Дар ҷаҳони муосир яке аз мушкилоти ҷиддие, ки ба амнияти давлатҳо ва оромии ҷомеа таҳдид мекунад, терроризм ва экстремизм мебошад. Ин зуҳуроти номатлуб ба суботи сиёсӣ, рушди иқтисодӣ, ҳаёти осоиштаи мардум, фарҳанг ва арзишҳои умумибашарӣ таъсири манфӣ мерасонанд. Амалҳои террористӣ боиси ҳалокати одамони бегуноҳ, хароб гардидани иншоот, вайрон шудани зиндагии оилаҳо ва паҳн гардидани тарсу ҳарос дар байни аҳолии ҷаҳон мешаванд.

Дар ҷаҳони имрӯза, ки давлатҳо ва халқҳо бо ҳам робитаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ доранд, мубориза бо терроризм ва экстремизм аҳаммияти махсус касб кардааст. Ҳеҷ як ҷомеа наметавонад нисбат ба ин хатарҳо бетараф бошад, зеро оқибатҳои онҳо метавонанд аз ҳудуди як давлат берун рафта, ба амнияти минтақаҳо ва тамоми ҷаҳон таъсир расонанд.

Терроризм зуҳуроти хатарноки ҷамъиятӣ буда, бо истифода аз зӯроварӣ, тарсонидан ва дигар амалҳои ғайриқонунӣ бо мақсади расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, идеологӣ ё дигар мақсадҳои муайян амалӣ мегардад. Экстремизм бошад, ҷонибдорӣ ва тарғиби ақидаҳои тундраву ифротӣ буда, метавонад боиси барангехтани кинаву адоват, даъват ба хушунат ва содир гардидани амалҳои ғайриқонунӣ гардад.

Созмони Милали Муттаҳид терроризмро яке аз таҳдидҳои ҷиддӣ ба сулҳу амнияти байналмилалӣ эътироф намуда, таъкид мекунад, ки мубориза бо ин зуҳурот бояд дар асоси риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, волоияти қонун ва ҳамкории байналмилалӣ амалӣ карда шавад. Терроризм ва экстремизм бо ҳам алоқаманд буда, дар баъзе ҳолатҳо ақидаҳои ифротӣ метавонанд барои ҷалби шахсон ба фаъолияти террористӣ замина фароҳам оваранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ ба масъалаи таъмини амният, ҳифзи сулҳу субот ва муқовимат ба терроризму экстремизм аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок, ки аз таҳдидҳои ҷиддии ҷаҳони муосир ба ҳисоб мераванд, тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ бо хатару таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ гардид. Мардуми кишвар оқибатҳои даҳшатбори ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ ва хисороти бузурги иқтисодӣ гардид, аз сар гузарониданд. Таҷрибаи таърихии мазкур бори дигар собит месозад, ки сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва амнияти ҷомеа арзишҳои бебаҳо буда, ҳифзи онҳо вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд мебошад.

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз густариши терроризми байналмилалӣ, ҷудоиандозӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва силоҳ, инчунин муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба ташвиш омадааст. Ин зуҳурот на танҳо ба давлатҳои алоҳида, балки ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таҳдид намуда, фаъолияти ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллиро густариш медиҳанд. Аз ин рӯ, ҳамкории давлатҳо, мубодилаи иттилоот ва андешидани тадбирҳои муштараки пешгирикунанда дар мубориза бо чунин хатарҳо аҳаммияти махсус доранд.

Дар ин раванд масъалаи ҳифзи насли наврасу ҷавон аз таъсири ақидаҳои ифротӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Зеро ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндаи ҷомеа бояд дорои ҷаҳонбинии солим, маърифати ҳуқуқӣ, тафаккури интиқодӣ ва ҳисси баланди масъулиятшиносӣ бошанд. Яке аз омилҳои муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ баланд бардоштани сатҳи дониш, тарбияи дуруст дар оила ва муассисаҳои таълимӣ, инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди қобилияту истеъдоди онҳо мебошад.

Бо назардошти густариши фазои иттилоотӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавонон бояд ҳангоми истифодаи интернет ҳушёру зирак бошанд. Зарур аст, ки маълумоти дарёфтнамудаи худро аз сарчашмаҳои боэътимод санҷида, ба ваъдаҳои фиребанда ва пешниҳодҳои шубҳаноки шахсони ношинос бовар накунанд. Ҳамчунин, бояд аз паҳн намудани маводи дорои хусусияти зӯроварона ва таблиғоти гурӯҳҳои террористию ифротӣ худдорӣ намуда, ба ақида, ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон эҳтиром гузоранд. Дар сурати рӯ ба рӯ шудан бо таҳдид, фишор ё кӯшиши ҷалб намудан ба гурӯҳҳои хатарнок, зарур аст, ки аз падару модар, омӯзгорон, шахсони боэътимод ва мақомоти дахлдор ёрӣ талаб намоянд.

Иштироки фаъолона дар чорабиниҳои илмӣ, таълимӣ, фарҳангӣ ва ҷамъиятӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ низ аз роҳҳои муҳими пешгирии ифротгароӣ ба шумор мераванд.

Ҳар як фарди соҳибмаърифат, бонангу номус, масъулиятшинос ва бовиҷдони ҷомеа, бахусус ҷавонон, бояд дар муқобили ақидаҳои ғалат ва таблиғоти ифротӣ устувор бошанд. Онҳо набояд ба андешаҳои бардурӯғ ва даъватҳои шахсону гурӯҳҳои манфиатҷӯ фирефта шаванд. Баръакс, бояд пайваста дар ҷустуҷӯи дониш, омӯзиши илм, баланд бардоштани маърифати ахлоқӣ, ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бошанд, то дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди устувори Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар маҷмуъ, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти тамоми ҷомеа мебошад. Оила, муассисаҳои таълимӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ҳар як шаҳрванди кишвар бояд дар тарбияи насли солимфикр, ватандӯст, соҳибмаърифат ва дорои ҷаҳонбинии устувор саҳми муносиб гузоранд. Зеро танҳо ҷомеаи дорои маърифати баланд, тафаккури солим ва эҳтиром ба қонун метавонад дар муқобили хатарҳои замони муосир устувор бошад.

 

Акрам МИРЗОЗОДА,

муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