Дар паёмҳои ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи паҳлуҳои мубраму муҳими ҳаёти ҷомеа мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Албатта, дар асоси ин санади муҳими таърихӣ фаъолияти вазорату идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои давлатӣ ба таври дақиқ арзёбӣ мегардад. Дар Паёмҳои Пешвои муаззами миллат ба масъалаи нақши занону бонувон дар пешрафти ҷомеаи муосир диққати махсус дода мешавад, ки ин иқдом ба қалби хурду бузург илҳоми тоза бахшида, ҳисси муҳаббат ба ободкориву ватандӯстиро боз ҳам афзун месозад.

Дар Паёми навбатӣ низ ба мақому манзалат ва нақши бонувон дар пешбурди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардидааст, ки бозгӯ намудани баъзе аз нукоти муҳимми он ба манфиати ҳамагон хоҳад буд.

Баъд аз соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, бахусус занону бонувон, фарогирии онҳо ба таҳсил ва роҳандозии ихтисосҳои мувофиқ ба талаботи бозори меҳнат ба таври пайваста ҳалли худро ёфта истодаанд. Дар Паём таъкид гардидааст: «Илова ба ин, зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзӣ дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар карда, ихтисосу ҳунарҳое, ки барои бозори меҳнат заруранд, таъсис дода, ҷиҳати бо шуғл таъмин намудани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва занону бонувон тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд».

Албатта, маҳз бонувони соҳибкасбу соҳибихтисос дар ҷаҳони муосир, ки бозори меҳнат дар он рақобатпазир мебошад, метавонанд дар таъмини рушди устувори ҷомеа нақши калидӣ дошта бошанд.

Кишвари мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва ягона буда, барои расидан ба ҳадафҳои бузурги стратегӣ риояи меъёрҳои бунёдии демократия муҳим арзёбӣ мегардад. Дар ин ҷода, арҷ гузоштан ба ҳуқуқу озодиҳои занон аҳамияти махсус дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба ин масъалаи муҳим дахл намуда, таъкид кардаанд: «Нақши бонувону занон дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург мебошад».

Дар даврони соҳибистиқлолӣ мақоми занон дар ҷомеа марҳала ба марҳала баланд бардошта шуда, барои онҳо шароити муносиб ҷиҳати фаъолият фароҳам оварда шудааст. Имрӯз занону бонувони тоҷик ба хотири рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, аз ҷумла дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиқона хизмат карда истодаанд. Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ шумораи зиёди занону бонувони лаёқатманду баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлатӣ ҷалб гардидаанд ва ин раванд минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст. Дар Тоҷикистон эҳтироми модарону хоҳарон лоиқи таҳсину ибрат мебошад. Дар ҳамаи муассисаҳо ва ташкилотҳои давлативу хусусӣ занон дар баробари мардон дар пешрафти ҷомеа нақши босазо доранд.

Ба масъалаи ҷалби занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои роҳбарикунанда низ диққати махсус дода шудааст. Дар яке аз паёмҳо омадааст: «Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ “Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030” таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».

Бузургони олам зан-модарро фаришта хонда, ба бузургии ӯ сари таъзим фуруд овардаанд. Аз омӯзиши таърихи башар бармеояд, ки на ҳамагон ба қадри ин олиҳаи ҳусн ва кошонаи меҳр мерасанд. Фарзандони нохалафе низ ҳастанд, ки ба қадри муҳаббату заҳмати модар намерасанд. Пешвои миллати тоҷик дар Паём ба арҷ гузоштану эҳтиром намудани модарон ҳамагонро ҳидоят намудаанд: «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд. Воқеан, мақоми зан-модар дар ислом бисёр баланд мебошад ва беҳуда нест, ки дар Қуръони карим сураи чаҳорум бо номи “Нисо” (занон) нозил шудааст. Бинобар ин, ба ҷо овардани иззату эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад».

Мо - занону бонувон гуфтаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раҳнамои худ дар зиндагӣ қарор дода, бо азми комил дар ободиву гулгуншукуфоии Ватани азизамон саҳм мегузорем.

Имрӯз дар ҷомеаи мутамаддини Тоҷикистони азиз нақши занон бағоят муҳим буда, онҳо дар тамоми сохторҳои идоракунии давлатӣ фаъолият карда истодаанд. Бо ин мақсад, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», инчунин барномаҳои давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд амалӣ гардида истодаанд.

Барои дар амал татбиқ намудани ин санадҳои муҳими давлатӣ дар давраи соҳибистиқлолӣ ташаббусҳои занон пайваста дастгирӣ ёфта, ҷиҳати татбиқи онҳо тадбирҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Имрӯз бонувон дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ, махсусан дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва дигар бахшҳо фаъолият намуда, дар рушди ҷомеа саҳми назаррас мегузоранд.

Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занону духтарон дар донишгоҳу донишкадаҳои мамлакат имтиёзҳо, аз ҷумла квотаҳои махсус муқаррар гардидаанд, ки тавассути онҳо ҷавондухтарон метавонанд ба таври ройгон таҳсил намоянд. Дар даврони истиқлолият зиёда аз 11000 нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро тибқи квотаи президентӣ хатм кардаанд. Беш аз 80 фоизи онҳо дар соҳаҳои гуногун фаъолият дошта, беш аз 25 фоизи онҳо дар мансабҳои роҳбарикунанда ба нафъи давлату ҷомеа бо азму талош ва ташаббусҳои созанда хизмат карда истодаанд.

Ҳамин иқдом боис гардид, ки ҳазорҳо нафар бонувони мо ба соҳибкориву тиҷорат рӯ оварда, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсоливу хизматрасонӣ таъсис диҳанд.

Бояд зикр намуд, ки дар ҳар давру замон занон бо меҳнати шоистаи худ дар таърихи миллат нақши сазовор гузоштаанд. Низомҳо дигар мешаванд, сиёсатҳо тағйир меёбанд, вале зан-модар, ки ҷавҳари вуҷудашро меҳру муҳаббат, самимият, покию иффат ташкил медиҳад, дар ҳама давру замон неруи бузурге боқӣ мемонад, ки инсоният ба он эҳтиёҷ дорад.

Бояд гуфт, ки дар даврони истиқлолият ба хотири ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқии занону духтарон беш аз 20 ҳуҷҷати муҳими давлатӣ қабул гардида, Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 узви Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан гардид. Ин санадҳо ва иқдомҳо барои фаъолияти занону бонувон заминаи боз ҳам мусоид фароҳам оварданд.

Вобаста ба ин, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ барномаҳои гуногунро оид ба омодасозии мутахассисон аз ҳисоби занон, мусоидат ба шуғли онҳо ва дастгирии фаъолияти соҳибкории бонувон амалӣ менамояд. Ин ҳама дастгириҳо ва ғамхориҳо мо - занонро -водор месозанд, ки боз ҳам масъулиятшинос бошем ва баҳри бунёди оилаи солим, тарбияи дурусти фарзандон ва таҳкими сулҳу суботи ҷомеа саҳми арзанда гузорем.

Ба боварии Пешвои миллат сазовор будан барои мо, занону духтарони мамлакат мояи сарфарозиву шарафмандӣ буда, дар баробари ин, дучанд эҳсос намудани масъулиятро дар таълиму тарбияи фарзанд тақозо менамояд.

Набояд фаромӯш кард, ки зан на танҳо модар ва мураббӣ, балки танзимгари низоми оила низ мебошад. Раванди босуръати ҷаҳонишавӣ зарурате пеш овардааст, ки дар масъалаи низоми оиладорӣ низ қолабҳои кӯҳнаро шикаста, дар ҷаҳони муосир бо андешаи нав қадам гузорем. Яъне, занон бояд ҳамқадами замон бошанд, ба омӯзиши технологияҳои нав таваҷҷуҳ зоҳир намоянд, аз рӯйдодҳои байналмилалӣ ва навгониҳои рӯзмарра огоҳ бошанд.

Хулоса, модарон бояд ба ҳаёти имрӯза ва тарбияи фарзандон диди муосир дошта бошанд. Онҳо вазифадоранд, ки аз ахбори муҳими ҷомеаи ҷаҳонӣ огоҳ гардида, дар пайроҳаҳои пуртазоди ҷаҳонишавӣ фарзандонро дар роҳи дуруст, сарфаю сариштакорӣ, инсондӯстӣ ва ватандӯстӣ тарбия намоянд ва онҳоро аз фитнаву хурофот дур нигоҳ доранд.

Ҳамин тавр, истиқлолияти давлатӣ барои баланд гардидани мақому манзалати зан дар ҷомеаи Тоҷикистон имкониятҳои васеъ фароҳам овард. Имрӯз занону бонувони тоҷик дар баробари иҷрои рисолати муқаддаси модариву оиладорӣ дар рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, хизмати давлатӣ ва дигар соҳаҳо саҳми арзанда доранд. Ҳифзи ин дастовардҳо ва истифодаи самараноки имкониятҳои фароҳамомада масъулияти ҳар як зану духтари тоҷикро бештар менамояд.

Раъно МИРМУҲАММАДЗОДА, н.и.п.,

дотсенти кафедраи фанҳои табиатшиносӣ