Бунёди давлати соҳибистиқлол барои халқи бузурги тоҷик аз ҷумлаи дастовардҳои беназир дар тӯли таърих мебошад, ки натиҷаи талош, ҷоннисориҳо, иттиҳод ва фидокориҳои ин халқ аст. Расидан ба истиқлоли комили сиёсӣ, имкониятҳои фарохро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти бунёдкориҳо, рушд ва созандагӣ ба миён овард. Истиқлоли давлатӣ барои ба вуқуъ омадани дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми Тоҷикистон заминаҳои устувор фароҳам овард. Соҳибихтиёрии давлатӣ ба мардуми тоҷик дар масири таърих бори дигар имкон дод, ки баъд аз қарнҳо ба эҳёи дубораи давлатдории миллӣ шуруъ намояд. Вале, мутаассифона, солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ мо натавонистем, ки ин неъмати бебаҳоро ба таври дахлдор ҳифз намоем.

Дар ибтидои солҳои 90-и садаи ХХ Тоҷикистони азиз ба даргириҳои шадид кашида шуд. Дар натиҷа, ҷомеаро ҳисси яъсу ноумедӣ, нобоварӣ ба фардо, ғорату дуздӣ, хунрезӣ, гуруснагӣ фаро гирифт ва як қисми мардуми мо ночор ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуда, гуреза шуданд.

Дар чунин вазъияти ҳассос шахсият ва роҳбари сарсупурдае лозим буд, ки тамоми неруи худро ба ҳифзи Истиқлоли миллӣ ва наҷоти Ватан равона созад, ҷумҳуриро аз парокандагӣ ва нобудшавӣ наҷот диҳад.

Шахсиятҳои бузург, ки худ офарандаи таъриханд, дар муносибат бо ҳодисаю падидаҳои дигари ҷамъиятию табиӣ мақсади муайянро асоси фаъолияти худ қарор медиҳанд. Мақсад ва вазифаҳое, ки онҳо дар назди худ гузоштаанд, аз бисёр ҷиҳат дар шакли муайян пайдо мегарданд, ки онҳоро равандҳои объективии ҳаёти ҷомеа муайян менамояд.

Ҳамзамон, лозим ба ёдоварист, ки дар ҷомеа нақши инсонҳо низ басо назаррас аст. Одамон асосан дар зери таъсири муҳити атроф амал менамоянд ва дар байни онҳо зарурати иқтисодӣ, ки таҷассумгари манфиатҳои доираи муайяни одамон мебошад, нақши асосӣ мебозад. Онҳо низ қодиранд ба шароти ҳаёти худ таъсир расонанд ва ҳатто, самти инкишофи онро тағйир бидиҳанд. Аммо бузургии шахсиятҳои бузург дар он аст, ки онҳо тавонистаанд манфиатҳои умумиро ифода намоянд ва баҳри амалӣ намудани ин манфиатҳо ва ҳимояи онҳо кӯшишҳои зиёде ба харҷ диҳанд. Аз ин хотир, оммаи мардум ин гуна одамонро эҳтиром намуда, пешвои худ мехонанд. Одамони бузург, пешвоён ва сарварон то ҳамон даврае вазифаи худро анҷом дода метавонанд, ки агар онҳо ба оммаи халқ такя намоянд.

            Шахсиятҳои бузург раҳнамои инсоният ҳастанд ва инсонҳо дар ҳалли масъалаҳои печида ва мураккаби иҷтимоиву иқтисодӣ ба онҳо умед мебанданд. Маъмулан, ашхоси соҳибхирад ва боистеъдодро шароити ҳассос ва тақдирсози таърихӣ ба сиёсатмадорони барҷаста табдил медиҳад. Дар чунин давраҳо сарвароне (пешвоёне) бар арсаи сиёсат пой мениҳанд, ки қодиранд ҳама гуна саддро аз роҳи пешрафти ҷомеа бигиранд, роҳро барои рушду густариш омода созанд ва ба ибораи дигар, шахсиятҳои барҷаста маҳсули даврони ҳассоси таърихӣ мебошанд.

