устувор низ таъмин намегардад. Пӯшида нест, ки омили асосии бавуҷудоварандаву рушд бахшанда ба илм, ба ихтирооти техникӣ ва технологияи муосири таъминкунандаи иқтисоди қутрадманди кишвар, албатта, маориф ба шумор меравад.

Муваффақияти маориф дар татбиқи ин муҳиммати ҷавҳарӣ ба ҳайати омӯзгорони соҳибкасбу донишманд ва фидоии маориф дар тамоми сатҳҳои таҳсилот алоқамандӣ дорад. Беҳуда нагуфтаанд, ки «Бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан». Аз фаъолияти тулонии касби устодӣ дар донишгоҳҳо таҷрибае касб кардаам, ки, мутаассифона, на ҳамаи онҳое, ки дар макотиб кор мекунанд, фидоии маориф ҳастанд.

Зиёда аз ин, солҳои истиқлоли давлатиамон дар кишвар теъдоди хеле зиёди макотиби олӣ, ки шумораашон ҳоло ба 51 мактаб расидааст, таъсис дода шудаанд ва фаъолият карда истодаанд.

Масалан, муаллиф, ки солҳои тулонӣ дар вазорати корҳои хориҷӣ низ адои хидмат карда будам ва ҳоло дар факултети муносибатҳои байналмилалии ДМТ ба сифати устоди ҳамкор фаъолият карда истодаам, метавонам андеша иброз дошта бошам, ки барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ ва дипломатия барои Тоҷикистон танҳо ва танҳо як муассисаи мутамарказонидашудаи дарбаргирандаи тамоми соҳаҳои ин соҳа таъсис дода шуда, ҳамаи мутахассисони дорои зеҳну малакаи баланди тахассусӣ аз тариқи озмуни ҳақиқӣ ба ин муассисаи таълимӣ ҷалб карда шаванд ва фаъолияти шуъбаву факултетҳои амалкунандаи ин соҳа дар макотиби олии дигар бекор карда шавад. Донишҷӯёнро ба ин муассисаи таълимӣ (унвонашро мувофиқи муҳимматаш муайян кардан мумкин аст) ба эътибори зарурати воқеии фаъолият дар соҳаи муносиботи байналмилалӣ ва аз тариқи озмуни бисёр сахти ҳақиқӣ қабул кардан айни муддаост.

Мисолҳоро бисёр овардан мумкин аст, вале барои он зарурат вуҷуд надорад. Мухтасаран гуфтан мехоҳам, ки мувофиқат накардани маориф ба воқеияти мавҷуда, донишҷӯёнро аз хондан дилсард мегардонад ва онҳо солҳои таҳсилашонро дар макотиби олӣ баръабас мегузаронанд ва ҳамчун мутахассис омода намешаванд. Ин ҳама ба он оварда расониданаш мумкин аст, ки инсони ҷавон худро ҳамчун шаҳрванди мутахассис ташаккул дода наметавонад, ки он минбаъд пояҳои устувори сулҳу суботро низ заиф мегардонад.

Андешаҳои иброзгардида, ба як тан устоди куҳансол тааллуқ доранд ва диди танҳо субъективӣ набуда, балки ба мушоҳидаҳои тулонии воқеӣ такя мекунанд. Бинобар ин, чӣ гуна онҳо пазируфта мешаванд, барояш аҳамият надорад. Танҳо натиҷаи чунин андешаҳо, ки ба воқеият такя мекунанд, бояд мавриди баррасии ҷиддии мақомоти салоҳиятдор шуда бошанд.

Дар хулосаи ин навиштаҳо бояд як чизи муҳими дигарро низ гуфта бошам, ки мо - устодони макотиб дар хусуси тарбия ва таълими фарзандони миллатамон ҳаргиз бетарафиро касб накунем.

 

Ғуломҷон МИРЗОЕВ,

устоди кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносии ДДМИТ