Дар ҳама давру замон миллати тоҷик раҳбаронеро азиз медорад, ки бо дилу нияти пок барои ободию пешрафти Ватан талош мекунанд. Имрӯз, мардуми шарифи Тоҷикистон бо ифтихор ва эҳтироми бузург ба заҳматҳои Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон менигарад.

Сарвари давлат аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ тамоми ҳастии хешро ба таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушду ободии кишвар бахшиданд. Бо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Сарвари давлат Тоҷикистон, ки замоне пас аз ҷанги шаҳрвандӣ ба вартаи ноумедӣ афтода буд, имрӯз ба кишвари обод, соҳибистиқлол ва пешрафта табдил ёфтааст.

Дар тули зиёда аз сӣ соли роҳбарӣ, Пешвои миллат барои рушди соҳаҳои муҳими иҷтимоию иқтисодӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва саноат саҳми бузург гузоштаанд. Ҳазорон муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тиббӣ, роҳу пулҳо ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардидаанд, ки ҳамаи онҳо натиҷаи заҳмати шабонарӯзии Роҳбари давлат мебошанд. Вобаста ба ин, Рӯзи Президент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола 16 ноябр таҷлил мегардад. Ин сана бо қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзњои ид» соли 2016 расман ҳамчун ҷашни давлатӣ муқаррар карда шудааст.

Тибқи хабари дафтари матбуоти Парлумони Тоҷикистон, ин тағйирот ба моддаи 2-и Қонун "Дар бораи рӯзҳои ид" буда, дар он таъкид шудааст, ки 16 ноябр ҳамчун "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" эълон ва ҳамасола таҷлил гардад. Ба қавли манбаъ, "лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти саҳми арзандаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории навини кишвар, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ таҳия гардидааст". Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳои илмӣ, мулоқоту вохӯриҳои мардумӣ, мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ва чорабиниҳои идона доир гашта, мардуми Тоҷикистон ин ҷашни миллиро бо суруру шодмонӣ гиромӣ медоранд.

Дар кураи сайёра 5 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳафтаи сеюми моҳи феврал рӯзи президент ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн соли 1885 ба ифтихори Ҷорҷ Вашингтон, аввалин президенти ИМА таъсис ёфтааст. Дар Исландия рӯзи президент 14 май ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашн ба таваллуди президенти панҷуми кишвар Олавур Рагнар Гримсон рост меояд. Дар ин рӯз дар Исландия парчамҳои давлатӣ бардошта мешаванд ва сайругашти мардумӣ баргузор мешавад ва ба мисоли инҳо давлатҳои Британияи Кабир, Голандия, Нидерландия ва Қазоқистон низ рӯзи президентро ҷашн мегиранд.

Рӯзи Президент яке аз ҷашнҳои муҳими давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Ин рӯз барои арҷгузорӣ ба мақоми олӣ ва шахсияти Сарвари давлат, инчунин, барои эҳтиром ба нақши Президент дар пешбурди ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар ҷашн гирифта мешавад.

Замоне ки ватани мо ба сулҳу субот ва вањдату сарҷамъӣ ниёз дошт, низоми идоракунии Президентӣ маҳз бо мақсади пурзўр намудани ҳокимияти иҷроия, баланд бардоштани самаранокии он, қабули фаврии қарорҳои идорӣ, такмили механизми иҷрои қонунҳо, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ҷорӣ карда шуд. Хушбахтона, гузаштан ба низоми Президентӣ на танњо боиси наҷоти давлату миллат, балки омили рушди устувори тамоми соҳаҳои идораи давлатӣ, аз ҷумла иқтисодиёт, сиёсат, фарҳанг, маориф ва дигар соҳаҳо гардид.

Бинобар ин, бузургдошти "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин, ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлатӣ, миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад. Ин аст, ки "Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷашни ҳар як шаҳрванди худшиносу ватандӯст ва ҷашни ҳар як сокини озоду осудаи Тоҷикистони азиз аст. Њамчун давлати мустақил ва устувор ба як воқеияти инкорнопазири таърихӣ ва сиёсӣ табдил ёфт. Имрӯз, мо метавонем бо сарбаландию ифтихор эълон намоем, ки Тоҷикистон зери роҳбарии Пешвои миллат муњтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати мустақил барпо шуд, ҳамчун воқеияти устувори таърихию сиёсӣ доир гашт ва ҳадафҳои стратегӣ — аз ҷумла, расидан ба истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадан ва таъмини амнияти озуқаворӣ, бо роҳбарии бевоситаи Президенти кишвар тадриҷан амалӣ шуданд. Имрӯз Тоҷикистон бо сиёсати оқилонаи Пешвои миллат дар арсаи байналмилалӣ низ мавқеи устувор пайдо кардааст.

Рӯзи Президент, ба маънои аслӣ, рамзи ваҳдат, субот ва пойдории давлатдории миллӣ мебошад. Маҳз бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ раҳо ёфта, ба роҳи сулҳ, созандагӣ ва тараққиёт қадам гузошт.

Ҷашни Рӯзи Президент на танҳо ифтихори давлатдорӣ, балки мактаби ватандӯстӣ ва миннатдорӣ аз хизматҳои Роҳбари давлат барои ҳар як шаҳрванд мебошад. Дар ин рӯз дар саросари кишвар ҷамъомадҳо, чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмӣ, намоишгоҳҳо ва вохӯриҳо бо ҷавонон баргузор мегарданд.

Президент ҳамчун кафили Конститутсия ва ваҳдати миллӣ нақши муҳим дар пешбурди сиёсати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон дорад. Аз ин рӯ, таҷлили Рӯзи Президент ба ҳар як шаҳрванд имконият медиҳад, ки ба арзишҳои сулҳу ваҳдат, адолату пешрафт арҷ гузорад.

Имрӯз мо – ҷавононро, мебояд, ки қадрдони заҳматҳои бепоёни Сарвари давлат бошем. Қадршиносӣ танҳо дар сухан нест, балки дар амал, дар меҳнати содиқона, дар иҷрои масъулиятҳои шаҳрвандӣ, ҷонибдории сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳифзи Ватани азиз таҷассум меёбад. Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд новобаста аз ҷойгоҳ — дар пешрафти давлат, руҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва арҷгузории сулҳу ваҳдати миллӣ қадамҳои устувор гузорад.

Имрӯз вазифаи муҳимтарини мо — пос доштани сулҳу субот, ваҳдат ва дастовардҳое мебошад, ки бо талошҳои Пешвои миллат ба даст омадаанд. Бо меҳнати софдилона ва садоқат ба Ватан мо метавонем ба қадри заҳматҳои Сарвари давлат бирасем ва Тоҷикистонро боз ҳам ободу зеботар гардонем.

Саломиён Шаҳром,

сармутахассиси шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