ТАЪРИХИ ПАЙДОИШ, ТАРАҚҚИЁТИ АУДИТ ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ
Тафтиши аудиторӣ яке аз шарту воситаҳои муфиди ташкили самараноки муносибатҳои бозорӣ ба шумор рафта, ҷараёни иқтисодиёти корхонаҳоро тавассути назорат муътадил мегардонад. Дар корхонаҳое, ки тафтиши аудиторӣ ҷорӣ нашудааст, ҳодисаҳои тахминӣ, (вайронкориҳо), таваккалии қонуни ҳисобдорӣ ва андозситонӣ меафзояд, ки боиси кам гаштани вориди маблағ (андоз) ба буҷет мегардад.
Одатан, пайдоиши аудитро ба Инглистони асри XIV мансуб медонанд, вале далелҳои таърихӣ шаҳодат медиҳад, ки аудит аслан аз рӯзи барӯйхатгирии амвол пайдо шудааст, яъне 2 ҳазор сол пеш аз мелод, дар давраи подшоҳии Фиръавн баробари ташкили ҳисобу китоби ҳаракати молу мулки давлатӣ арзи вуҷуд кардааст. Олимон дар аксари адабиёти илмӣ пайдоиш ва ташаккули аудитро ба асри XVI мансуб донистаанд.
Аудит аз калимаи лотинии «audio» бармеояд, ки маънои «фаҳмидан», «шунидан»-ро ифода мекунад. Дар ин мафҳум аудит чун тартиби табиби шунидани бемор барои муқарраркунии ташхиси беморӣ (диагноз) омадааст. Аудит дар доираи иқтисодиёт ҷойгир шуда, ҳамчун истилоҳ тафтиши саломатии иқтисодии корхонаро инъикос менамояд, алалхусус мунтазамии фаъолияти онро оид ба саволҳои умумии ҷойдошта ва хусусиятҳои муаммоии доимӣ бударо таҳқиқ менамояд.
Дар аксари мамлакатҳои ғарбии Аврупо ҳуқуқи назорати китобҳои ҳисобдорӣ ҷорӣ шуда буд ва истилоҳи “аудитор” маънои шахси ба тафтиши фаъолияти ҳисобдорӣ машғулро ифода мекард. Яке аз асосгузорони илми ҳисобдорӣ Лука Пачолӣ дар «Рисола роҷеъ ба ҳисобҳо ва навиштаҷот» навиштааст: Санади баландмақом маклерҳо ва ҳисобдорони густаришёбандаро (паҳншавандаро) сахт ҷазо медиҳанд, замоне барои мушоҳидаи китобҳо ва ё тафтиши онҳо шахсеро масъул донистаанд, ки ба онҳо маълумоти хуб ё бад будани ҳолати китобҳоро диҳад, кори хуберо анҷом додаанд. Дар баъзе мамлакатҳо мубодили «аудитор» истилоҳоти «Ҳисобдори савгандёдкарда», «Ҳисобдори ҷаъмияти дипломдор», «Ҳисобдори коршинос», «Комиссари ҳисобҳо» истифода шудаанд.
Ба инкишофи аудит, махсусан буҳрони иқтисодии ҷаҳонии солҳои 1929-1933 сахт мусоидат кардааст. Он солҳо муфлисшавии корхонаҳои ҷумҳурии сотсиалистии навбунёд ҷараён дошт, тартиб ва тасдиқи ҷамъи ҳисобот ва тавозун (баланс)-и корхонаҳоро аз тарафи аудиторони соҳибихтиёр талаб намуд. Пас талаботи ҳатмиро аз рӯйи ҳаҷми ахбор, ки дар ҳисоботи солона сабт шудаанд, ҳатман мураттаб сохтани ин ҳисобот ва тасдиқи дурустии онро ба зиммаи аудиторон гузоштанд. Аз ин рӯ, аудит воситаи пурқуввати назорату тафтиши қаллобон, дуздон, ғоратгарон, вайронкунандагони тартибот ва риояи дурусти қонуни ҳисобдорӣ ба шумор рафт.
Дар охири солҳои 40-ум доираи аудит дар Иттиҳоди Шуравии собиқ чун воситаи тасдиқи ҳисобот ва амалӣ гардидани назорат маҳдуд шуда буд. Кори аудитор иборат аз тафтиши ҳуҷҷатҳои тасдиқгардида, амалиёти ҳисоб, инчунин тафтиши дурусти гурӯҳбандии ин амалиёт дар ҳисобот ҷои намоёнро ишғол намуд. Яъне, аудит ба сифати тасдиқкунанда фаъолият мекард. Пас аз соли 1949 аудиторони соҳибихтиёр ба масоили назорати дохилӣ дар ширкатҳо даққати бештар медоданд. Чунки ба фикри онҳо, ҳисоботи самаранок анҷом додани фаъолияти худ рафтору амали эҳтимолӣ, иштибоҳҳои ночиз ва маълумотҳои ҳисоботӣ пурра кифоягӣ мекарданд. Ширкатҳои аудиторӣ назар ба тафтиши бевосита ба фаъолияти аудиторӣ бештар машғул мешуданд. Чунки аудит дар маҷмуъ, тартиби тамоюлӣ номида мешуд.
Ташкили аудит ба ташаккули ихтисоси аудиторӣ мусоидат кард, ки аз байни аудиторон мутахассисони ҳуқуқӣ, андозу андозситонӣ, мушовирон, таҳлилкунандагон, идоракунандагон ва дигарон ҷудо мешуданд. Тафтиши аудиториро бештар ширкатҳои ташкилкунанда анҷом медиҳанд. Дар байни онҳо коорпаратсияҳои аудитории байналмилалии дар ҷаҳон машҳур, ба монанди чоргонаи бузург фаъолият мекунанд. Онҳо дар бозори ҷаҳонӣ фаъолияти аудиториро назорат мекунанд. Аудиторон фаъолияти ширкатҳои фаъоли мамлакатҳои тараққикардаро тафтиш мекунанд.
Ҳамин тавр, аудит ва фаъолияти аудиторӣ дар мамлакатҳои мутараққӣ ба амал омад ва ташаккул ёфт. Акнун нисбат ба ташкили тафтиши аудиторӣ ба хулосае омадан мумкин аст, ки он тибқи принсипи зерин амал мекунад: «кор дар чорчубаи қонун». Ин усул (модел) ба ахбороти аниқ эҳтиёҷ дошта, соҳибкорон баъд аз назорати ташкилотҳои аудиторӣ аз он фаровон истифода мебаранд. Ин ташкилотҳо на танҳо дар доираи фаъолияти аудиторӣ, балки дар доираи макроиқтисодиёт ба ахбороти муфассал низ эҳтиёҷ доранд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти аудиторӣ”, ки санаи 22 июли соли 2013, таҳти №993 қабул шудааст, асосҳои ҳуқуқии амалӣ гардонидани фаъолияти аудиториро муайян карда, барои таъсис додани маҷмуи назорати хоҷагию молиявии мустақиле, ки ба ҳимояи амволи шахсӣ, хусусӣ, коллективӣ, ҷамъиятӣ, саҳомӣ ва моликияти давлатӣ мусоидат мекунад, равона шудааст.
Аудиторон, ба фикри мо, дар фаъолияти худ бояд ба ду гурӯҳи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ такя кунанд:
- қонунгузории давлатӣ, пеш аз ҳама риояи қонуни фаъолияти аудиторӣ;
- стандартҳои аудиторӣ ва дигар қонунгузориҳо.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қарори № 259 ва 19 июни соли 2000-ум) тартиби гирифтани имтиҳон (аттестатсия) барои ҷорӣ кардани фаъолияти аудиторӣ ва тартиби додани иҷозатнома (литсензия) барои амалӣ гардидани тафтишотро аввалин бор тасдиқ намудааст. Ин қарор ҳамроҳи ташкилотҳои дахлдор таҳия ва тасдиқ кардани стандартҳои меъёрӣ ва қоидаҳои амалӣ гардидани тафтишоти аудиторӣ, тасдиқи нишондиҳандаҳои асоси фаъолияти хоҷагиҳои субъектро ба зимма гирифта, аз рӯйи ин системаи нишондиҳандаҳо тафтиши ҳарсолаи ҳисоботи молиявиро амалӣ мегардонанд.
Шаҳноза ҲУКМАТОВА,
донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси аудит ва ревизияи факултети ҳисобдорӣ ва омор
Тоҷ
Рус
Eng