НЕЪМАТЕ БЕҲТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ!
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди халқи тоҷик дар таърихи навин ба ҳисоб меравад. Раванди соҳибихтиёрии кишвар аввали сентябри соли 1991 оғоз ёфта, 9-уми сентябр расман ҳамчун Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон давр инҷониб, ин рӯзи сарнавиштсоз ҳамчун муқаддастарин ҷашни миллӣ ҳамасола бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил карда мешавад, чунки ин ҳадяи бебаҳо аз нахустин лаҳзаҳои ба даст омаданаш ба мардуми шарафманди тоҷик ва Ватани маҳбубамон рӯшноиву гармӣ, садоқату ваҳдат, шукуфоиву озодӣ ва сулҳу суботи ҳамешагӣ бахшид.
Даврони истиқлол ба мо имконияти таърихӣ дод, ки роҳи ояндаи Ватанамонро мустақилона муайян кунем ва Тоҷикистони азизро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ равнақ диҳем. Ин неъмати бебаҳо нишони олии ватандӯстӣ ва давлатдории миллӣ буда, моро ба кору созандагӣ ва фидокориҳо дар роҳи расидан ба озодии сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ даъват менамояд. Истиқлолият пояҳои ҷомеаи шаҳрвандиро мустаҳкам намуда, ба ҳар як сокини кишвар ҳаёти озод ва саодати аслиро арзонӣ дошт. Тамоми сокинони кишвари азизамон ифтихор аз он доранд, ки бо шарофати истиқлолият имрӯз мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем, ки ин муаррифии моро дар саросари ҷаҳон нишон медиҳад.
Бояд қайд намуд, ки баъди ба даст овардани истиқлолият моро муяссар гашт, ки дастовардҳои зиёдеро ноил гардем. Ҳар як сокини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тоҷикзабонони рӯи дунё имрӯз бо як сари баланд аз дастовардҳои даврони истиқлол ҳарф зада, ифтихор аз он доранд, ки мо тоҷикем ва тоҷикзабонем.
Якчанд дастоварди даврони истиқлолро ба таври возеҳ дида мебароем:
- Мустаҳкам намудани пойдевори давлатдорӣ ва сулҳ: Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида, ваҳдати миллиро таъмин намуд. Ҳамчунин, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1994) бо роҳи раъйпурсии умумӣ қабул карда шуд, ки ин санади тақдирсоз ҳамчун раҳнамои халқ ва пешрафти тамоми соҳаҳои мухталифи кишвар, таъминкунандаи сулҳу субот баромад менамояд.
- Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ: Азнавсозӣ ва ба платформаи нав овардани соҳаи энергетика, аз ҷумла сохтмону баҳрабардории ду агрегати аввали НБО "Роғун", сохтмони НБО "Сангтӯда-1", "Сангтӯда-2", ва таҷдиди НБО-ҳои "Норак" ва "Сарбанд. Барои расидан ба ҳадафҳои созанда ва хабардор будан аз пешрафти ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъминнокӣ бо қувваи барқ ва арзонии он нақши калидӣ мебозад. Маҳз ҳамин омилҳо ба рушди ҳамаҷонибаи кишвар такони қавӣ бахшида, заминаро барои оромиву осудагии мардум ва мустаҳкам гардидани пояҳои ҷомеа муҳайё месозанд. Боз як дастовард дар самти энергетика ин ба истифода додани Неругоҳи барқи обии “Роғун”, ки он калонтарин иншооти гидроэнергетикӣ дар силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш ва минтақаи Осиёи Марказӣ мебошад.
- Баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ: Бунёд ва азнавсозии ҳазорҳо километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ (нақбҳои "Истиқлол", "Шаҳристон", "Шар-Шар" ва "Хатлон"), ки минтақаҳои гуногуни кишварро ба ҳам пайваста, Тоҷикистонро ба мулки транзитӣ табдил дода истодааст. Дар ин росто, гуфтан саривақтист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин раванд аҳамияти хоса дода истодааст. Бояд зикр кард, ки бо дастгириҳо ва дастурҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз даврони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ чӣ қадар роҳҳо таъмир ва азнавсозӣ карда шуданд. Роҳҳои Ваҳдат-Обигарм, Гулистон-Кӯлоб, Хоруғ-Роштқалъа, Мурғоб-Кулма, Балҷувон-Сари Хосор, Хистеварз-Конибодом (Арка), Обигарм-Нуробод, Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт, Данғара-Левакант-Бохтар, қитъаҳои Қалъаихумб-Ванҷи шоҳроҳи Душанбе-Кулма, Қизилқалъа-Бохтари шоҳроҳи Душанбе-Бохтар, Бекобод-Бобоҷон Ғафуров-Конибодом, сохтмони пул аз болои дарёи Панҷ дар мавзеи Кокули ноҳияи Фархор ва дарёи Ғунд дар шаҳри Хоруғ ва ғайра. Соли 2026 сохтмону азнавсозии 300 километр роҳҳои мошингарди байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ба маблағи умумии 3 миллиард сомонӣ идома дорад.
- Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва рушди саноат: Татбиқи пайвастаи истифодаи самараноки замин, бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ва эълон гардидани саноатикунонии суръатноки кишвар ҳамчун ҳадафи чаҳоруми стратегӣ. Ёдовар шудан ба маврид аст, ки то имрӯз шумораи корхонаҳои саноатӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда, дар соли 2024 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ аз рўи намудҳои асосии фаъолияти иқтисодии соҳаҳои саноат 53873 млн сомониро ташкил медиҳад.
- Эътирофи байналмилалӣ ва сиёсати "дарҳои кушод": Тоҷикистон аъзои созмонҳои муҳими байналмилалӣ (СММ) гардида, сазовори обрӯи афзоянда шуд. Имрӯз ифтихор бояд аз он кард, ки ташаббусҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон карда мешавад аз ҷониби СММ якдлона қабул карда мешавад, аз қабили Соли байналмилалии оби тоза (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт» (2005-2015), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» (2018-2028), Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо (2025), Бо ташаббуси дигари кишвари мо қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зери унвони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ» қабул гардид, ки ин мавқеи кишварро дар саҳнаи байналмилалӣ бениҳоят баланд бардошт.
- Рушди соҳаҳои иҷтимоӣ: Ба истифода додани ҳазорҳо муассисаҳои таълимии нав, донишгоҳҳо ва таҷдиди ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ ба рушди сармояи инсонӣ ва нигоҳдории ҳувияти миллӣ мусоидат намуданд. Ёдовар бояд шавем, ки шумораи муассисањои рўзонаи тањсилоти миёнаи умумї, ки дар соли 1991 дар умум 3229 ададро ташкил медод, ин нишондод дар соли 2024 ба 4037 расид, шумораи омӯзгорон аз 95022 ба 130348 нафар расид. Шумораи умумии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз 13 адади соли 1991 ба 48-адад расид.
- Қабули стратегияву консепсияҳо барои рушди устувор:
- Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: Ҳуҷҷати асосии дурнамои кишвар мебошад, ки ҳадафҳои асосии он бунёду барқарорсозии иншооти гидроэнергетикӣ, рушди манбаъҳои алтернативии энергия ва гузариш ба низоми самараноки истифодаи неруи барқ барои таъмини эҳтиёҷоти дохилӣ ва содироти он. Сохтмон ва азнавсозии роҳҳо, пулҳо ва сохтани инфрасохтори муосири нақлиётӣ бо мақсади пайваст кардани минтақаҳои кишвар ва табдил додани Тоҷикистон ба долони муҳими транзитии минтақавӣ. Афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, истифодаи самарабахши замин ва об, рушди комплекси агросаноатӣ ва таъмини бозори дохилӣ бо маводи ғизоии соламу хушсифат. Гузариш аз модели аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ, таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми маҳаллӣ ва эҷоди ҷойҳои нави кории устувор барои аҳолӣ мебошад;
- Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2037: Он ба коҳиш додани партовҳои карбон, истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, рушди кишоварзии устувор ва гузариш ба ашёи хоми экологӣ нигаронида шудааст;
- Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030: Ҳадафи он гузариши модели рушди кишвар аз аграрӣ-саноатӣ ба саноатӣ-аграрӣ мебошад;
- Консепсияи рушди инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Барои пурзӯр намудани алоқаи илм бо истеҳсолот, инчунин, дастгирии инфрасохтори инноватсионӣ (технопаркҳо, кластерҳо) нигаронида шудааст;
- Консепсияи иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи консепсияи мазкур яке аз афзалиятҳои стратегӣ ба шумор рафта, барои гузариш аз модели анъанавӣ ба модели инноватсионӣ замина мегузорад. Консепсия барои аҳолӣ сари вақт ва бе навбат гирифтани хизматрасониҳо, дастрасӣ ба бозори ҷаҳонии хариду фурӯшро таъмин менамояд. Барои тиҷорат бошад, кам кардани хароҷоти амалиётӣ, васеъ кардани бозори харидорон ва суръатбахшии равандҳоро дастрас менамояд. Барои давлат бошад, таъминкунандаи шаффофияти молиявӣ, кам гардидани иқтисоди пинҳонӣ ва афзоиши ҷамъоварии андозҳо мебошад.
- Эълон гардидани солҳои 2025-2030 ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия”: Гузариши марҳила ба марҳилаи иқтисодиёти кишварро ба технологияҳои рақамӣ ва ташкили инфрасохтори муосири ИКТ пешбинӣ мекунад. Ҳадафҳои калидии он иборат аст, аз паст кардани вобастагии иқтисод аз соҳаҳои анъанавӣ (ба монанди ашёи хом ва интиқоли маблағҳо) тавассути ташаккули бахшҳои нав ва инноватсионӣ, гузариш ба «Ҳукумати электронӣ», сода кардани равандҳои ҳуҷҷатгузорӣ ва баланд бардоштани шаффофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ, вусъат додани алоқаи баландсуръати Интернет, сохтани марказҳои коркарди маълумот (Data Centers) ва таъмини дастрасии умумӣ ба шабака дар тамоми минтақаҳои кишвар, омода кардани мутахассисони дорои малакаҳои баланди IT, ислоҳоти тибқи талаботи бозори рақамӣ дар системаи маориф ва баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ, ташкили муҳити созгор барои стартапҳо, ривоҷ додани тиҷорати электронӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ғайра;
Истиқлолият ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки тақдири худро ба дасти худ гиранд, амнияту устувориро таъмин созанд ва таҳкурсии мустаҳкамеро барои ояндаи дурахшони насли нав гузоранд. Барои ҳифзу таҳкими ин дастовардҳо саҳм гузоштан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.
Маҳмадӣ НУСРАТЗОДА, н. и.и., дотсенти кафедраи низомҳои иттилоотӣ-инноватсионии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng