Миллати тамаддунофари тоҷик дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ ва ҳифзу ҳимояи нангу номуси худ марҳилаҳои пурбору пурпечутобро аз сар гузаронида, бо вуҷуди барору нобарориҳо, ноилшавию аздастдиҳиҳо, имрӯз шаҳди Истиқлоли давлатӣ мечашад ва бо такя ба дастовардҳои он дар роҳи шукуфоӣ ва татбиқи нақшаҳои бузурги бунёдӣ қадамҳои устувор мегузорад. Сиёсати хориҷӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳар як давлат ифода ёфта, ҳадафи он ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амният ва рушди устувори муносибатҳои байналмилалӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол, пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шуравӣ, ниёз ба як низоми сиёсати хориҷии мустақил дошт, ки бо воқеиятҳои ҷуғрофӣ, таърихӣ ва сиёсиву иқтисодии он мувофиқ бошад.

Дар ин раванд нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим ва таърихӣ мебошад. Аз рӯзҳои аввали ба сари ҳокимият омадан, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафмандона сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташаккул дода, онро ба як низоми устувори сиёсати “дарҳои кушода”, мутавозин ва манфиатовар барои кишвар табдил дод. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол на танҳо равобити судманд бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.

Бояд таъкид кард, ки барқарорсозии равобити хориҷӣ ва муаррифии Тоҷикистон ҳамчун кишвари мустақил яке аз муҳимтарин ва ҳамзамон душвортарин ҷанбаҳои равандҳои давлатсозӣ дар солҳои аввали давраи Истиқлоли давлатӣ ба шумор мерафт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эътироф кардани асноди робитаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид, Санади хотимавии Ҳелсинки, Баёнияи Париж ва дигар санадҳо зербинои сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бунёд намуда, эълон кард, ки инсон ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онро, сарфи назар аз мансубияти миллӣ, мазҳабӣ, нажодӣ ва ҷинсӣ арзиши олӣ мешуморад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди сиёсати хориҷӣ ва тақвияти ҷойгоҳу нуфузи худ дар арсаи ҷаҳонӣ ба комёбиҳои назаррас ноил шуд. Тавсеаи равобит бо кишварҳо ва созмонҳои олам бо ҳифзи манофеи миллӣ ва риояи манфиати шарикон асоси сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарроҳ ва поягузори мактаби нав дар сиёсати хориҷӣ ва равобити байналмилалӣ ҳисобида мешаванд. Мусаллам аст, ки обрӯ ва нуфузи имрӯзаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ самараи талоши пайгирона ва хастагинопазири Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Он кас бо қабули масъулияти кишвар дар солҳои басо вазнин ва пайгирии ҳадафи олии созандагӣ манфиати умумимиллиро аз манфиатҳои дигар боло гузошта, боварии халқро соҳиб гардиданд. Корҳое, ки тайи солҳои гузашта анҷом доданд, боис шуд, ки дар дохили мамлакат тамоми халқ, махсусан равшанфикрон ва неруҳои ақлонӣ ба нақшаву барномаҳои ояндаашон бо диди умед бингаранд ва бо боварӣ пайрави роҳашон бошанд.

Вобаста ба ин масъала, бояд ёдовар шуд, ки 29 сентябри соли 1993 Пешвои миллат дар аввалин суханрониашон, ба ҳайси Сарвари давлати соҳибистиқлоли тоҷикон, тавонистанд доир ба нақшаҳои бунёдкорона, ҳадафҳои сулҳҷӯёна ва самтҳои пешгирифтаи мамлакат аз минбари Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи башарӣ нияту ормонҳои нек ва хайрхоҳонаи Тоҷикистонро ба сифати субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ иброз намоянд. Ба ҳамин хотир аст, ки рӯзи мазкур дар таърихи навини сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи дорои аҳамияти таърихӣ ба шумор рафта, он рӯз дар мамлакат ҳамчун Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ эълон карда шудааст. Омодагиҳо ба танзими Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1999 дар Вазорати корҳои хориҷӣ оғоз гардида, як тарҳе бо номи «Самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасӣ ва омӯзиш пешниҳод карда шуда буд. Ҷиҳати суръат бахшидан ба ҳалли ин масъала ва танзими босамари он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2000, «Консепсияи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро аз нав барои баррасӣ пешниҳод намуданд. Омӯзиши фарогири ин санади муҳим нишон дод, ки бо такя ба манфиатҳои миллӣ, дар марҳалаи ҳозира ва дурнамои наздик ва дар дарозмуддат ҳадафҳои аслии сиёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз омода ва ҳифз намудани шароити берунаи мусоид барои идомаи муваффақонаи ислоҳот дар дохили кишвар, инкишофи минбаъдаи Тоҷикистон ба ҳайси давлати мустақил, пайдо намудани заминаҳои мувофиқати манфиатҳои мутақобилан судманди мо бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар раванди ҳалли вазифаҳое, ки ба сифати афзалиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон муайян шудаанд, иборат мебошад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар рӯзҳои душвор ва печидаи кишвар, дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ ва ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии кишвару миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир доранд. Даҳҳо кишвари хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ дар Тоҷикистон намояндагиҳои худро боз намуда, ҳамзамон, дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон - аз Осиё то Аврупо ва аз Африқо то Амрико, намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Тоҷикистон баҳри таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду ва чандҷониба муваффақона фаъолият доранд.

Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шуда, аз минбари онҳо ташаббусу ибтикорҳои созандаи Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷаҳону минтақа, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, маводди мухаддир, ҷиноятҳои муташаккилонаи фаромиллӣ, масъалаҳои экологӣ ва амсоли он ба самъи ҷаҳониён расонида мешавад. Махсусан, силсилаи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба ҳалли мушкилоти об дар ҷаҳон, бо таваҷҷуҳ ба аҳамияти мавзуъ, боиси ба гунаи хос муаррифӣ шудани Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Ҳамчунин, Пешвои миллат пайваста аз паёмади номатлуби тағйирёбии иқлим бонги хатар зада, зимни таъкид бар зарурати омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо, рушди устувори кишварҳои кӯҳсор ва таваҷҷуҳ ба рушди энергияи таҷдидшаванда ҷомеаи ҷаҳониро ба иқдому ҳамкории наздик даъват менамоянд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге мебошанд, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шудан доранд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028».

Дар марҳилаи кунунӣ принсипҳои асосӣ ва анъанаҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба ҳалли масъалаҳои боафзалияти рушди кишвар, аз ҷумла таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, тақвияти ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ равона шудааст. Дар ин муддат сиёсати «дарҳои боз» чун фарҳанги ҳамзистӣ бо олами имрӯз аз ҷониби роҳбарияти кишвар муаррифӣ гардида, дар асоси он сиёсати хориҷии бисёрсамта, ботавозун ва прагматикӣ тарҳрезӣ шуда, тавсеаву таҳкими робитаҳои дӯстона ва ҳамкории судманд бо кишварҳои гуногуни олам роҳандозӣ гашта истодаанд.

Табиист, ки дар назди сиёсати хориҷии Тоҷикистони рӯ ба сӯи рушд, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои стратегии мамлакат дар сатҳи ҷаҳонӣ ба шумор рафта, аз тариқи фароҳам овардани шароити мусоиди берунӣ барои инкишофи устувори ҳамаҷонибаи мамлакат дар назар гирифта шудааст. Ҳамин тавр, сиёсати хориҷии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мисли самтҳои дигари рушди иҷтимоию иқтисодӣ ба ҳайси як механизми зиндаву рӯ ба тараққӣ ҳамеша дар ҳолати тағйирёбии ба сӯи манофеи миллӣ равонакардашуда қарор дорад.

Насриддинов Хуршед Назарович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи фанҳои гуманитарии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон