СОЗАНДАГӢ - МЕВАИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ОЙИНИ ВАТАНДОРӢ
Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Пешвои миллат оид ба эълони соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» ва омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар таърихи ҳар миллат рӯзҳое ҳастанд, ки на танҳо ҳамчун санаи тақвимӣ, балки ҳамчун оғози давраи нави сарнавиштсоз ва таҳаввулоти бузурги сиёсиву иҷтимоӣ сабт мегарданд. Барои халқи тоҷик чунин рӯйдоди тақдирсоз, бешубҳа, ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо соҳиб шудан ба рамзҳои давлатӣ ё эътирофи байналмилалӣ набуд, балки эҳёи давлатдории миллӣ, эҳсоси худшиносӣ, бозгашт ба асолати таърихӣ ва оғози марҳилаи нави рушди ҷомеа гардид. Ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа нест, ки маҳз истиқлолияти давлатӣ ҳамчун бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик дар тӯли 35 соли сипаришуда заминаи устувори рушди давлатдорӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фароҳам овард.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни пурифтихору шоистаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2026 ҳамчун «Соли тавсеаи корҳои ободонию созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардидааст, ки ҳадафи он вусъат бахшидан ба корҳои созандагӣ, таҳкими ифтихори миллӣ ва имкониятҳои нодир баҳри арзёбии роҳи тайнамудаи давлату миллат ва муайян намудани вазифаҳои нав дар самти рушди минбаъдаи кишвар мебошад.
Аҳамияти хосаи сиёсиву иҷтимоии ин иқдом ҷомеаро ба корҳои бунёдкорона, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таҳкими масъулияти шаҳрвандӣ раҳнамун месозад. Дар ин раванд муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҳамчун марказҳои муҳими маърифат ва тарбияи кадрҳои ояндасоз нақши калидӣ мебозанд. Маҳз ҳамин сиёсати дурбинона имрӯз имконият фароҳам овардааст, ки донишгоҳҳои мамлакат бо технологияҳои муосир, синфхонаҳои инноватсионӣ, марказҳои таълимӣ ва пойгоҳҳои муҷаҳҳази илмӣ фаъолият намоянд.
Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ ҳамчун яке аз муассисаҳои бонуфузи таҳсилоти олии кишвар дар татбиқи сиёсати созандаву маорифпарваронаи давлат саҳми арзишманд мегузорад. Имрӯз рушди инфрасохтори таълимӣ яке аз омилҳои асосии баланд бардоштани сифати таҳсил ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир маҳсуб меёбад. Агар ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ назар афканем, мебинем, ки шароити моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бо вазъи кунунӣ қобили муқоиса нест. Давлати соҳибистиқлол бо вуҷуди мушкилоти иқтисодӣ ҳамеша соҳаи маорифро самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоӣ қарор дод.
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ масъалаҳои рушди инфрасохтор, таъмини шароити муносиби таълим ва муҳайё намудани фазои мусоиди илмӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳ қарор доранд.
Мусаллам аст, ки яке аз хусусиятҳои муҳими омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ густариши корҳои ободонию созандагӣ мебошад. Дар саросари кишвар ҳазорҳо иншооти иҷтимоӣ, фарҳангӣ, истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ бунёд гардида, симои шаҳру ноҳияҳо ба таври назаррас дигаргун шудааст. Тибқи маълумоти расмӣ, танҳо дар доираи омодагӣ ба ин ҷашни бузург беш аз 30 ҳазор иншооти нав сохта, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Дар ин росто дар муҳити ДДМИТ низ корҳои ободонӣ ва беҳтарсозии шароити таълим ҷараёни доимӣ дошта, омӯзгорону донишҷӯён бо ҳисси баланди масъулият дар ҳифзи муҳити зебои таълимӣ саҳм мегузоранд. Ин гуна иқдомҳо ҷавононро ба меҳнатдӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва масъулиятшиносӣ ҳидоят менамоянд. Зеро ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ нишон медиҳад, ки танҳо тавассути ваҳдати миллӣ, худшиносӣ, меҳнати созанда ва садоқат ба Ватан метавон ба ҳадафҳои бузурги миллӣ расид. Аз ин рӯ, ҳар як омӯзгор, донишҷӯ ва корманди Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон пеши худ мақсад гузоштааст, ки ҷашни таърихии 35-солагии Истиқлолияти давлатиро ҳамчун мактаби масъулият, худшиносӣ ва ватандӯстӣ истиқбол намояд.
Маҳз пайвандии ҳамин ҳадафҳои моҳиятан ягона: 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Соли ободонию созандагӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ ҳастанд, ки таҳкими давлатдории миллӣ, рушди ҷомеа ва тарбияи инсони ватандӯстро боз ҳам вусъати тоза мебахшанд.
