Дар таърихи 16 ноябри соли 1994 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватани худ савганд ёд карданд. Дар ҳамин сол, дар аввалин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки аз тарафи мардум қабул карда шуд, шакли идории Тоҷикистон ба шакли Ҷумҳурии президентӣ табдил дода шуд. Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти моҳият ва нақши созандагии худ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими таърихи миллати тоҷик буда, ба сарнавишти ҳаётии халқу давлати навини тоҷикон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар ва раванди бавуҷудоӣ, инкишоф ва мустаҳкам гардидани низоми сиёсии демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намуд.

16 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри бостонии Хуҷанд доир гардид, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Яке аз корҳои аввалине, ки барои таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлол анҷом додани он зарур шуморида шуд, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсия буд, ки дар ҷараёни он Иҷлосия қабул карда шуд. Соли 1994 бо қабули аввалин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол, тариқи раъйдиҳии умумихалқӣ ва муқаррар гардидани шакли президентии идораи давлат, Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд. Дар ин Иҷлосия муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олӣ савганд ёд намуданд, ки ба Тоҷикистон сулҳ меоранд ва миллати азияткашида ва парокандаи тоҷикро сарҷамъ мекунанд.

16 ноябр дар саросари кишвари мо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз барои мо хеле азизу гиромист. Ҳама чиз дар қиёс хубтар фаҳмида мешавад. Мо бояд донем, ки дирӯзи мо чӣ гуна буд ва имрӯз то куҷо расидем.

Беҳтарин ва муҳимтарин амал баҳри рушди Истиқлоли кишвар 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардидани Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) мебошад. Ин Иҷлосия ва асноди ҳуқуқии он дар ҳифзи давлатдории миллӣ ва инкишофи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон нақши муайянкунанда дорад. Дар он шабу рӯз роҳбарияти нави Тоҷикистон пас аз омӯзиш ва таҳлили ҳамаҷонибаи вазъият бо мақсади раҳоии кишвар аз буҳрони сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кори мақсадноку самароварро оғоз кард. Дар пеш вазифаҳои гуногунро гузошта буданд, ки яке аз онҳо такмил додани қонунгузории миллӣ ба ҳисоб мерафт.

Ин фаъолияти самарабахш пас аз интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ гардид. Дар суханронии аввалини худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфта буданд: “Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд мебошам”.

Ҳамин Иҷлосия дар тақдири миллат нақше гузошт, ки он бо ҳарфҳои заррин ба таърихи миллат ворид шуд. Дар ҳамон рӯзҳо гӯё дар осмони Тоҷикистон аз паси абрҳо равшанӣ – Офтоб намудор шуд. Он рӯшноӣ, нурҳои он Офтоб сар то сари Ватанро фаро гирифт. Баробари истиқлоли давлатӣ Худованд ба халқи мо роҳбареро насиб гардонд, ки бо кирдору амалҳои нек ва мубораксимою мубораквафою муборакқадам буданашон, тавонистанд мардуми парешонро дар атрофашон муттаҳид намуда, ба қалби онҳо шуълаи умедро бедор ва бо қадамҳои қатъӣ ба сулҳу осоиш, рушду суботи минбаъда ҳидоят карда, давлатро аз фаноёбӣ наҷот диҳанд. Ёдовар шудан бамаврид аст, ки Эмомалӣ Раҳмон маҳз тавассути марди олиму оқилу фозилу хирадманд буданашон, бидуни талафот Созишномаи истиқрори сулҳ ва созгории миллиро ба имзо расонда, дар роҳи овардани сулҳу ризоияти миллӣ ба Тоҷикистон нақши муҳимро ифода намуданд. Боиси ифтихори ҳамагон аст, ки таҷрибаи сулҳу суботи Тоҷикистонро дигар кишварҳои ҷаҳон омӯхта, истифода мебаранд. Ба ақидаи Кофи Аннан, собиқ Дабири кулли СММ: “Тоҷикистон дар ҳалли муноқишаҳои дохилӣ барои бисёр мамлакатҳои дигар намунаи беназир армуғон овард ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бесобиқа, қобили омӯзиш ва истифода мебошад”.

Аҳкомуддин Судиқов, устоди кафедраи идораи давлатӣ ва маҳаллӣ