НАСЛИ НАВИ МУТАХАССИСОН-ПУЛИ УСТУВОР МИЁНИ ДАСТОВАРДҲОИ ИСТИҚЛОЛ ВА ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз рақобат байни давлатҳо барои дониш, технология, иттилоот ва инноватсия дар авҷ аст. Маҳз ҳамин воқеият давлатҳоро водор намудааст, ки иқтисодиёти худро ба фазои рақамӣ мутобиқ гардонанд ва сармоягузории бештарро ба рушди технологияҳои нав равона созанд.
Дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рушди иқтисоди рақамӣ ва истифодаи васеи технологияҳои муосир яке аз шартҳои асосии рақобатпазирии иқтисоди миллӣ маҳсуб меёбад. Ин таъкид на танҳо вазифа барои сохторҳои давлатӣ, балки роҳнамои фаъолияти тамоми муассисаҳои илмӣ ва таълимии кишвар мебошад.
Дар ҳамин замина Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун яке аз муассисаҳои пешсафи таҳсилоти олии касбӣ дар мамлакат дар самти омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи иқтисодиёти рақамӣ нақши муҳим мебозад. Сӣ соли фаъолияти ин боргоҳи илму маърифат собит намуд, ки донишгоҳ тавонистааст дар рушди мактаби миллии иқтисодӣ, таҳкими иқтидори илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир саҳми арзанда гузорад.
Яке аз сохторҳои ояндадори донишгоҳ факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ мебошад, ки фаъолияти он ба омодасозии мутахассисони насли нав: мутахассисоне, ки дар худ донишҳои иқтисодӣ, технологияҳои рақамӣ, қобилияти таҳлил ва тафаккури инноватсиониро муттаҳид менамоянд, равона гардидааст. Ҳоло дар шароити татбиқи босуръати барномаҳои давлатии рақамикунонӣ, рушди ҳукумати электронӣ, густариши хизматрасониҳои рақамӣ ва ташаккули иқтисоди донишбунёд нақши чунин сохторҳои таълимӣ беш аз ҳар вақти дигар муҳим арзёбӣ мегардад.
Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 30-солагии таъсисёбии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон сардори шуъбаи иттилоот ва нашрияи ҳамин боргоҳи илму маърифат Маҳмадалӣ Очилдиев бо декани факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ Темурбекова София Давронбековна атрофи дастовардҳо, нақши факултет дар татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ, дурнамои рушди иқтисоди рақамӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи асри XXI суҳбати муфассал анҷом дод, ки манзури қазовати хонандагони нуктасанҷ мегардад.
- Дар шароити табдили глобалии иқтисодиёт ба фазои рақамӣ, факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ кадом самтҳои калидиро ҳамчун афзалият муайян намудааст ва чӣ гуна ин самтҳо ба талаботи воқеии иқтисоди миллии Тоҷикистон мутобиқ карда мешаванд?
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки рақамикунонии иқтисодиёт бояд ба яке аз омилҳои муҳими рушди кишвар табдил ёбад. Агар ба таҷрибаи кишварҳои пешрафта назар афканем, мебинем, ки маҳз истифодаи технологияҳои рақамӣ боиси афзоиши самаранокии меҳнат, баланд гардидани сифатнокии идоракунӣ, рушди соҳибкорӣ ва беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардидааст. Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор нест. Солҳои охир дар мамлакат барномаҳои муҳими давлатӣ оид ба рақамикунонии хизматрасониҳо, рушди ҳукумати электронӣ, иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ қабул гардидаанд. Ин сиёсат тақозо менамояд, ки муассисаҳои таҳсилоти олӣ кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи нави бозори меҳнатро омода намоянд.
Факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ фаъолияти худро дар доираи ҳамин ҳадафҳои стратегӣ ба роҳ мондааст.Пеш аз ҳама бояд таъкид намоям, ки таъсиси факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ иқдоми саривақтӣ ба талаботи нави рушди ҷомеа ва иқтисодиёти миллӣ мебошад. Имрӯз ҷаҳон ба марҳилаи нави инқилоби саноатӣ ворид гардидааст, ки меҳвари онро технологияҳои рақамӣ, зеҳни сунъӣ, додаҳои бузург ва автоматизатсияи равандҳо ташкил медиҳанд. Бо дарназардошти ин тамоюлҳо, факултети мо як қатор самтҳои стратегиро ҳамчун афзалият интихоб намудааст.
Яке аз авлавиятҳои асосии факултет тайёр намудани мутахассисони соҳаи технологияҳои рақамӣ мебошад, зеро ин бахш дар кишвар дар ҳоли рушд қарор дошта, дар ин самт норасоии кадрӣ мушоҳида шуда истодааст. Самти дигари муҳим, таҳлили иқтисодии додаҳои бузург аст, ки имрӯз барои қабули қарорҳои дуруст дар сатҳи давлатӣ ва хусусӣ зарурати аввалиндараҷа пайдо кардааст.
Аз ин лиҳоз, факултет ҷиҳати рушди технологияи рақамӣ, соҳибкории рақамӣ ва стартапҳои технологӣ барномаҳои махсуси таълимӣ таҳия намудааст, ки ба ниёзҳои бозори воқеии меҳнат мутобиқ карда шудааст. Дар баробари ин, ҳамкориҳои мустаҳками худро бо вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон мустаҳкам намуда, барномаҳои таълимии худро мувофиқи стратегияи миллии рушди иқтисодӣ тарҳрезӣ менамоем.
Дар ин замина, чун Тоҷикистон мавқеи муҳими транзитиро ишғол менамояд, самти логистика ва менеҷменти занҷири таъминот бо истифода аз платформаҳои рақамӣ яке аз афзалиятҳои самти фаъолияти моро ташкил медиҳад. Самти тиҷорати байналмилалии рақамӣ ва платформаҳои E-commerce низ аз ҷумлаи афзалиятҳои давлат буда, ба мутахассисони соҳаи технологтяҳои рақамӣ ниёз дорад. Ҳамин тавр, стратегияи факултети мо бар асоси таҳлили амиқи иқтисоди миллӣ тавассути технологияҳои рақамӣ бунёд ёфта, ҳар як самт ба ниёзи воқеии бозори меҳнати Тоҷикистон пайванди мустақим дорад. Дар ин росто барномаҳои таълимӣ низ дар асоси Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳадафҳои рақамикунонии иқтисодиёт таҳия гардида, ба талаботи воқеии бозори меҳнат мутобиқ карда шудаанд.
- Бо назардошти воридшавии технологияҳои инноватсионӣ (аз ҷумла зеҳни сунъӣ, таҳлили додаҳои бузург ва худкор), факултет чӣ гуна низоми омодасозии мутахассисонро такмил медиҳад, то онҳо на танҳо истифодабаранда, балки эҷодкунандаи технологияҳо бошанд?
- Имрӯз танҳо корбари технология будан кофӣ нест. Замон аз ҷавонон эҷодкорӣ, навоварӣ ва қобилияти офаридани технологияҳои навро талаб менамояд. Бо ҳамин мақсад факултет барномаҳои таълимии худро бознигарӣ намуда, модулҳои зеҳни сунъӣ, мошиномӯзӣ (Machine Learning), таҳлили додаҳо ва технологияҳои рақамиро ба раванди таълим ворид кардааст. Мо талош менамоем, ки таносуби омӯзиши назариявӣ ва амалӣ ба нафъи таҷрибаи амалӣ тағйир ёбад. Донишҷӯён дар озмоишгоҳҳои рақамӣ лоиҳаҳои воқеиро иҷро намуда, мустақилона алгоритмҳо, моделҳои таҳлилӣ ва қарорҳои иқтисодиро таҳия мекунанд.