Ин аст, ки Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун маркази муҳими илму маърифат дар татбиқи ин ҳадафҳои бузург саҳми арзанда гузошта, дар тарбияи насли соҳибмаърифат, худшинос ва содиқ ба арзишҳои миллӣ нақши муассир мебозад. Раёсати донишгоҳ кайҳо дарк намудааст, ки танҳо чунин ҷавонон метавонанд дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намуда, Тоҷикистони азизро ба сӯи уфуқҳои нави рушду шукуфоӣ раҳнамун созанд. Чунки истиқлолият - сарчашмаи ҳамаи дастовардҳо, худшиносӣ - маҳаки пойдории миллат ва ифтихори ватандорӣ бошад, кафили фардои дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад, ки ин ҳамаро ҳар фарди дилогоҳу худшиноси ин сарзамини муқаддас ба хубӣ дарк намудаву пайи татбиқу пойдории он беш аз пеш ҷадал мекунад. Ҳар як иқдоми ободонӣ ва навсозӣ танҳо як кори хоҷагидорӣ набуда, балки сармоягузорӣ ба ояндаи миллат мебошад.
Мо хуб дарк мекунем, ки муҳити зебо, озода ва замонавии таълимӣ ба ташаккули ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги донишҷӯён таъсири амиқ мерасонад. Аз ҳамин ҷиҳат, дар донишгоҳ корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, беҳсозии инфрасохтор, нигоҳдории биноҳо ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии техникӣ мунтазам роҳандозӣ мешаванд.
Таъкиди ин нуктаи муҳим бамаврид аст, ки ободонию созандагӣ танҳо сохтмони биноҳо нест. Пеш аз ҳама, он фарҳанги муносибат ба моликияти давлатӣ, эҳтиром ба муҳити зист ва масъулияти шаҳрвандиро таҷассум мекунад. Вақте ҷавонон дар муҳити озодаву обод таҳсил мекунанд, ҳисси эҳтиром ба меҳнат ва арзишҳои миллӣ дар онҳо бештар ташаккул меёбад.
Дар баробари корҳои созандагӣ масъалаи худшиносиву худогоҳии миллӣ низ аҳамияти махсус дорад. Ҷаҳони муосир бо ҳама пешрафтҳояш дар назди ҷавонон ҳамзамон таҳдидҳои гуногуни маънавию фарҳангиро низ ба вуҷуд меорад. Аз ин рӯ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ вазифаи муқаддаси ҳар муассисаи таълимӣ мебошад.
Хушбахтона, имрӯз ҷавонони тоҷик самараи даврони соҳибистиқлолиро бо чашми сар мебинанд. Онҳо дар фазои сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва имкониятҳои васеи таҳсилу рушд ба камол мерасанд. Вазифаи мо аз он иборат аст, ки ин наслро ба қадршиносии истиқлолият, эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ ва масъулияти баланд нисбат ба сарнавишти Ватан ҳидоят намоем.
Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ моро водор месозад, ки ба дастовардҳои бузурги кишвар бо ҳисси ифтихор назар афканем. Имрӯз Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва рӯ ба рушд эътироф гардидааст. Ин нуфуз ва обрӯи байналмилалӣ натиҷаи сиёсати хирадмандона, заҳмати созандаи мардум ва ваҳдати миллӣ мебошад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд худро шарики ин пешрафтҳо ҳисобад. Ҳар дарахте, ки шинонда мешавад, ҳар синфхонае, ки бунёд мегардад, ҳар иқдоми созандае, ки амалӣ мешавад, саҳмест дар таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди минбаъдаи Ватан.
Мо, кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои арзанда, корҳои созанда ва ҳисси баланди масъулият истиқбол менамоем. Итминон дорем, ки ҷавонони имрӯз ҳамчун ворисони арзандаи истиқлолият дар оянда низ роҳи созандагӣ, ободкорӣ ва хизмат ба халқу Ватанро идома хоҳанд дод.
Зеро Истиқлолият танҳо неъмати таърихӣ нест, балки масъулияти бузург дар назди наслҳои гузашта ва оянда мебошад. Ҳифз ва таҳкими ин неъмати бебаҳо вазифаи муқаддаси ҳар як фарди ватандӯст аст.
Дар арафаи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо бо ифтихор изҳор менамоем, ки роҳи интихобкардаи миллат роҳи сулҳ, созандагӣ, худшиносӣ ва рушди устувор мебошад. Ин роҳ моро ба фардои боз ҳам ободу пешрафта раҳнамун хоҳад сохт.
МУРОДЗОДА Диловаршо Абулхайр,
муовини ректори ДДМИТ оид ба масъалаҳои
иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ
Тоҷ
Рус
Eng