Имрӯз терроризм яке аз хатарноктарин мушкилоти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Он на танҳо амнияту суботи кишварҳоро халалдор мекунад, балки ба ҳаёти осоиштаи мардум низ таҳдид менамояд. Терроризм бо зӯроварӣ, тарс ва вайронкорӣ алоқаманд буда, арзишҳои инсондӯстӣ ва сулҳро поймол мекунад.

Мо ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа вазифадорем, ки ҳамеша зидди ҳар гуна ифротгароӣ ва терроризм бошем. Зеро ояндаи кишвар дар дасти мост. Агар мо донишманд, худогоҳ ва ватандӯст бошем, метавонем ҷомеаи худро аз ин хатари бузург ҳифз намоем.

Баъзе гурӯҳҳои ифротӣ бо ваъдаҳои бардурӯғ ва таблиғоти ғалат ҷавононро ба роҳи нодуруст мебаранд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқӣ, эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ барои ҳар ҷавон муҳим аст.

Мо бояд дар рӯҳияи ватандӯстӣ, сулҳпарварӣ ва эҳтиром ба фарҳанги миллӣ тарбия ёбем. Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёна ва мубориза бар зидди терроризмро пайгирӣ мекунад. Ҳар як ҷавон бояд ин сиёсати давлатро дастгирӣ намояд ва дар таҳкими сулҳу субот саҳм гузорад.

Хушбахтона, имрӯз барои ҷавонон шароити хуби таҳсил, рушд ва фаъолияти созанда фароҳам оварда шудааст. Мо бояд аз ин имкониятҳо самаранок истифода барем, дониш омӯзем ва барои пешрафти Ватан хизмат кунем.

Дар хотима метавон гуфт, ки мо ҷавонон ҳамеша тарафдори сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳастем. Терроризм ба арзишҳои мо бегона аст. Мо бо дониш, фарҳанг ва иттиҳод роҳи равшани ояндаро интихоб мекунем. Зеро ҷавонони огоҳ ояндаи дурахшони миллатанд.

Маҳлиё ХОЛНАЗАРОВА,

донишҷӯи курси 4-уми ихтисоси кори бонкии факултети молия ва қарзи ДДМИТ