Барои таъмини ин ҳадаф, факултет муҳитеро бояд фароҳам оварад, ки дар он донишҷӯён аз таъминоти барномавии пешрафтаи таҳлилии Python, R, Tableau ва Power BI баҳраманд гарданд.
Аз ин лиҳоз, мо дар як чанд гуруҳҳои академӣ омӯзиши усули “тафаккури дизайнерӣ” (design thinking)-ро ба равандҳои таълимӣ ворид намудаем, то донишҷӯён аз мушкилот ба ҳалли эҷодӣ ва инноватсионӣ расида тавонанд. Дар баробари ин, устодони факултет ба таври мунтазам дар курсҳои бозомӯзии байналмилалӣ иштирок менамоянд ва донишҳои навтаринро бевосита ба аудиторияи таълимӣ интиқол медиҳанд. Баҳри пешрафти минбаъда факултет бо ширкатҳои фаъоли соҳаи IT шартномаҳои ҳамкорӣ бастааст, ки тавассути онҳо донишҷӯён дар лоиҳаҳои технологияи амалӣ иштирок менамоянд.
Ҳамзамон, ҷиҳати бедор намудан, ҷалби ҷавонон ва рушди истеъдодҳои эҷодӣ мо ҳар сол олимпиадаи ҷумҳуриявии “Беҳтарин барномасоз” ва мусобиқаҳои дохили факултетиро дар самти технологияҳои рақамӣ баргузор менамоем. Инчунин, дигар донишҷӯён дар баробари ба платформаҳои таълимии ҷаҳонӣ, аз қабили Coursera, edX ва MIT Open Course Ware ворид гардидан, онҳо илова бар барномаи асосӣ сертификатҳои байналмилалӣ мегиранд.
- Дар самти ҳамгироии илм, таълим ва истеҳсолот, факултет чӣ гуна механизмҳоро истифода мебарад, то донишҷӯён таҷрибаи амалӣ касб намуда, ба бозори меҳнат бо салоҳиятҳои рақобатпазир ворид гарданд?
- Яке аз принсипҳои муҳими фаъолияти факултет ҳамгироии илм, таълим ва истеҳсолот мебошад. Мо бар он назарем, ки донишгоҳ набояд танҳо маркази омӯзиши назария бошад, балки бояд ба майдони ташаккули таҷрибаи воқеии касбӣ табдил ёбад. Бо ҳамин мақсад факултет бо вазорату идораҳо, ташкилотҳои молиявӣ, ширкатҳои технологияҳои иттилоотӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ ҳамкориҳои густурда ба роҳ мондааст.
Донишҷӯён дар доираи таҷрибаомӯзиҳои истеҳсолӣ ва тадқиқотӣ ба иҷрои вазифаҳои воқеии корхонаҳо ҷалб карда мешаванд. Дар баробари ин, дар назди факултет курсҳои махсуси омӯзишӣ ва марказҳои машваратӣ амал мекунанд, ки дар онҳо мушкилоти воқеии субъектҳои соҳибкорӣ таҳлил ва роҳҳои ҳалли онҳо пешниҳод мегарданд. Ин усул имкон медиҳад, ки хатмкунандагони мо бо таҷрибаи воқеӣ, салоҳиятҳои касбӣ ва малакаҳои рақобатпазир вориди бозори меҳнат гарданд.
Ҳамгироии самараноки илм, таълим ва истеҳсолот асоси модели таълимии факултети мо буда, ин тарзи кор донишҷӯёнро аз рӯзи аввал ба муҳити касбии воқеӣ пайваст месозад. Яке аз механизмҳои асосии мо барномаи амалияи дуҷонибаест, ки тибқи он ширкатҳои шарик ба донишҷӯён вазифаҳои мушаххаси тадқиқотиро месупоранд ва натиҷаи кор барои ҳарду тараф муфид аст. Инчунин, факултет курсҳои амалӣ, викторинаҳои тахассусиро ташкил додааст, ки дар он устодон ва донишҷӯён дар якҷоягӣ барои ширкатҳои тиҷоратӣ ва сохторҳои давлатӣ фармоишҳои тадқиқотӣ иҷро менамоянд.
Тазаккур бояд дод, ки курсҳои омӯзишӣ дар факултети мо ба донишҷӯён имкон медиҳад, то мушкилоти воқеии корхонаҳои хурду миёнаро таҳлил намуда, тавсияҳои амалии асоснок пешниҳод кунанд. Факултет бо вазорату идораҳо ва корхонаҳо шартномаҳои ҳамкорӣ дорад, ки тавассути онҳо донишҷӯён бо дониши амалӣ боз ҳам васеътар шинос мегардад. Ба факултет ҳамасола намояндагони ширкатҳои IT ва бонкҳо ташриф меоваранд ва дар симпозиумҳои мавзуӣ бо донишҷӯён мустақиман сӯҳбат мекунанд.
- Ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули академӣ дар рушди факултет чӣ нақш доранд ва кадом кишварҳо ё муассисаҳои хориҷӣ шарикони стратегии шумо маҳсуб меёбанд?
- Дар ҷаҳони муосир рушди муассисаи таҳсилоти олӣ бидуни ҳамкориҳои байналмилалӣ ғайриимкон аст. Факултети мо ҳамкориро бо донишгоҳҳо ва марказҳои илмии Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин густариш медиҳад.
Аслан, ҳамкориҳои байналмилалӣ барои факултети мо на ҳадаф, балки воситаи муҳими дастрасии донишҷӯён ба беҳтарин дастовардҳои илми ҷаҳонӣ ба шумор мераванд. Дар доираи барномаи Erasmus+ мо барои ихтисоси иқтисоди рақамӣ озмоишгоҳи таълимӣ - тадқиқотӣ таъсис додаем, ки имрӯз донишҷӯёни ихтисои иқтисоди рақамӣ аз он ба таври густурдаву мукаммал истифода мебарнад. Дар ин росто, ҳамчунин, бо кишварҳои ҳамсояи Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон барномаҳои мушаркати академии минтақавӣ роҳандозӣ шудаанд, ки ба воситаи онҳо таҷрибаи беҳтарин байни ҳам мубодила мешавад. Ғайр аз ин, донишгоҳ бо донишгоҳҳои давлати Чин шарики стратегии шартномаи шарикии стратегӣ роҳандозӣ намуда истодааст, ки соҳҳоаи рушди технологияҳои рақамӣ ва иқтисоди ҳалқавиро фарогир мебошад. Дар оянда барои мубодилаи донишҷӯён ба донишгоҳҳои давлати мазкур ҷиҳати забондонӣ ва дониши базавии донишҷӯён диққати ҷиддӣ зоҳир менамоем ва корро дар ҷалби грантҳои хориҷӣ ҷиддитар ба роҳ мемонем. Чунин корбариҳо ба факултет имкон медиҳанд, ки лоиҳаҳои тадқиқотии байналмилалиро ҷорӣ намояд ва дар асоси он устодонро баҳри такмили ихтисос ба хориҷи кишвар сафарбар намуда, дар зимн базаи моддиву техникии факултетро боз ҳам мустаҳкамтар намояд.
Ҷиҳати рушди зеҳнӣ ва сайқал додани дониши соҳавӣ ҳамасола аз 5 то 8 нафар устодон ба давраҳои таҳсили пешрафта ва конфронсҳои байналмилалӣ фиристода мешаванд. Зимнан, донишгоҳ Маркази омӯзиши забонҳои хориҷиро ташкил намудааст, то донишҷӯён забонҳои англисӣ, русӣ ва чиниро дар сатҳи касбӣ омӯхта, барои ҳамкориҳои байналмилалӣ омода гарданд.
- Ба андешаи Шумо, кадом дастоварди факултет дар солҳои охир муҳимтарин ба ҳисоб мераванд?
- Агар ба дастовардҳои солҳои охир назар афканем, пеш аз ҳама бояд ташаккули муҳити нави таълимии рақамиро зикр намоем. Имрӯз факултет тавонистааст фазои мусоиди таълимӣ ва илмиро барои омӯзиши технологияҳои рақамӣ фароҳам оварад. Таҷдиди барномаҳои таълимӣ, таъсиси озмоишгоҳҳои муосир, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҷалби ҷавонони болаёқат аз ҷумлаи дастовардҳои муҳими мо мебошанд.
Ҳамчунин, афзоиши таваҷҷуҳи довталабон ба ихтисосҳои иқтисоди рақамӣ нишон медиҳад, ки ҷомеа аҳамияти ин самтро хуб дарк намудааст.
Дар умум, таъкид кардани ин нуктаро зарур мешуморам, ки пешрафти ҷомеа, қабл аз ҳама ба дониш, технология ва неруи инсонӣ такя мекунад. Факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ҳамчун яке аз сохторҳои ҷавону ояндадор дар ин роҳ рисолати муҳими омодасозии мутахассисони асри рақамиро бар дӯш гирифтааст. Дар шароите, ки Тоҷикистон бо қадамҳои устувор ба сӯи иқтисоди донишбунёд ва ҷомеаи рақамӣ ҳаракат мекунад, саҳми чунин факултетҳо дар татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ, рушди сармояи инсонӣ ва таҳкими рақобатпазирии иқтисоди миллӣ беш аз пеш муҳим арзёбӣ мегардад.
- Дурнамои рушди факултетро дар доираи трансформатсияи рақамии ҷомеа чӣ гуна мебинед ва кадом иқдомҳои стратегӣ барои табдил додани он ба маркази минтақавии инноватсия ва иқтисоди рақамӣ дар назар доред?
- Мо барои рушди минбаъдаи факултет стратегияи дарозмуддат таҳия намуда истодаем, ки ҳадафи асосии он табдил додани факултет ба маркази минтақавии иқтисоди рақамӣ ва инноватсия мебошад. Дар доираи ин стратегия таъсиси Маркази ҷумҳуриявии иқтисоди рақамӣ, Технопарки академӣ, лабораторияҳои тадқиқотии зеҳни сунъӣ ва платформаҳои рушди стартапҳои донишҷӯён пешбинӣ гардидааст. Ҳамчунин, мо ният дорем низоми таълими гибридиро комилан ҷорӣ намуда, имконияти таҳсилро барои ҷавонони тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ боз ҳам дастрас гардонем.
Дар доираи ҳамин лоиҳа, дурнамои рушди факултети мо бо биниши равшан ва стратегияи мушаххаси 10-соласозии рақамӣ тарҳрезӣ шудааст, ки тибқи он мо ният дорем, то соли 2040 маркази пешбари инноватсионии минтақаро бунёд намоем. Марҳилаи аввали стратегия ташкили экосистемаи инноватсионии факултетро дар назар дорад: платформаи рақамии ягонае, ки тадқиқот, таълим ва ташкилию тарбиявиро бо ҳам мепайвандад. Мо дар назар дорем, ки то соли 2027 маркази иқтисоди рақамии ҷумҳуриявиро дар заминаи факултет таъсис диҳем, ки ин муассиса ба маркази тадқиқот, таълим ва машваратӣ табдил ёбад. Инчунин, барои рушди устодони насли нав, факултет барномаи лабораторияи дохилии «Academic Innovation Lab»-ро ба роҳ мемонад, то ки дар он муҳаққиқони ҷавон лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия намоянд. Яке аз иқдомҳои стратегии мо таъсиси Технопарки академии факултет аст, ки дар он стартапҳои донишҷӯён аз марҳилаи ғоя то маҳсулоти тайёр дастгирии ҳамаҷонибаи молиявӣ ва техникиро мегиранд. Ғайр аз ин, факултет нақша дорад, ки системаи таълимии гибридӣ (омезиши таълими онлайн ва офлайн) -ро то анҷоми соли 2027 пурра ба роҳ монда, ба донишҷӯёни тамоми минтақаҳои кишвар дастрас гардонад. Барои фаъолтар намудани нақши ҷомеа факултет иқдоми «Дониш ба деҳа»-ро татбиқ менамояд, ки тавассути он методологияҳои иқтисоди рақамӣ дар маҳалҳо омӯзонда мешаванд.
Факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун яке аз сохторҳои ҷавону ояндадор имрӯз рисолати муҳими таърихиро иҷро менамояд: омодасозии мутахассисоне, ки метавонанд иқтисодиёти миллиро ба марҳилаи нави рушди рақамӣ раҳнамун созанд.
Дурнамои стратегии факултет ба он равона гардидааст, ки ҳар як хатмкунандаи он мутахассиси талаботи бозори меҳнат аз руйи соҳаи технологияи инворатсионӣ буда, ба самтҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мамлакат технология рақамиро татбиқ намояд ва тавассути инноватсия ба шукуфоии Тоҷикистони азизамон саҳми арзанда гузорад.
Боварии комил дорам, ки дар солҳои наздик факултети иқтисоди рақамӣ ва технологияҳои инноватсионӣ ба яке аз марказҳои асосии омодасозии кадрҳои рақобатпазир ва рушди экосистемаи инноватсионии Тоҷикистон табдил хоҳад ёфт.
- Дар фарҷоми суҳбат мехостем паёми Шуморо ба ҷавону наврасон бишнавем.
- Сию панҷ соли Истиқлолияти давлатӣ собит намуд, ки ҳар як дастоварди Тоҷикистон натиҷаи заҳмати созанда, ваҳдати миллӣ ва сиёсати дурбинонаи роҳбарияти олии мамлакат мебошад. Имрӯз дар назди ҷавонон имкониятҳои бесобиқа барои таҳсил, омӯзиш ва рушди касбӣ фароҳам аст. Вале истифодаи самараноки ин имкониятҳо ба масъулияти худи ҷавонон вогузор мебошад.
Табиист, ки ҷаҳони муосир ҷаҳони дониш ва рақобат аст. Дар чунин шароит танҳо он миллатҳо ва давлатҳо муваффақ мешаванд, ки ба илм, технология ва сармояи инсонӣ такя намоянд.
Истиқлолияти давлатӣ барои Тоҷикистон на танҳо давраи эҳёи давлатдорӣ, балки марҳилаи ташаккули ҷомеаи донишбунёд ва иқтисоди муосир гардид. Дар ин масир рушди сармояи инсонӣ, такмили низоми таҳсилоти олӣ ва омодасозии мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замон аҳамияти калидӣ доранд.
Дар замоне ки ҷаҳон бо суръати бесобиқа тағйир меёбад, сармояи асосии ҳар давлат на захираҳои табиӣ, балки захираҳои зеҳнӣ мебошад. Аз ин рӯ, рушди маориф, илм ва технология кафили воқеии пешрафти устувори Тоҷикистон дар даҳсолаҳои оянда хоҳад буд. Мутмаинам, ки ҷавонони тоҷик бо истифода аз имкониятҳои даврони истиқлол, азхуд намудани донишҳои муосир ва ҳисси баланди ватандӯстӣ метавонанд дар рушди иқтисоди рақамӣ ва пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми арзанда гузоранд. Зеро ояндаи Тоҷикистон маҳз аз донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва ташаббускории ҷавонони имрӯз вобаста аст.
Мусоҳиб: Маҳмадалӣ ОЧИЛДИЕВ
Тоҷ
Рус
Eng