НАҚШИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РУШДИ ДАВЛАТДОРӢ
Дар баробари пошхӯрии давлати шуравӣ ва баъдан, 9 сентябри соли 1991, бо эълон доштани соҳибистиқлолии Тоҷикистон, бо мудохилаи бевоситаи қувваҳои беруна, ноуҳдабароии мақомоти давлатии он давраи Тоҷикистон, мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар оғоз гардид, ки зарари иқтисодии он беш аз 10 млрд доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин ҷанг беш аз 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон қурбон шуда, беш аз 50 ҳазор кӯдак ятим монданд. Ин даҳшатро баъзе қувваҳои солим, ки дида буданд, сулҳу ягонагии миллиро мақсади асосии худ қарор доданд. Ибтидои ин сулҳу созишро Сардори тозаинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олӣ дар шаҳри бостонии Хуҷанд гузоштанд ва ин сана барои таърихи миллати тоҷик воқеан ҳам тақдирсоз буд. Икдоми Эмомалӣ Раҳмон аз ҳама ҷиҳат дорои аҳамияти ниҳоят бузург буд, зеро ӯ миллатро ба ғолибу мағлуб ҷудо накарданд ва савганд хӯрданд, ки то охирин шаҳрванди фирории Тоҷикистонро ба Ватан барнагардонанд, худро ором ҳис намекунанд ва бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии хеш тавонистанд миллатро сарҷамъ намуда, ҳама дар якчоягӣ дар заминаи ваҳдати миллӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро ободу зебо гардонанд.
Дар тули бештар аз 34 соли соҳибистиқлолӣ кишвари мо дар роҳи бунёди ҷомеаи мустақили демократӣ қадамҳои устувор гузошт. Дар ин муддат Ватани азизамон – Тоҷикистон, соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии нав гардид. Пояҳо ва рукнҳои асосии давлатдории худ - Артиши миллиро устувор гардонд. Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуд ва бо бештари давлатҳои тараққикардаи дунё муносибатҳои тиҷоратию иқтисодиро барқарор намуд. Асосҳои сохтори конститутсионӣ ва идоракунии давлат танзим гардида, пули миллӣ ба муомилот баромада, шиносномаи миллӣ эътироф гардид.
Ҳамин тавр, хизмати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ ва истиқлоли миллӣ бениҳоят бузург аст. Аз ҷумла, пеши роҳи хатари нобудии Тоҷикистонро гирифтанд, оташи ҷанги дохилиро хомуш намуданд, сохтори фалаҷгардидаи ҳокимият, хусусан, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро барқарор сохтанд, Артиши миллӣ ва неруҳои посбонии сарҳадро таъсис доданд, барои таҳкими ҳокимият ва давлат шароит муҳайё намуданд, заминаи сулҳи миллиро матраҳ карданд, аксари гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардониданд, заминаи устувори эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистонро гузоштанд, ислоҳоти конститутсиониро дар мамлакат амалӣ гардониданд, Конститутсияи нави Тоҷикистонро қабул карданд, сулҳи тоҷиконро ба даст оварданд, ки барои ҷаҳониён таҷрибаи беназир аст, сатҳи иҷтимоӣ-иқтисодии мардумро ба куллӣ беҳтар карда, хатари гуруснагиро аз байн бурданд, нуфузу эътибори сиёсии давлатро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам афзун намуданд.
Шаҳноза ҲУКМАТОВА, донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng