Ҳар сол моҳи сентябр барои ҷомеаи Тоҷикистон бо оғози соли нави таҳсил ва таҷлили Рӯзи дониш оғоз меёбад. Ин рӯз барои хонандагону донишҷӯён оғози марҳилаи нави омӯзиш, барои омӯзгорон фаъолияти нав ва барои падару модарон рамзи умед ба ояндаи фарзандон мебошад.

Дар ҷаҳони имрӯза илм, технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ ва иқтисоди донишбунёд босуръат рушд мекунанд. Ин раванд аз ҳар як инсон донишу малакаҳои нав ва омодагӣ ба омӯзиши доимиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, таҳсилоти босифат аҳаммияти бештар пайдо мекунад.

Дар суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе низ ба рушди соҳаи маориф, бахусус вазъи муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Тибқи маълумоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар давраи соҳибистиқлолӣ шумораи донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба таври назаррас зиёд шуда, ҳоло ба 51 муассиса расидааст. Ин нишон медиҳад, ки имкониятҳои гирифтани таҳсилоти олӣ дар кишвар бештар шудаанд.

Ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки як қатор муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мақоми байналмилалӣ гирифтаанд. Шароити таълим, заминаи моддиву техникӣ ва имкониятҳои донишгоҳҳо низ тадриҷан беҳтар шуда истодаанд.

Дар суханронӣ ба зарурати баланд бардоштани сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Аз ҷумла, таъмини донишгоҳҳо бо омӯзгорони соҳибтаҷриба ва дорои унвони илмӣ, таҳияи китобҳои дарсии босифат, рушди паркҳои технологӣ, такмили ихтисоси омӯзгорон ва таъсиси озмоишгоҳҳои муосир аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гардиданд.

Яке аз масъалаҳои муҳими суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарқияти байни соҳиби диплом будан ва мутахассиси воқеӣ шудан мебошад. Ҷомеа ба мутахассиси донишманду соҳибкасб ниёз дорад, на танҳо ба шахсе, ки диплом гирифтааст.

Масъалаи дигар ба сохтор ва мазмуни барномаҳои таълимӣ вобаста аст. Дар баъзе факултаҳо донишҷӯён дар ду соли аввали таҳсил бештар фанҳои умумиро меомӯзанд ва фанҳои тахассусӣ асосан аз соли сеюм оғоз мешаванд. Ин ҳолат метавонад шавқи донишҷӯро ба касби интихобкардааш кам кунад.

Интихоби касб ва мутобиқати он ба талаботи бозори меҳнат низ аҳаммияти калон дорад. Имрӯз талабот ба мутахассисони соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, амнияти компютерӣ, зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ рӯз ба рӯз зиёд мешавад.

Рушди босуръати технологияҳо талаб мекунад, ки донишгоҳҳо ихтисос ва барномаҳои таълимии худро пайваста такмил диҳанд. Онҳо бояд донишҷӯёнро ба касбу самтҳои нави фаъолияти меҳнатӣ омода созанд.

Ин масъала барои Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ муҳим мебошад. Донишгоҳ мутахассисонро дар соҳаҳои молия, бонкдорӣ, баҳисобгирии муҳосибӣ, андоз, таҳлили иқтисодӣ ва дигар самтҳои иқтисодию молиявӣ омода мекунад.

Имрӯз мутахассиси иқтисодӣ бояд технологияҳои рақамӣ, таҳлили маълумот, зеҳни сунъӣ ва дигар воситаҳои муосири фаъолияти касбиро низ донад. Аз ин рӯ, таълим бояд бо илм, технология ва талаботи бозори меҳнат бештар пайваст бошад.

Дар маҷмуъ, марҳилаи нави рушди таҳсилоти олӣ бояд ба тайёр кардани мутахассисони воқеӣ равона шавад. Мутахассис бояд донишманд, соҳибмалака, дорои тафаккури таҳлилӣ ва ба тағйироти замон мутобиқшаванда бошад.

Дар ҷаҳони муосир сармояи муҳимтарини ҷомеа инсонест, ки дониш дорад, пайваста меомӯзад, навоварӣ мекунад ва донишу малакаи худро барои рушди ҷомеа ва иқтисоди миллӣ самаранок истифода мебарад. Ба андешаи мо, оғози соли нави таҳсил оғози марҳилаи нави донишандӯзӣ, ҷустуҷӯ, рушди қобилиятҳо ва омодагӣ ба ояндаи беҳтар мебошад.

 

Фирдавс АБДУҒАФФОРЗОДА,

муовини декан оид ба тарбияи факултети иқтисод ва идоракунии давлатии ДДМИТ