Имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 3 ҳазор халқияту миллатҳо мавҷуд буда, хушбахттаринашон миллатҳое ҳастанд, ки ватани соҳибистиқлолу соҳибихтиёр доранд. Садсолаҳо боз ҳазорҳо халқу миллатҳо дар орзуи ба даст овардани озодиву истиқлол ҳастанд, ки мутаассифона, ин неъмат барояшон муяссар намегардад. Дар ҳақиқат, истиқлолият бузургтарин неъмат ва ганҷу сарвати бебаҳо барои ҳар як миллат аст, аммо мерос намебошад. Агар истиқлолият мерос мебуд, миллати тоҷик баъди давлатдории Сомониён ва шоҳ Исмоили Сомонӣ дар масири қарнҳои зиёд бо ҳама ғановату сарват ва тамаддуну фарҳанги оламшумули хеш устувор боқӣ мемонд.

Албатта, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷик бо ҳама асолат, қатъи назар аз ноадолатиҳои таърих, тавонист ҳастии худро садсолаҳо нигоҳ дорад. Ба «ҳафт иқлим» салтанат дошт ва ғосибон гумон мекарданд, ки бо тасарруфи марзу бум ҳастии моро маҳв месозанд. Аммо миллати тоҷик боқӣ монду забону фарҳанги аҷдодии мо то ҳанӯз сарҳаду марзи моро муайян сохта метавонанд. Воқеан ҳам, барои миллати кӯҳанбунёду тамаддунофари тоҷик дар охирин даҳаи қарни бистум, ки он вақт Ҷумҳурии Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ гашт, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва тавоно ба миён омад.

Ҳазорон шукр, ки аз миёни фарзандони баруманди миллати кӯҳанбунёди мо чунин шахсияти таърихӣ пайдо шуд. Ва ин абармарди таърихсоз, фарзанди барӯманди миллати тамаддунофари тоҷик - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Агар шуҷоату мардонагӣ ва ҷуръати сиёсии Пешвои миллат намебуд, аз даст додани истиқлолияти давлатӣ як амри воқеӣ буд. Бешак, тасвири симои шахсияте, ки халқи беш аз ҳазорсол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид сохт, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст гузошту душманонро ба оғӯш гирифт, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, ба миллат сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фазои орому осуда овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон гузошт, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи бағоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя ва ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавӣ тарҳрезӣ намуд, неъмати озодию соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат мутаҳид сохт ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистони соҳибистиқлол сабт намуд.

Талошҳои шабонарӯзиву ҷонисориҳои абармарди сулҳофару таърихсози миллати соҳибтамаддуни тоҷик ҳамчун сарвари давлати сулҳофар боис гардид, ки тамомияти арзии Тоҷикистони биҳиштосо ҳамчун кишвари ягонаи мустақил ҳифз карда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар муддати барои таърих кӯтоҳ низоми мукаммал ва муосири давлатдориро барқарор намуда, аркони давлатдории миллӣ ва ниҳодҳои асосии давлатдории моро эҳё намояд. Пешвои миллат бо хиради бузург, сиёсати дурбинона, меҳри беандозааш ба миллату давлат ва бо ҷасорату иродаи қавии хеш тавонист Тоҷикистони тоза ба истиқлол расидаро, ки охирин умеду хонаи миллати тоҷик ба ҳисоб мерафт, аз вартаи ҷанги дохилии хонумонсӯз раҳо намуда, умед ба фардои дурахшон бахшад.

Дар замоне ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ кашида, даст ба домани Худованд мезад, дар лаҳзае, ки садои тиру туфанг нолаи модарон ва гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату ҷосусӣ, номардию туҳмат ғӯлугир намуда буд, ӯ масъулияти роҳбариро ба дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат ба дили мардум ҷо кард.

Муҳимтарин хусусияти сиёсии Сарвари давлат дар он аст, ки дар симояш тамоми рӯҳия ва хусусиятҳои беҳтарини халқи тоҷик ифода ёфта, ҳамчун «Порае аз пайкари халқ» пазируфта шудааст. Зери сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз дар доираи мактаби давлатдории ӯ сохти нави давлатдории муосири тоҷикон, яъне давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ бунёду ташаккул ёфтаистодааст, ки дар шароити то рафт мураккабу печида ва пуртазоди сиёсӣ кору саҳлу осон нест.

Пешво - ҳомӣ ба сулҳу Ваҳдат аст,

Пойдориву бақои Давлат аст.

Партави рахшони Истиқлолият,

Пайки озодӣ, кафили миллат аст.

Яъне, истиқлолият ин масъулият аст ва ҳар як фарди бедордилро мебояд, ки масъулияти шаҳрвандиашро бовиқор иҷро намояд. Соҳибистиқлолӣ ва соҳибихтиёрӣ арзиши нотакроре мебошад, ки барои ҳифзу бақои он масъулияти хеле ҷиддӣ талаб карда мешавад. Чунин масъулияти баланд дар симои Пешвои муаззами миллат зоҳир гардид ва бо шарофати сиёсати оқилонаю дурандешонаи Сарвари давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро дар арсаи ҷаҳонӣ мустаҳкам намуд.

 

Маҳмадшоҳ ХУҶАЕВ,

 омӯзгори ДДМИТ