КОРРУПСИЯ АЗ НИГОҲИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ
Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон
Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба шумор рафта, мубориза бо он дар тамоми кишварҳои ҷаҳон аз масъалаҳои муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Ин зуҳуроти номатлуб на танҳо рушди иқтисодиро бозмедорад, балки ба низоми давлатдорӣ, адолати иҷтимоӣ, волоияти қонун ва эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, ҳар як давлат мекӯшад, ки барои пешгирӣ ва коҳиш додани ин падидаи номатлуб стратегияи мукаммал ва самараноки муқовимат ба коррупсияро таҳия ва амалӣ намояд.
Стратегияи муқовимат ба коррупсия маҷмӯи тадбирҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ташкилиеро дар бар мегирад, ки ҳадафи асосии онҳо пешгирӣ, ошкорсозӣ, бартараф намудани сабабу омилҳои ба коррупсия мусоидаткунанда ва ба ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор мебошад. Коррупсия метавонад дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла идоракунии давлатӣ, маориф, тандурустӣ, иқтисод ва фаъолияти ташкилоту муассисаҳо зуҳур намояд.
Мафҳуми «коррупсия» одатан ба суиистифода аз мансаб ё ваколатҳои хизматӣ бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ ё манфиати ғайриқонунӣ ишора мекунад. Ба ин амалҳо ришва гирифтану додан, тасарруфи маблағҳои давлатӣ, истифодаи ғайримақсадноки моликияти ҷамъиятӣ, хешутаборбозӣ ва дигар шаклҳои истифодаи мақоми хизматӣ ба манфиати шахсӣ дохил мешаванд.
Муқовимат ба коррупсия танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, иштироки фаъолонаи тамоми қишрҳои ҷомеаро тақозо менамояд. Дар ин раванд баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риояи қонунгузорӣ, ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ ва тарбияи ахлоқии насли ҷавон аҳаммияти махсус дорад. Ҳар як шахс бояд дарк намояд, ки поквиҷдонӣ, адолат, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба қонун асоси ҷомеаи солиму пешрафта мебошанд.
Коррупсия на танҳо рушди кишварҳои пешрафта ва рӯ ба тараққиро маҳдуд мекунад, балки барои иқтисоди ҷаҳонӣ низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод менамояд. Аз солҳои 1980 инҷониб масъалаи мубориза бо коррупсия тадриҷан ба яке аз самтҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ табдил ёфтааст. Дар замони муосир ин зуҳурот хусусияти фаромиллӣ касб намуда, ба амнияти иқтисодӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлатҳо таҳдид мекунад. Коррупсия танҳо ҷинояти иқтисодӣ набуда, балки падидаи мураккаби иҷтимоӣ ва ахлоқист, ки метавонад пояҳои маънавии ҷомеаро заиф намуда, ба адолати иҷтимоӣ зарари ҷиддӣ расонад.
Мутахассисон, аз ҷумла А. В. Кудашкин ва Т. Л. Козлов коррупсияро ҳамчун зуҳуроти мураккаби иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд, ки шаклҳои гуногуни зуҳур дошта, на ҳамеша ба таври ошкоро мушоҳида мешавад. Хусусияти асосии ин падида истифодаи мақоми хизматӣ ё ваколатҳои давлатӣ бар хилофи манфиатҳои ҷамъиятӣ ва ба нафъи шахсӣ мебошад. Ҳанӯз чанд аср қабл мутафаккири бузурги фаронсавӣ Шарл Луи Монтескё ба масъалаи таъсири манфии фасод ба низоми давлатдорӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда буд. Ин андешаҳо нишон медиҳанд, ки масъалаи коррупсия таърихи тулонӣ дошта, мубориза бо он аз ҷомеа муносибати ҷиддӣ ва пайгиронаро талаб менамояд.
Яке аз шаклҳои маъмули коррупсия ришваситонӣ мебошад. Дар чунин ҳолат шахси мансабдор барои иҷро намудан ё иҷро накардани амали муайяни хизматӣ маблағ, мол ё дигар манфиатҳоро талаб ё қабул мекунад. Ришвадиҳӣ низ боиси вайрон гардидани тартиботи қонунӣ, поймол шудани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва халалдор гардидани фаъолияти муътадили мақомоти давлатӣ мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ масъалаи муқовимат ба коррупсия яке аз самтҳои муҳимми сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади ташаккули заминаҳои ҳуқуқии мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб 25 июли соли 2005 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» қабул гардид. Баъдан, бо мақсади тақвияти низоми муқовимат ба коррупсия ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007, таҳти №143, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд.
Агентии мазкур ҳамчун мақоми ваколатдори назорати давлатии молиявӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар самти таъмини амнияти иқтисодии давлат, пешгирӣ, ошкорсозӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, инчунин таҳқиқ ва тафтиши пешакии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ фаъолият менамояд. Фаъолияти Агентӣ ба таъмини истифодаи самараноки маблағҳо ва молу мулки давлатӣ, таҳкими интизоми молиявӣ ва ҳифзи манфиатҳои иқтисодии давлат равона гардидааст.
Ҳамчунин, бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҷалби ҷомеаи шаҳрвандӣ ба раванди муқовимат ба коррупсия, 14 декабри соли 2010 Шӯрои миллии муқовимат ба коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Шӯро дар фаъолияти худ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишварро ба роҳбарӣ мегирад. Таъсиси чунин ниҳоди ҳамоҳангсоз барои татбиқи сиёсати ягонаи давлатӣ дар самти пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия аҳаммияти муҳим дорад.
Бояд таъкид намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии муқовимат ба коррупсия пайваста такмил дода мешаванд. Аз ҷумла, 7 августи соли 2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба коррупсия» қабул гардид, ки заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии пешгирӣ ва муқовимат ба ин зуҳуротро муайян менамояд. Қабули қонуни мазкур қадами муҳим дар самти такмили низоми ҳуқуқии кишвар ва тақвияти мубориза бо ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ ба ҳисоб меравад.
Коррупсия танҳо мушкили мақомоти давлатӣ нест, балки падидаест, ки ба ҳаёти ҳар як инсон таъсир мерасонад. Агар дар ҷомеа ришваситонӣ ва муносибатҳои ғайриқонунӣ ба як амали маъмулӣ табдил ёбанд, имкониятҳои баробар барои шаҳрвандон маҳдуд мегарданд. Дар чунин шароит шахсе, ки имконияти молиявӣ дорад, метавонад мушкилоти худро бо роҳи ғайриқонунӣ зудтар ҳал намояд, дар ҳоле ки шахсони дигар аз ҳуқуқу имкониятҳои қонунии худ маҳрум мемонанд. Ин ҳолат боиси афзоиши нобаробарии иҷтимоӣ, коҳиши эътимоди мардум ба мақомоти давлатӣ ва заиф гардидани ҳисси адолат дар ҷомеа мегардад.
Дар самти пешгирии коррупсия оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ низ нақши муҳим доранд. Падару модарон бояд бо рафтору кирдори худ намунаи ростқавлӣ, поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносӣ бошанд. Омӯзгорон бошанд, вазифадоранд ба шогирдон аҳаммияти дониш, адолат, эҳтиром ба қонун ва рафтори шоистаро омӯзонанд.
Ҷавонони соҳибмаърифат метавонанд тавассути омӯзиши қонунгузорӣ, иштироки фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятӣ, истифодаи дурусти воситаҳои иттилоотӣ ва риояи меъёрҳои ахлоқию ҳуқуқӣ дар ташаккули ҷомеаи солим, шаффоф ва масъулиятшинос саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи поквиҷдонӣ ва адолатпарастӣ яке аз роҳҳои муассири пешгирии коррупсия дар оянда мебошад.
Дар маҷмӯъ, муқовимат ба коррупсия вазифаи дастаҷамъона буда, аз ҳар як шаҳрванд масъулиятшиносӣ, поквиҷдонӣ ва эҳтиром ба қонунро талаб менамояд. Танҳо дар сурати ҳамкории самараноки мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ метавон барои пешгирии ин зуҳуроти номатлуб ва ташаккули ҷомеаи одилонаю ҳуқуқбунёд заминаи устувор фароҳам овард.
Акрам МИРЗОЗОДА,
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng