НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛО НЕСТ!
Истиқлолият барои ҳар як давлату миллат, махсусан барои миллати тоҷик арзиши бузурги таърихӣ-сиёсӣ ва милливу фарҳангиро дорост. Барои мардуми тоҷик ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ яке аз муҳимтарин ва арзишмандтарин рӯйдодҳои таърихии навини кишвар маҳсуб меёбад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти давлатии хешро эълон намуд ва ба марҳилаи нави рушди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид гардид. Ин дастоварди бузург барои мардуми тоҷик имкон фароҳам овард, ки сарнавишти давлати хешро мустақилона муайян сохта, арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг ва анъанаҳои миллии хешро ҳифз намоянд ва онро рушд диҳанд.
Бояд қайд намуд, ки маънои истиқлолият танҳо соҳиб шудан ба озодии сиёсӣ набуда, он пеш аз ҳама, масъулияти бузург доштан дар назди давлату миллат ва наслҳои оянда ба ҳисоб меравад.
Ҳифзи истиқлолият, таҳкими давлатдорӣ, таъмини сулҳу субот, рушди иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа аз ҷумлаи вазифаҳои умдаи ҳар як шаҳрванди кишвар ба шумор мераванд.
Яке аз дастовардҳои муҳимму назаррас дар даврони истиқлолият ин ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ мебошад. Ваҳдати миллӣ барои таъмини суботи сиёсӣ ва рушди минбаъдаи мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард. Маҳз дар шароити сулҳу субот давлат имкон пайдо намуд, ки ба масъалаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бештар диққати махсус диҳад.
Дар ин раванд, нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муҳим арзёбӣ мегардад. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ саҳми Президенти кишварро дар бунёди низоми давлатдории соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ махсус таъкид менамояд.
Пешвои миллат сиёсати сулҳҷӯёна ва музокироти сиёсиро ҳамчун роҳи асосии ҳалли мушкилоти кишвар интихоб намуданд. Дар натиҷаи идомаи музокирот ва талошҳои ҷонибҳои гуногун соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба имзо расид ва он барои барқарор намудани сулҳ, эҳёи давлатдорӣ ва рушди минбаъдаи истиқлолияти кишвар заминаи муҳим гузошт.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи давлатдории мустақили тоҷикон ба ҳисоб меравад. Коститутсия ҳамчун санади асосии давлат ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро кафолат дода, асосҳои сохтори давлатӣ, низоми сиёсӣ ва принсипҳои давлатдориро муайян месозад. Қабули он барои ташаккули ҷомеаи ҳуқуқбунёд ва демократӣ заминаи устувор гузошт.
Истиқлолият барои рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа имкониятҳои нав фароҳам овард. Дар ин замина, соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, энегетика, нақлиёт ва саноат тадриҷан рушд намуданд. Дар ин давра, бунёди роҳҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ барои рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар гардидани инфрасохтори кишвар мусоидат намуд.
Яке аз дастовардҳои муҳимму арзишманди даврони истиқлолият ин таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ маҳсуб меёбад. Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои сиёсиву иқтисодиро ба роҳ монда, дар ҳалли масъалаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ саҳм мегузорад.
Инчунин, истиқлолият дар баробари рушди иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои эҳёи фарҳанги миллӣ низ заминаи васеъ фароҳам овард. Арҷгузорӣ ба таъриху адабиёт, забони давлатӣ, анъанаҳои миллӣ ва мероси фарҳангии ниёгон бештар гардид. Ин раванд барои таҳкими худшиносии миллӣ ва ҳисси ватандустии насли ҷавон аҳаммияти муҳим дорад.
Дар Тоҷикистони имрӯза ҷавонон яке аз қувваҳои асосии пешбарандаи ҷомеа ва ояндаи давлат ба ҳисоб мераванд ва саҳми онҳо дар таҳкими сулҳу суботи кишвар хеле муҳимму назаррас мебошад. Ҷавонони соҳибмаълумот имрӯз ҳамчун неруи созандаи ҷомеа ва дорои ҷаҳонбинии васеъ метавонанд дар рушди илму технология, иқтисодиёт, маориф ва фарҳанг саҳми арзанда гузоранд.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳифзи арзишҳои миллӣ дар баробари омӯхтани илм ва технологияҳои муосир аҳаммияти муҳим дорад. Ҷавонони давраи истиқлол бояд аз таърихи халқу миллати худ бохабар бошанд ва баҳри ободии Тоҷикистони азизамон саҳмгузор бошанд.
Бояд қайд намуд, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бузургтарин дастоварди навини миллати тоҷик маҳсуб ёфта, он барои мардуми кишвар имконият фароҳам овард, ки роҳи мустақили давлатдорӣ ва рушди миллиро интихоб намоянд. 9 сентябри соли 1991 ҳамчун санаи таҳдирсоз дар таърихи Тоҷикистон абадан боқӣ хоҳад монд.
Имрӯз ҳифзи истиқлолият танҳо вазифаи давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад. Таҳкими ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, эҳтиром ба қонун, баланд бардоштани сатҳи дониш ва саҳм гузоштан барои ободии Ватан аз муҳимтарин роҳҳои пос доштани ин неъмати бузург маҳсуб меёбад.
Истиқлолияти давлатӣ ба мо озодӣ ва имконияти интихоб намудани роҳи рушди устувори давлатро нишон дод. Аз ин лиҳоз, ҳифз намудани ин дастоварди таърихӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди банангу номуси миллати тоҷик маҳсуб меёбад ва ҳар яки моро зарур аст, ки ин дастоварди бузурги таърихиро ҳифз намуда, онро барои наслҳои ояндаи Тоҷикистони боз ҳам ободу пешрафта ва соҳибистиқлол ба мерос гузорем.
Ҷашни 35-солагии Имтиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз муборак бошад, ҳамватанони азиз!
Орзузода Парвина Ҷамолидин,
номзади илмҳои филологӣ,
устоди калони кафедраи забонҳои хориҷӣ
Тоҷ
Рус
Eng