35 соли созандагӣ дар Тоҷикистон ва рисолати ҳар шаҳрванди масъулиятшинос дар бунёди фардои кишвар

Истиқлол барои ҳар миллат танҳо соҳибихтиёрии сиёсӣ ва ҳуқуқи мустақилона муайян намудани сарнавишти хеш нест. Истиқлол, пеш аз ҳама, имкони сохтани давлат, обод кардани Ватан, таҳкими пояҳои иқтисодию иҷтимоии ҷомеа ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани кишваре шоистаи зиндагӣ мебошад. Ба ин маъно, 35 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро метавон на танҳо як марҳалаи муҳими таърихи навини давлатдории тоҷикон, балки давраи бузурги эҳёи миллӣ, давлатсозӣ, бунёдкорӣ ва созандагӣ арзёбӣ кард.

Дар меҳвари ин раванди таърихӣ, пеш аз ҳама, сиёсати созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Дар қонуни конститутсионии кишвар низ нақши Пешвои миллат дар бунёди давлати соҳибистиқлол, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон таъкид гардидааст.

Бо барқарор шудани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ заминаи воқеӣ барои татбиқи ҳадафҳои созандагӣ фароҳам омад. Тоҷикистон тадриҷан аз марҳалаи барқарорсозии давлат ба марҳалаи рушди устувор, навсозии инфрасохтор ва бунёди иқтисоди муосир ворид гардид.

Фалсафаи давлатсозии даврони истиқлолро метавон дар як мафҳуми фарогир ҷамъбаст кард: созандагӣ барои инсон ва ба хотири фардои миллат.

Ташаббусҳои Пешвои миллат танҳо ба ҳудуди Тоҷикистон маҳдуд намемонанд. Тоҷикистон таҳти роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамчун кишвари ташаббускор дар масъалаҳои об, иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва сулҳу субот шинохта шудааст.

Дар зиёда аз ду даҳсолаи охир як қатор ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид дастгирӣ ёфтаанд: аз «Соли байналмилалии оби тоза - 2003» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” - 2005-2015» то «Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”», «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо - 2025» ва «Даҳсолаи байналмилалии амал барои илмҳои криосферӣ - 2025-2034».

Ин ташаббусҳо дар асл идомаи ҳамон фарҳанги созандагие мебошанд, ки Тоҷикистон онро дар дохили кишвар пайгирона амалӣ менамояд, яъне ҳифзи ҳаёт, муҳити зист, сулҳ ва фароҳам овардани шароити шоистаи зиндагӣ барои инсон.

Ҳатто рамзи расмии 35-солагии Истиқлоли давлатӣ низ ҳамин фалсафаро ба таври рамзӣ таҷассум мекунад. Дар он роҳ, нақб ва неругоҳ ҳамчун нишонаҳои дастовардҳои даврони истиқлол ва об, пиряхҳо, дарахтон ва сабзазор ҳамчун ишора ба ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ҷой гирифтаанд.

Аз ин рӯ, вақте мо имрӯз аз 35 соли созандагӣ сухан мегӯем, бояд онро васеътар аз шумораи биноҳои сохташуда, роҳҳои нав, корхонаҳо ва иншооти иҷтимоӣ дарк намоем.

Имрӯз, дар остонаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон агар ба роҳи тайкардаи кишвар назар афканем, яке аз чеҳраҳои барҷастаи ин даврони таърихӣ - раванди бесобиқаи ободонию созандагӣ ва бунёдкорӣ мебошад.

Дар сеюним даҳсола Тоҷикистон аз марҳалаҳои ниҳоят мураккаби давлатсозӣ гузашта, тадриҷан ба як кишвари дорои инфрасохтори муосир, шаҳру деҳоти ободу зебо, роҳҳои нав, иншооти энергетикӣ, муассисаҳои замонавии соҳаҳои маорифу тандурустӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ ва марказҳои нави хизматрасонӣ табдил ёфт.

Ин дигаргунӣ танҳо тағйири симои зоҳирии мамлакат нест. Дар пасманзари ҳар роҳ, мактаб, беморхона, корхона, донишгоҳ, майдон, боғ ва иншооти нав як андешаи бузург меистад: давлате, ки барои оянда месозад, ба фардои миллат бовар дорад.

Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ барои Тоҷикистон давраи санҷишҳои сахт буданд. Давлат бояд дар шароити мураккаби сиёсиву иқтисодӣ на танҳо пояҳои давлатдории навро таҳким мебахшид, балки низоми иҷтимоӣ ва иқтисодиро низ барқарор мекард.

Таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ барои фароҳам овардани заминаи созандагӣ аҳамияти ҳалкунанда дошт. Бо барқарор гардидани сулҳу субот неруи ҷомеа тадриҷан аз муқовимату нооромӣ ба меҳнати созанда, аз ҳалли мушкилоти рӯзмарра ба сохтани оянда равона гардид.

Аз ҳамин нуқтаи назар, таърихи 35 соли Истиқлолро метавон таърихи барқарорсозӣ, бунёдкорӣ ва навсозии кишвар низ номид.

Дар ин давра роҳҳои автомобилгард, пулҳо ва нақбҳо сохта шуданд, шабакаҳои энергетикӣ рушд карданд, иншооти бузурги истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намуданд, шаҳру деҳаҳо симои нав гирифтанд ва дар ҳар гӯшаву канори мамлакат муассисаҳои иҷтимоии зиёде бунёд гардиданд.

Албатта, рушди воқеии кишварро танҳо бо шумораи биноҳо чен кардан дуруст нест. Арзиши аслии созандагӣ дар он аст, ки иншооти бунёдшуда то кадом андоза ба зиндагии мардум таъсири мусбат мерасонанд, ҷойи кор фароҳам меоранд, сатҳи хизматрасониро баланд мебардоранд ва барои рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ замина мегузоранд.

Маҳз ҳамин нигоҳ ба мафҳуми ободонӣ онро аз як маъракаи муваққатӣ ба сиёсати дарозмуддати рушди миллӣ табдил медиҳад. Ин аст, ки имрӯз натиҷаи корҳои созандагиро дар ҳар гӯшаву канори кишвари маҳбубамон метавон мушоҳида кард.

Пойтахти кишвар - шаҳри Душанбе дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба яке аз марказҳои муосири минтақа табдил ёфта, симои меъморӣ ва инфрасохтории он ба таври куллӣ дигаргун шудааст. Шаҳрҳои Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб, Турсунзода, Ҳисор ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ раванди навсозиро аз сар мегузаронанд.

Дар деҳот низ сохтмони муассисаҳои таълимӣ, марказҳои саломатӣ, роҳҳо, пулҳо, коргоҳҳои истеҳсолӣ, иншооти хизматрасонӣ ва дигар иншооти иҷтимоӣ вусъат ёфтааст.

Тибқи маълумоти расмӣ, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар панҷ соли охир сохтмони ҳазорон иншоот ба нақша гирифта шуда, то имрӯз наздик ба 29 ҳазор иншооти пешбинишуда мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд. Ҷолиби диққат аст, ки зиёда аз 70 фоизи онҳо бо саҳми соҳибкорон ва шаҳрвандон бунёд шудаанд. Ин рақамҳо як ҳақиқати муҳимро нишон медиҳанд: ободии Ватан танҳо вазифаи давлат нест; он масъулияти умумимиллӣ мебошад.

Ҳар соҳибкоре, ки корхона месозад, ҳар сокине, ки хонаи худро обод мекунад, ҳар омӯзгоре, ки дар тарбияи насли созанда саҳм мегузорад, ҳар муҳандисе, ки иншооти нав тарҳрезӣ мекунад ва ҳар корманде, ки муҳити кории худро тозаву озода нигоҳ медорад, дар асл дар сохтмони Тоҷикистон саҳм мегузорад.

Дар асл мафҳуми «ободонӣ» дар фарҳанги миллии мо маънои амиқ дорад. Ободонӣ танҳо девор бардоштан, роҳ сохтан ё қомат афрохтани бино нест. Ободонӣ, пеш аз ҳама, фарҳанги муносибат ба Ватан аст.

Ватанро танҳо бо шиор дӯст доштан мумкин нест. Муҳаббат ба Ватан бояд дар амал зуҳур кунад: дар муносибати масъулиятнок ба меҳнат, дар ҳифзи моликияти давлатӣ, дар сарфакорона истифода бурдани захираҳо, дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, дар эҳтиром ба қонун ва дар талош барои беҳтар кардани муҳити зиндагӣ.

Бинобар ин, вақте дар бораи ободонӣ сухан мегӯем, бояд ҳамзамон аз фарҳанги истифода ва нигоҳдории иншооти сохташуда низ андеша кунем.

Бунёди як бино метавонад як сол ё чанд сол вақт гирад, аммо нигоҳдории он масъулияти даҳсолаҳо мебошад.

Як боғро метавон дар чанд моҳ бунёд кард, вале сабз нигоҳ доштани он меҳнати ҳаррӯза талаб мекунад.

Роҳро метавон сохт, аммо риояи қоидаҳои истифода ва нигоҳдории он вазифаи ҳамешагии ҷомеа мебошад.

Аз ин рӯ, фарҳанги нигоҳдорӣ бояд идомаи фарҳанги бунёдкорӣ бошад.

Бо назардошти аҳамияти 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, соли 2026 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон гардид. Ин ташаббус танҳо маънои афзоиши корҳои сохтмонӣ ва тозакориро надорад.

Дар шарҳи расмии ин қарор таъкид шудааст, ки ҳадафи он ҳамзамон бо ободонии мамлакат, баланд бардоштани сатҳи дониш, маърифат, худшиносӣ ва худогоҳии миллии шаҳрвандон мебошад.

Ба назари ман, ҳамин пайванди ободонии муҳити зист ва ободонии тафаккур аз муҳимтарин паҳлуҳои сиёсати созандагии имрӯза мебошад.

Зеро бинои зебо бе фарҳанги баланди истифода метавонад зуд фарсуда шавад. Шаҳри обод бе шаҳрвандони масъулиятшинос наметавонад муддати дароз обод бимонад. Муассисаи муосир бе мутахассиси соҳибмаърифат наметавонад ба талаботи замон ҷавоб диҳад. Аз ин рӯ, сохтани инсон дар баробари сохтани иншоот муҳим аст.

Дар ин радиф Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун боргоҳи таълимии зодаи даврони истиқлол, ки имсол аз таъсисёбияш 30 сол пур мешавад, имрӯз ба ҳайси муассисаҳои муҳими таҳсилоти олии иқтисодии кишвар эътироф гардидааст. Донишгоҳ беш аз 30 сол аст, ки мутахассисони соҳибтахассусро барои иқтисоди миллӣ омода мекунад ва дорои пойгоҳи муосири таълимӣ, илмӣ ва инфрасохторӣ мебошад.

Дар ин раванд, корҳои хоҷагидорӣ танҳо як бахши ёрирасон нестанд. Баръакс, онҳо яке аз заминаҳои муҳими таъмини раванди босифати таълим мебошанд.

Муҳити таълимӣ бояд ба донишҷӯ эҳсоси эҳтиром ба дониш, меҳнат, тартибот ва зебоиро омӯзонад.

Агар донишҷӯ ҳар рӯз ба донишгоҳ ворид шуда, бинои тоза, саҳни обод, дарахтони сарсабз, синфхонаҳои муҷаҳҳаз, роҳравҳои озода ва муҳити муносибро бинад, ин муҳит ба тарбияи эстетикӣ ва фарҳанги ӯ низ таъсир мерасонад.

Бинобар ин, мо дар донишгоҳ ба масъалаҳои таъмиру нигоҳдорӣ, сабзкорӣ, ободонии саҳну атрофи биноҳо, истифодаи сарфакоронаи неру ва об, беҳтар намудани шароити иҷтимоиву маишии донишҷӯёну кормандон ва ҳифзи моликияти донишгоҳ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоем.

Дар солҳои соҳибистиқлолӣ низоми маорифи кишвар низ аз раванди созандагӣ берун намондааст. Яке аз намунаҳои ин раванд дар худи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ба назар мерасад. Соли 2022 бинои нави таълимии донишгоҳ ба истифода дода шуд. Бино дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, бо тарҳи муосир ва бо дарназардошти унсурҳои меъмории миллӣ бунёд гардидааст. Ин гуна иншоотҳо барои мо танҳо бино нестанд. Онҳо сармоягузорӣ ба инсонанд. Зеро ҳар синфхонае, ки сохта мешавад, барои омӯзиши садҳо ва ҳазорҳо донишҷӯ хизмат мекунад. Ҳар озмоишгоҳе, ки муҷаҳҳаз мегардад, метавонад заминаи ташаккули мутахассиси оянда шавад. Ҳар толори таълимӣ метавонад ба маркази тавлиди андешаҳои нав табдил ёбад. Аз ҳамин ҷост, ки сармоягузорӣ ба инфрасохтори таълимӣ бояд ҳамчун сармоягузорӣ ба иқтисоди ояндаи кишвар арзёбӣ шавад.

Тазаккур бояд дод, ки дар бахши хоҷагидории донишгоҳ вазифаи мо танҳо таъмини фаъолияти муътадили биноҳо нест. Мо бояд ба масъалаҳои истифодаи оқилонаи иншооту таҷҳизот, сарфаи захираҳои моддию энергетикӣ, пешгирии фарсудашавии бармаҳал, беҳтар намудани муҳити кору таҳсил ва истифодаи самараноки моликияти донишгоҳ низ муносибати системавӣ дошта бошем.

Яке аз самтҳои муҳими корҳои ободонӣ дар ДДМИТ сабзкорӣ ва нигоҳдории муҳити зист мебошад.

Дар шароити тағйирёбии иқлим, афзоиши ҳарорат ва зиёд шудани талабот ба муҳити сабзу солим, масъалаи ниҳолшинонӣ ва нигоҳубини дарахтон аҳамияти бештар пайдо мекунад. Аз ин рӯ, сабзкорӣ бояд аз маъракаи мавсимӣ ба фарҳанги доимӣ табдил ёбад.

Дар соли 2026 чунин муносибат аҳамияти бештар касб мекунад. Дар кишвар дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ тадбирҳои сабзкорӣ ва ниҳолшинонӣ дар минтақаҳои гуногун густариш ёфтаанд. Барои мо низ ин як вазифаи муҳим аст: донишгоҳ бояд на танҳо макони дониш, балки муҳити зебо, сабз, солим ва илҳомбахш бошад.

35 соли Истиқлол ба мо як ҳақиқати муҳимро собит намуд: давлатдорӣ танҳо бо қабули санадҳо ва таъсиси сохторҳо устувор намешавад. Давлатдорӣ бо меҳнати ҳаррӯза, бо бунёди инфрасохтор, рушди иқтисод, таълиму тарбия ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги шаҳрвандӣ таҳким меёбад.

Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бояд барои мо нуқтаи оғози марҳалаи нави масъулият бошад. Зеро Тоҷикистон имрӯз дигар Тоҷикистоне нест, ки 35 сол пеш ба роҳи истиқлол қадам гузошта буд.

Кишвар таҷрибаи давлатсозӣ андӯхтааст, инфрасохтори он рушд кардааст, ҷомеа имкониятҳои бештар пайдо намудааст ва насли ҷавоне ба камол расидааст, ки Истиқлолро ҳамчун воқеияти табиии ҳаёти худ дарк мекунад. Аз ин рӯ, вазифаи мо ин аст, ки ба ин насл танҳо биноҳои нав не, балки фарҳанги созандагӣ низ мерос гузорем.

35 соли Истиқлоли давлатӣ барои Тоҷикистон давраи воқеан сарнавиштсоз буд. Дар ин муддат кишвар роҳи душвори давлатсозиро тай намуда, ба марҳалаи нави рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва созандагӣ ворид гардид.

Имрӯз мо натиҷаҳои ин роҳро дар шаҳу деҳоти обод, роҳҳои нав, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ, марказҳои тандурустӣ, корхонаҳо, боғу гулгаштҳо ва дигар иншооти муосир мебинем. Аммо муҳимтар аз ҳама, мо ин натиҷаҳоро дар тафаккури созандаи ҷомеа бояд ҷӯем. Зеро 35 соли истиқлол ба мо ба таври равшан омӯхт. ки давлатро танҳо бо сангу хишт намесозанд; давлатро бо сулҳ, ваҳдат, дониш, меҳнат, масъулият ва бовар ба фардо месозанд.

Ташаббусҳои Пешвои миллат дар сатҳи байналмилалӣ низ ҳамин андешаро бозгӯ мекунанд. Тоҷикистон имрӯз дар масъалаҳои обу иқлим, ҳифзи пиряхҳо ва фарҳанги сулҳ садои худро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонад. Дар соли 2026 ташаббуси нави Тоҷикистон «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027-2036» аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони милали муттаҳид қабул гардид. Ин ташаббус сулҳ, муколама, ҳамдигарфаҳмӣ ва таваҷҷуҳ ба манфиатҳои наслҳои ояндаро ба рӯзномаи байналмилалӣ боз ҳам қавитар ворид намуд.

Ин воқеаҳо моро ба як хулосаи муҳим мерасонанд: Тоҷикистон имрӯз танҳо барои худ намесозад; Тоҷикистон бо таҷрибаи худ дар ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли мушкилоти умумибашарӣ низ саҳм мегузорад.

Дар масъалаи об низ ҳамин раванд идома дорад. Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» моҳи майи соли 2026 дар Душанбе баргузор гардид ва Тоҷикистон идомаи ташаббусҳои байналмилалии худро дар ин самт таъкид намуд. Ҳамчунин, шаҳри Душанбе соли 2028 мизбони Конфронси оби Созмони милали муттаҳид хоҳад буд.

Аз ин рӯ, барои мо - аҳли Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҷашни 35-солагии Истиқлол танҳо як санаи тақвимӣ нест.

Ин ҷашн моро водор месозад, ки ба масъулияти худ дар назди Ватан аз нав назар кунем.

Мо бояд на танҳо биноҳои донишгоҳро обод кунем, балки муҳити дониш, маърифат ва худшиносиро низ обод созем.

На танҳо дарахт шинонем, балки фарҳанги ҳифзи табиатро дар зеҳни ҷавонон решадор намоем.

На танҳо таҷҳизоти муосир харидорӣ кунем, балки мутахассисоне тарбия намоем, ки тавонанд аз ин имкониятҳо самаранок истифода баранд.

На танҳо имрӯзро созем, балки барои фардо масъулият эҳсос намоем. Зеро ҳар як синфхонаи обод, ҳар як дарахти сарсабз, ҳар як гӯшаи тоза, ҳар як иншооти муосир ва ҳар як иқдоми созанда дар асл як хишти хурд дар бунёди Тоҷикистони фардост. Мо бояд ин хиштҳоро бо дониш, виҷдон, масъулият ва муҳаббат ба Ватан ба ҳам пайванд диҳем.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати давлатдорӣ пайваста ба созандагӣ, таҳкими истиқлол, рушди иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва тарбияи насли соҳибмаърифат таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Эълон гардидани соли 2026 ҳамчун соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ низ идомаи ҳамин сиёсати дурбинона мебошад. Аз ин рӯ, вазифаи мо дар ин марҳала танҳо анҷом додани корҳои ба нақша гирифташуда нест.

Вазифаи мо сохтани муҳитест, ки дар он инсон мехоҳад омӯзад, меҳнат кунад, эҷод намояд ва барои Ватан саҳм гузорад. Ва агар 35 соли Истиқлолро оғози як сафари бузурги давлатсозӣ шуморем, пас корҳои ободониву бунёдкорие, ки имрӯз анҷом медиҳем, бояд таҳкурсии марҳалаи нави ин сафар бошанд.

35 соли Истиқлол дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол як давраи сарнавиштсоз аст. Ин давра моро ба он бовар кунонд, ки агар ҷомеа муттаҳид бошад, агар ҳадафҳо равшан бошанд ва агар ҳар як инсон худро дар назди Ватан масъул ҳис кунад, ҳатто корҳои бузург низ амалӣ мешаванд.

Имрӯз мо дар остонаи як ҷашни бузурги миллӣ қарор дорем, ки натиҷаи заҳматҳо, бунёдкориҳо ва муттаҳидии ҷомеаи шаҳрвандии мо зери роҳбариву раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллатамон аст.

Мо, аҳли Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон, ки ҷузъи ин раванди бузурги давлатсозӣ мебошем, рисолати худро дар он мебинем, ки ҳамзамон бо омода намудани иқтисодчиёну молиячиёни соҳибкасб, барои донишҷӯён муҳити муносиб, ободу зебо ва муосири таълим фароҳам оварем. Зеро донишгоҳе, ки дар он дониш, меҳнат, тартибот, ободӣ ва масъулият ҳамқадаманд, на танҳо мутахассис, балки шаҳрванди созандаи ҷомеаро тарбия мекунад.

Имрӯз ҳар дарахти шинонидашуда, ҳар гӯшаи ободшуда, ҳар синфхонаи таъмиршуда, ҳар таҷҳизоти нав ва ҳар кори созандае, ки бо эҳсоси масъулият анҷом меёбад, як хишти хурд дар сохтмони Тоҷикистони бузурги фардост.

Ва агар ҳамаи мо ин хиштҳоро бо виҷдон, муҳаббат ва масъулият ба ҳам гузорем, қасри фардои Тоҷикистон боз ҳам устувор, зебо ва пойдор хоҳад шуд. Ва мутмаинем, ки фардои Тоҷикистон идомаи ҳамин роҳи муқаддаси созандагист.

 

Муродзода Диловаршо Абдулхайр,

муовини ректор оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон