ТОҶИКИСТОН - МОДЕЛИ МУВАФФАҚИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ДАР МИНТАҚА
Ваҳдат беҳтарин неъмат, орзуву ормон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушду нумуи даврон, ҳастии инсон дар ҳар давру замон ба шумор меравад. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем. Танҳо дар фазои ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рӯзгори мардум рӯ ба беҳбудӣ ва кишвари азизамон ба шоҳроҳи пешрафту тараққиёт рӯ меорад. Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашт, зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ буд ва ҳаст.
Халқи фарҳанговару сулҳдӯсти тоҷик дар тули таърих шахсиятҳои зиёдеро ба камол расонд, ки кору фаъолияти ибратомӯзи эшон ҳамеша ба хушбахтӣ, сулҳу осоиштагӣ, ҳамзистиву ҳамдигарфаҳмӣ ва некуаҳволии инсоният равона шудааст. Дар ин миён шахсияте, ки дар ҷаҳони муосир ҳамчун мубашшири сулҳу суботи кишвари тоҷикон ва минтақа шинохта шудааст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Мардуми сарбаланди тоҷик шукргузорӣ аз кишвару сарзамини биҳиштосо, Истиқлоли давлатӣ, пойдории Ваҳдати миллӣ ва шукрона аз фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, қаҳрамону сулҳофарин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менамоянд, ки барои ҳар фарзанди диёраш неъматҳои бузурги илоҳиро ҳадя сохтааст.
Хизматҳои ин шахсияти воқеан барҷаста ба ҳамагон чун оина равшан аст ва бозгӯ кардани онҳо дар ин мухтасар нағунҷад. Аммо ба хотир овардану зикри чанде аз онҳоро лозим медонем, зеро ин аъмол барои насли имрӯзу ояндаи мо лоиқи ибрату омӯзиш мебошанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба маънои том, ватандӯст ва фидоии миллати хешанд. Ҳамагон дар ёд доранд, ки солҳои навадуми асри гузашта миллати мо ба чӣ вазъу ҳоле гирифтор буд. Ҷанги шаҳрвандӣ ба сари миллати мо таҳмил гардид ва ҳамзамон, талафоти бузурги моливу ҷонӣ, хисороти маънавии ҷуброннопазиреро ба вуҷуд овард, ки ба қавли соҳибназарон, рушду такомули миллату кишвари моро садсолаҳо ба ақиб равона кард.
Ваҳдат вожаест, ки бо маънию оҳангаш шахсро ба ягонагӣ ва муттаҳидӣ даъват мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онҳо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам баробар бо ҳам медиданд. Инсоният бидуни ягонагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.
Дар фазои сулҳу ваҳдат, пеш гирифтани иқдомҳои шоиста ва меҳрубониҳои Роҳбари давлат ба миллати тоҷик ва махсусан, ба ҷавонон имконият медиҳад, ки илм омӯзанд, аз таъриху фарҳанги ниёгони хеш ифтихор намоянд, таҷрибаҳои пешқадам ва техникаю технологияҳои пешрафтаи ҷаҳони муосирро аз худ намуда, барои Ватани худ содиқона хизмат намоянд.
Ин ҳама пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёти мамлакат аз пойдории Ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад. Бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои миллат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Ҷиҳати рушди соҳа, дар айни замон, дар соҳаи маорифи мамлакат ҳашт барномаи давлатӣ ва ду стратегияи дарозмуддат татбиқ шуда истодааст, ки ба рушду инкишофи таълиму тарбия, амалигардонии ислоҳоти соҳа, дастгирии мактабу омӯзгор, таълифи китобҳои дарсии насли нав ва такмили мазмуну мундариҷаи таҳсилот мусоидат менамоянд.
Бо мақсади рушди соҳа 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Иброз гардид, ки муддати солҳои соҳибистиқлолӣ дар кишвар 3670 муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ, 262 муассисаи томактабӣ ва 35 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ сохта, ба истифода дода шудааст.
Дар ин радиф, дар кишвар 65 литсейи касбҳои техникӣ, яъне муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ бо 23 500 хонанда ва курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ дар назди онҳо бо 12 000 хонанда, инчунин, 88 муассисаи таҳсилоти миёнаи касбӣ – коллеҷҳо бо 106 000 донишҷӯ фаъолият менамоянд.
Дар давраи соҳибистиқлолӣ зиёда аз 117 ҳазор ҷавонони боистеъдоди мамлакат барои таҳсил ба донишгоҳҳои бонуфузи 42 кишвари пешрафтаи ҷаҳон фиристода шудаанд.
Дар баробари тайёр намудани мутахассисон дар дохили кишвар, ҳамчунин, 42 ҳазору 400 нафар ҷавонон дар 42 давлати мутараққии ҷаҳон таҳсили илм доранд, ки 13 ҳазор нафари онҳоро духтарон ташкил медиҳанд.
Лозим ба қайд аст, ки дар ин давраи рушди босуботи ҳамкориҳои байналмилалӣ ва вусъат ёфтани ҳамгироии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳонӣ талабот ба мутахассисоне, ки сатҳи касбияти баланд дошта, забонҳои хориҷӣ, махсусан, русӣ ва англисиро хуб медонанд, рӯз то рӯз зиёд мегардад.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳамаи ин дастовардҳо аз Ваҳдати миллӣ маншаъ гирифтаанд. Дар ҳақиқат, Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате, ки сулҳу амонӣ ва дустӣ ҳукмфармост, он давлат рўз то рўз рушд мекунад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз ҷиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати иқтисодӣ пеш меравад.
Маҳз бо кўшишҳои пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт ва имрўз дар чеҳраи ҳар фарзанди тоҷик нишоту хурсандӣ, ваҳдату сулҳ падидор аст.
Хулоса, чун як ҷавони бонангу баномус ва баори миллат, бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имрӯз меболам ва боифтихор метавонам бигӯям, ки дар қалби ин Ватани биҳиштосо кору фаъолият намудан бароям хушоянд аст.
Ҳалимзода Музаффар Ҳалим, доктори фалсафа PhD, муаллими калони кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng