Мо дар арафаи ҷашни Наврӯзи миллиамон, ки акнун бо ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни байналмилалӣ гардид ва имрӯзҳо тамоми мардуми кураи Замин онро ҷашн мегиранд ва Наврӯзро ҳамчун ҷашни таърихии ниёгони мо - мардуми ориёинажод эътироф намуданд, қарор дорем.

Фикр мекунам ва мутмаин ҳастам, ки эҳёи ҷашни Наврӯз дар қарни бистуяк ва ҷаҳонӣ шудани он ҳамчун ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ бо ном ва кору пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста аст, ки миллати мо меросбари ҳақиқии ин ҷашн ва дар асл миллати Наврӯз аст.

Бинобар ин, Пешвои миллати моро метавон Пешвои миллати Наврӯз ном бурд.

Наврӯз бузургтарин ҷашни миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебоша. Дар таърихи фарҳанги мардуми эронитабор ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва куҳантар нест.

Иди Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои орёинажод ба ҳисоб рафта, аз қадим байни мардум ҳамчун «Иди сари солӣ» маъмул гаштааст. Оид ба ин иди бузург Умари Хайём низ асари «Наврӯзнома» офаридааст ва дар он ҷо далел овардааст, ки дар ин рӯз шабу рӯз баробар мешавад ва аз замони шоҳ Ҷамшед ҷашнгирии он оғоз гаштааст, яъне асосгузорони иди Наврӯз мувофиқ ба асари Умари Хайём ин Ҷамшед ва Каюмарс мебошад. Наврӯз ҷашни миллию мардумӣ ва таърихии мост, ки онро бо номи шоҳи Пешдодӣ Ҷамшед тавъам медонанд, ки дар рӯзгори шоҳаншаҳии ӯ оғоз гардидааст.

Наврӯз пайвандгари насли имрӯз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад. Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва бузургтарин идҳои мардумони эронитабор буда, умри дарози беш аз панҷҳазорсола дорад. Тавре аз номи он бармеояд, Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи Соли нав барпо мешавад.

Наврӯз, эй ҳамешабаҳор, эй ҳамеша сабз,

Эй такдарахти рустаи тагрешаи Аҷам!

Сабзидаӣ ба шохи тари худ фаротарин,

Гул-гул пур аз шукуфа аз андешаи Аҷам.

Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Наврӯз ҷашнест тамоми олами табииро зинда менамояд ва деҳқонон дар ин моҳ ба кишт кардан оғоз мекунанд.

Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, Соли нав фаро мерасад. Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, Наврӯзро дар аввали моҳи Фарвардиняшт, ки бо солшумории имрӯзаи мо ба моҳи март рост меояд, ҷашн мегиранд.

Яке аз оинҳои наврӯзӣ маъракаи ниҳолшинонӣ дар шаҳру деҳот, поккорӣ, тартибу танзими ҷойҳо, хонаву манзил, ташкили ҳашарҳои умумихалқӣ, мусобиқоти варзишӣ, пӯшидани либосҳои наву тоза, идона оростани хеш, таҳияи шириниҷот, хусусан суманак, гулгардонӣ, тухмпазӣ, афрӯхтани гулхан, сайру гашти саҳро, қабл аз ҳама, таҳияи сабзаи навруста, ки нишонаи сарсабзӣ, баракат, тозагиву комгорӣ ҳама аз табаруккоти аҳди Наврӯзи дилафрӯз аст.

Дар ин айём ба қавли арбобони завқ барқ ба ханда, раъд ба хурӯшу нола омада, жола аз домани абр бар табақоти авроқи гул чун донаҳои марворид фурӯ мечакад ва боғу роғ, дашту доман, кӯю барзан бо қабои сабз ва ҳарири гулҳои рангоранг пӯшида мешавад. Оре, бо фарорасии Наврӯзу баҳор ҷаҳон рангу бӯи дигар, латофат ва таровати нав пайдо намуда, чеҳраи ишқи зиндагиро дар оинаи дилҳо ва хотираҳо ба ҷило ва дурахши тоза меорад.

 

Наргис ДАВЛАТОВА,

ассистенти кафедраи тахлили иктисоди ва омор