Зан-модар чароғи хонадон, сарчашмаи меҳру муҳаббат ва поягузори ҷомеаи солим аст. Таърихи миллати тоҷик гувоҳ аст, ки занон ҳамеша дар паҳлуи мардон барои ҳифзи Ватан, рушди фарҳанг ва тарбияи насли солим саҳми босазо гузоштаанд. Агар ҷомеа ба дарахти пурбор монанд бошад, решаи устувори он модар аст. Бе модар на оила поянда асту на миллат.

Аз замонҳои бостон зан дар ҷомеаи ориёӣ мавқеи баланд дошт. Ӯ на танҳо модар, балки маслиҳатгари хирадманд ва пуштибони мардон дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз буд.

Намунаи равшани матонату шуҷоат Томирис мебошад. Ӯ бо ҷасорати бемисл барои ҳифзи сарзамини худ мубориза бурда, исбот кард, ки зан метавонад ҳомии Ватан бошад. Бо паҳн гардидани дини ислом ва ташаккули давлатҳои тоҷикон, аз ҷумла давлати Сомониён, мақоми зан шакли нав гирифт. Гарчанде ҷомеа бештар хусусияти мардсолорӣ пайдо кард, аммо занон дар илм, адабиёт ва фарҳанг фаъол буданд. Дар адабиёти классикӣ зан ҳамчун рамзи вафо, покдоманӣ ва хирад тасвир шудааст.

Мақоми зан-модар дар асрҳои миёнаи тоҷикон бисёрҷанба, васеъ ва ҳамзамон, мураккаб буд. Он дар доираи анъанаҳои қадимаи ориёӣ, арзишҳои исломӣ ва сохтори иҷтимоии феодалӣ ташаккул ёфта, нақши занро ҳам дар оила ва ҳам дар ҷомеа муайян мекард. Дар ҷомеаи асримиёнагӣ зан, пеш аз ҳама, ҳамчун модар ва тарбиятгари насл эҳтиром дошт. Тибқи таълимоти исломӣ, ки баъд аз паҳншавии он дар Осиёи Марказӣ нуфуз пайдо кард, мақоми модар хеле баланд шумурда мешуд. Дар ҳодисаҳо эҳтироми модар болотар аз падар дониста мешуд. Зан-модар масъулияти асосии тарбияи фарзандон, нигоҳдории анъанаҳо, забон ва ахлоқи хонаводагиро ба дӯш дошт. Маҳз тавассути модарон арзишҳои миллӣ ва диннӣ ба наслҳо интиқол меёфтанд. Бо ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қадру манзалати занон дар ҷомеаи мустақили миллӣ ва иштироки онҳо дар умури хонаводагиву иҷтимоии ҷомеа равона гардид ва паиҳам қонунҳои зарурӣ ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардон ва занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» аз 1 марти соли 2005, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна табъиз» аз 19 июли соли 2022, Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои солҳои 2011-2020 ва 2021-2030), Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои солҳои 2001-2010, инчунин, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015 тасдиқ шудааст, аз қабили санадҳои муҳими меъёрии ҳуқуқие мебошанд, ки ба таҳкими мақоми зан ва таъмини баробарҳуқуқии мардон ва занон равона гардидаанд.

Ҳамчунин, шуруъ аз соли 2009 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар Рӯзи модар ҷашн гирифта мешавад, ки ин иқдом нишонаи арҷгузорӣ ба мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа мебошад.

Тавре ки мебинем, бо ташаббус ва дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои зарурӣ ва саривақтӣ амалӣ шуданд. Бешак ин талошҳо самараи нек доданд ва хираду заковати афроди ҷомеа ва таҷрибаи андӯхтаи рӯзгор ба мақом ва мартабаи зан-модар шакли устувори меъёрии ба ҷомеаи тоҷик муносибро нисбат додааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ» аз 23 декабри соли 2022 чунин гуфтаанд «Мо тасмим гирифтаем, ки ҷалби занонро ба корҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ минбаъд низ густариш бахшем, зеро онҳо дар ҷомеаи мо қувваи бузург мебошанд ва мо ба неруву ташаббусҳои онҳо ҳамеша эътимод дорем. Мо ҳамчунин, ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия менамояд ва ба камол мерасонад».

Мутаассифона, дар ҷомеа афроде ҳастанд, ки ба зан ҳамчун ҷинси дуюм назар менамоянд ва бояд ҷомеа ба самте равад, ки ин нигоҳро тағйир диҳад. Албатта, занони тоҷик дар бахшҳои мухталифи ҷомеа нақшҳои муассире иҷро намудаанд ва минбаъд ҳам бояд талош бикунанд, то дар масоили иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ иштирок намуда, нақши пурранг дошта бошанд. Зан бояд дониш ва истиқлоли фикрӣ дошта бошад, то эътимод ба худаш боло равад ва дар корҳои хонаводаву ҷомеа ибтикору иқтидои бештаре дошта бошад, зеро зани босавод на танҳо як хонавода, балки як ҷомеаро бомаърифат менамояд.

Бояд гуфт, ки он ҳама комёбиҳо ва мавқеи бузрге, ки имрӯз занону модарони тоҷик ба он расидаанд, ҳосили сиёсате аст, ки аз ҷониби Президенти мамлакат ҳанӯз аз нахустин рӯзҳои давлатдорӣ пеш гирифта шуд. Модари тоҷик бунёдоварандаю тарбиятдиҳандаи олимону донишмандони бузург ва адибони ворастаи башарӣ мебошад. Он забоне ки мо имрӯз бо он ифтихор менамоем, забони бузургони илму адаб аст, ҳамон забоне аст, ки модари тоҷик аз хурдсолӣ вожа-вожаву ҳарф ба ҳарф ба забони фарзандон гузоштаю таълимашон додааст.

Эҷодгару нигоҳдорандаи даҳҳо маросиму оинну суннатҳо ва ҳунарҳои милли мо, ки имрӯз дар саросари ҷаҳон истиқбол ёфта, маҳбубият доранд ва мақоми байналмилалӣ гирифтаанд, низ бо шарофати эҷодкорию заҳматҳои зан-модари тоҷик аст. Оре, маърифати хонаводагии онҳо аз имтиҳони таърих, аз санҷиши асрҳо сарбаландона гузаштаю пирӯзмандона ба имрӯз расидааст.

Беҳуда нест, ки ҳамаи бузургони ҷаҳон бо муҳаббату самимияти баландтарин модарро ситоиш ва зеботарину дурахшонтарин суханҳоро нисори қудуми модарон намудаанд.

Нависандаи маъруфи ҷаҳонӣ Оноре де Балзак навиштааст «Ояндаи миллат дар дасти модарон аст».

Инчунин, нависандаи маъруфи номдори рус Максим Горкий низ гуфтааст: «Бе офтоб гулҳо, бе муҳаббат хушбахтӣ, бе зан ишқ, бе модар инсон вуҷуд надорад».

Хушбахтона, имрӯз арҷгузорӣ ба зан-модар ва ғамхорию дастгирии онҳо дар мадди аввали сиёсати давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хоссатан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин арҷгузорӣ масъулияту муҳаббати ҳамешагии моро нисбат ба занону модарон ва хоҳарони азизамон шукуҳмандтар мегардонад.

Хулоса, зан-модари тоҷик ҳамчун пояи устувори оила ва ҷомеа дар тамоми давраҳои таърих нақши сарнавиштсоз дошта, имрӯз низ бо дастгирии давлат ва ҷомеа мақому манзалати ӯ беш аз пеш таҳким меёбад.

Ш. ЛОИҚОВА,

омӯзгори ДДМИТ