Наврӯз яке аз бузургтарин ҷашнҳои миллии мардуми тоҷик ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Дар таърихи фарҳанги мардуми мо ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни фархундаи Наврӯз азизу арҷманд ва кӯҳантар нест. Наврӯз ифодагари арзишҳои миллӣ ва суннату анъанаҳои қадимаи тоҷикон буда, аз замонҳои бостон марҳилаҳои зиёди пурпечутобро тай намуда, то замони мо расидааст.

Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз маънои «рӯзи нав»-ро дошта, дар оғози соли нави хуршедӣ ба истиқболи баҳор таҷлил мегардад. Аз нигоҳи ҳисобҳои ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзе мебошад, ки офтоб ба бурҷи ҳамал ворид мегардад ва маҳз дар ҳамон лаҳзаи воридшавӣ соли нави хуршедӣ фаро мерасад. Аз ин рӯ, Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, эҳёи табиат ва баробар шудани шабу рӯз дар фасли баҳор ба шумор меравад.

Бояд гуфт, ки манша ва замони дақиқи пайдоиши Наврӯз пурра маълум нест. Бо вуҷуди ин, муҳаққиқон бар он назаранд, ки таърихи ин ҷашни бостонӣ зиёда аз панҷ ҳазор солро дар бар мегирад ва он аз ҷумлаи куҳантарин ҷашнҳои миллии ҷаҳон маҳсуб мешавад.

Дар бораи таърихи пайдоиш ва баргузории ин ҷашни куҳанбунёд дар сарчашмаҳои таърихӣ, адабӣ ва бадеӣ маълумоти фаровон зикр гардидааст. Аз ҷумла, дар асарҳои бузургони илму адаб, ба монанди «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсии Тӯсӣ, «Ал-тафҳим» ва «Осор-ул-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар осори гаронмоя маълумоти пурмазмун дар бораи Наврӯз оварда шудааст.

Аксари сарчашмаҳои таърихӣ бар он далолат мекунанд, ки Наврӯз дар давраи салтанати Пешдодиён, дар замони ҳукмронии шоҳ Ҷамшед пайдо шудааст. Масалан, Абурайҳони Берунӣ дар асари худ «Осор-ул-боқия» менависад, ки: «Чун Ҷамшед барои худ тахт бисохт, дар ин рӯз бар он нишаст ва ҷину шаётин онро бардоштанд. Дар як рӯз аз кӯҳи Дамованд ба Бобул омад. Мардум аз дидани ин ҳол дар ҳайрат шуданд ва он рӯзро ид гирифтанд».

Тибқи маълумоти Абурайҳони Берунӣ метавон ба чунин хулоса омад, ки ин донишманди бузург дар бораи ҷашнгирии Наврӯз маълумоти васеъ дода, таъкид менамояд, ки мардуми он давра ин рӯзро бо покизагӣ, сулҳу оштӣ ва дурӣ аз кинаву адоват истиқбол мегирифтанд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таърих, фарҳанг ва ҷашну маросими мардумӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои эҳё ва густариши арзишҳои миллӣ талошҳои зиёд ба харҷ медиҳад. Дар натиҷа, Наврӯз дар замони истиқлол ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад.

Боиси ифтихор аст, ки мардуми куҳанбунёди тоҷик тавонистаанд ҷашнҳои муқаддаси миллии худ - Наврӯз, Меҳргон ва Садаро дар тӯли асрҳо ҳифз намуда, то ба рӯзгори мо расонанд ва онҳоро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Наврӯз арзишҳои муҳими инсонӣ, аз қабили сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ, дӯстӣ ва ҳамбастагиро тақвият дода, дӯстии байни миллатҳои гуногунро таҳким мебахшад.

Имрӯз Наврӯз дар Тоҷикистон бо шарофати истиқлолият шукӯҳу шаҳомати нав касб намуда, ба яке аз ҷашнҳои бузург ва муқаддаси миллии мардуми тоҷик табдил ёфтааст.

 

Балбибӣ ҲАБИБУЛЛОЕВА,

китобшиноси Китобхонаи илмии ДДМИТ