            Таърихи инсоният собит намудааст, ки пешрафт ва муваффақияти тамаддунҳои гуногун ба фаъолият ва неруи идоракунии самарабахши шахсони алоҳида робитаи зич доштааст, ки тавонистаанд тавассути маҳорат, дониш, қобилияти роҳбарӣ ва матонату ҷасорати шахсӣ номи худро дар таърихи башарият абадан сабт намоянд.

            Аз ин рӯ, омӯзиш ва таҳқиқи фаъолияти сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дорои аҳамияти калони илмӣ маҳсуб меёбад. Баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ворид гардид.

            Дар давраи аввали гузариш ба шароитҳои нави иқтисодӣ кишвари мо ба як қатор мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардид. Ин мушкилотро аз рӯи моҳият ба ду қисми асосӣ, яъне ворид шудани тарзу усулҳои нави идоракунӣ дар низоми иқтисодии кишвар ва дуюм, муқовимат ба он ва дар ин замина, сар задани ҷанги шаҳрвандӣ тақсим кардан мумкин аст. Шартҳои асосии гузариш аз усули идораи давлатии иқтисодиёт ба усули нави бозорӣ, ин аз худтаъминкунӣ ва худидоракунии ташкилоту муассисаҳои гуногун иборат буд. Дар ин давра, тамоми таъминоти давлатии ташкилоту муассисаҳои гуногун, ки аз маркази ягона идора мегардид, аз байн рафт ва кишварро лозим омад, ки роҳҳои нави ҷалби сармоя ба низоми иқтисодии мамлакатро мустақилона ҷустуҷӯ намояд.

            Тоҷикистон имрӯз узви фаъол, эътирофшуда ва соҳибэҳтироми ҷомеаи байналмилалист ва мақоми шоистаи худро дар олами зудтағйирёбандаи муосир таҳким бахшида, ҳама гуна ҳамкориҳои судмандро бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ менамояд.

            Дар шароити ҷаҳонигардии бозорҳо ва пайваста таҳким ёфтани ҳамгироии иқтисодиёти кишварҳои олам дар доираи созмону ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳеҷ як давлати дунё наметавонад дар канор монад. Имрӯз муносибатҳои Тоҷикистон дар доираи ин созмон ғайр аз масоили зикршуда равобити судманди иқтисодиро низ дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, Тоҷикистон ҳамкории худро ҳам дар чаҳорчӯбаи ин сохтор ва ҳам мустақиман бо ҳар як кишвари узви он рушду нумӯ мебахшад ва ҷонибдори таҳкими ин робитаҳо мебошад. Бахусус, сатҳ ва муҳтавои робитаҳои Тоҷикистон бо ҳамсояи бузурги худ - Ҷумҳурии Халқии Хитой, боло рафт ва дар самти муҳимтарин лоиҳаҳои ҳамкории барои Тоҷикистон муфиду пурсамар ғанӣ гашт.

         Бо имзои Аҳдномаи ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкории миёни ду кишвар ҳангоми нахустин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой марҳалаи сифатан нави равобит ва шарикии минтақавӣ оғоз гардид.

Соҳаи дигари афзалиятноки ҳамкориҳо туризм ба ҳисоб меравад. Табиат ва иқлими нотакрор, чашмаҳои шифобахш, захираҳои бузурги оби нӯшокӣ, меваҳои болаззат ва аз лиҳози экологӣ тозаи Тоҷикистон барои рушди туризм, бахусус туризми кӯҳӣ ва солимгардонӣ, фавқулода мусоид менамояд.

Аз фароҳам овардани шароити ҳуқуқӣ барои ташкил намудани минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ, ин рушди соҳаи коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, зиёд намудани иқтидори содиротии кишвар, истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, таъмини рушди бештари иқтисодиву иҷтимоии ноҳияҳои ниёзманд мебошад. Барои ташкили минтақаҳои махсуси саноатӣ ва сайёҳӣ дар мамлакатамон имкониятҳои васеъ мавҷуданд ва онҳоро ба манфиати мардум ва баланд бардоштани сатҳи зиндагонии аҳолӣ самарабахш истифода намудан аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ сохтори ташкилию иқтисодие мебошанд, ки ҳоло дар ҷаҳон густариши васеъ ёфта, дар кишварҳои зиёди дунё, новобаста аз иқтидори иқтисодӣ ва сатҳу сифати рушди иҷтимоии онҳо, бунёд гардидаанд ва бо ин васила барои ҳамгироии давлатҳо ва субъектҳои иқтисодӣ мусоидат намуда, барои рушди низоми равобити ҷаҳонӣ боис мегардад.

Минтақаи озоди иқтисодӣ ифодакунандаи инкишофи робитаҳои тиҷоратию молиявӣ, истеҳсолию технологии давлатҳо буда, ба макони густариши муносибатҳои бозорӣ, рушди соҳибкорӣ, такмили технологияҳои истеҳсолӣ ва санъати идоракунӣ мубаддал гаштаанд.

Минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар такмили муносибатҳои иқтисодӣ ва рушди кишварҳои ҷаҳон нақши намоёнро соҳиб шуда истодаанд. Давлатҳои ҷаҳон барои иштирок дар тақсимоти байналмилалии меҳнат роҳҳои ғайрианъанавии иштироки худро пешкаш намуда, модели нави тараққиёти иқтисоди миллиро, ки ба бозори хориҷӣ нигаронида шудааст, интихоб менамоянд. Дар инкишофи иқтисоди давлатҳо махсусгардонии содиротӣ яке аз тадбирҳои стратегияи иқтисодӣ ба ҳисоб рафта, дар ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ ифода меёбад.

             Тараққиёти иқтисоди миллии моро бе мақоми Президенти кишвар тасаввур намудан ғайриимкон аст. Зеро ҳамаи марҳилаҳо ва самтҳои рушди иқтисодии Тоҷикистон маҳз аз ҷониби Сарвари давлат муайян ва пешбинӣ карда мешаванд. Зинаҳои аввалини низоми самараноки рушди иқтисоди миллии мо дар тасвиби санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар таҷассум меёбанд, ки ин нукта низ ба салоҳияти Президенти мамлакат ворид мешавад.

                     Пешвои миллат - Роҳбари давлат ва шахси марказӣ дар идораи кишвар нақши хеле муҳим ва калидӣ дар таҳкими рақамикунонии иқтисодиёти Тоҷикистон дорад. Ин нақш дар чанд ҷанбаҳои асосӣ намоён мешавад:

  1. Сиёсати давлатии рақамикунонӣ: Пешвои миллат стратегияи рақамикунонии иқтисодиётро таҳия ва дастгирӣ мекунад. Ӯ таъкид менамояд, ки барои рушди саноат, хизматрасониҳо ва идоракунии самаранок бояд технологияҳои нав ва рақамӣ ворид шаванд.
  2. Ташаббусҳо ва барномаҳои давлатӣ: Пешвои миллат барномаҳо ва лоиҳаҳои муҳимро барои рақамикунонии соҳаҳои гуногуни иқтисодиёт - аз қабили кишоварзӣ, саноат, хизматрасонӣ ва маориф роҳандозӣ мекунад.
  3. Ҷалби сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ: Ба хотири рушди технологияҳои рақамӣ ва таъсиси инфрасохтори зарурӣ, Пешвои миллат кӯшиш мекунанд, ки ҳамкориҳои байналмилалӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи рақамӣ ҷалб шаванд.
  4. Рушди истеъдодҳои инсонӣ: Пешвои миллат таваҷҷуҳ ба омӯзиши технологияҳои нав, баланд бардоштани малакаҳои кормандон ва омода намудани кадрҳои касбӣ дар соҳаи рақамикунонӣ доранд.

Тадбирҳои дар боло зикршуда ва дигар чорабиниҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам оварданд, ки дар кишвар фазои мусоид барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таъмин карда шавад. Албатта, дар оянда низ чунин тадбирҳои муфид аз ҷониби давлат роҳандозӣ хоҳанд гашт ва тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ дар ҷаласаи ботантана ба муносибати 34-солагии Истиқлоли давлатӣ зикр намуданд: “Ҳукумати мамлакат минбаъд низ ислоҳотро дар самти таъмин намудани рушди соҳибкорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоиди сармоягузорӣ идома бахшида, ташаббусҳои созандаи соҳибкоронро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои онҳоро ҳимоя мекунад”.

Х.Ш. Маҳмадкаримов, муаллими

калони кафедраи андозбандӣ ва суғуртаи ДДМИТ