ОМИЛҲОИ ПАЙДОИШИ ТЕРРОРИЗМ ДАР ҶОМЕАИ МУОСИР
Дар ҷаҳони имрӯза калимаҳои «терроризм» ва «экстремизм» ба мафҳумҳои ҳаррӯза ва дардноке табдил ёфтаанд, ки шунидани онҳо бо хавфу таҳдид ва изтироб ҳамроҳ аст. Ин амали номатлуб дигар ба як минтақа ё кишвари алоҳида хос нест, балки ба масъалаи глобалӣ ва дарди сари тамоми башарият мубаддал гаштааст. Барои фаҳмидани решаҳои ин мушкилот бояд донист, ки терроризм якбора ё бе сабаб пайдо намешавад, балки натиҷаи омезиши омилҳои мураккаби иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва равонӣ мебошад.
Яке аз пойдеворҳои асосии паҳншавии ғояҳои ифротгароӣ ин камбизоатӣ, бекорӣ ва мушкилоти рӯзгор аст. Набудани ҷойҳои корӣ ва шароити муносиби зиндагӣ инсонҳоро, бахусус ҷавононро дар ҳолати хеле осебпазир қарор медиҳад. Шахсе, ки барои таъмини оилааш маблағ пайдо карда наметавонад ва худро дар ҷомеа нодаркор ҳис мекунад, ба осонӣ метавонад ба доми ваъдаҳои дурӯғин ва пули осони гурӯҳҳои террористӣ биафтад.
Омили дигари муҳим ин истифодаи нодурусти арзишҳои ахлоқӣ ва динӣ аз ҷониби гурӯҳҳои ифротгаро мебошад, ки ниқобҳои диниро барои фиреб додани мардум ба кор мебаранд. Вақте ки саводи маърифатӣ ва динии шахс паст аст ва моҳияти аслии арзишҳои инсондӯстонаро намедонад, ба осонӣ қурбонии тарғиботи бардурӯғ мегардад. Ифротгароён одатан матнҳои муқаддасро бо хоҳиши худ шарҳ медиҳанд. Дар баробари ин, буҳрони маънавӣ ва дар шароити ҷаҳонишавӣ аз даст рафтани арзишҳои суннатӣ фазои холии маънавиро ба вуҷуд меорад, ки онро ғояҳои бегона зуд пур мекунанд.
Вазъияти сиёсии ҷаҳон ва ноустувории минтақавӣ низ ба ин раванд таъсири мустақим дорад. Дар минтақаҳое, ки ҷангҳо ва бесуботии сиёсӣ ҳукмфармост, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ заиф шуда, созмонҳои террористӣ ба осонӣ пойгоҳҳо ва манбаъҳои маблағгузории худро пайдо мекунанд. Ҳамзамон, баъзе доираҳои сиёсӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ барои расидан ба ҳадафҳои геополитикии худ аз гурӯҳҳои ифротӣ ҳамчун абзор истифода мебаранд, ки мушкилотро боз ҳам мураккабтар месозад. Дар ин замина, нақши технологияҳои муосир ва интернет низ бузург аст, зеро майдони асосии муборизаи ин гурӯҳҳо имрӯз ба фазои маҷозӣ гузаштааст. Тавассути видеоҳои таъсирбахш ва паёмҳои фиребандаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҷавонони ноогоҳ бе ягон вохӯрии рӯ ба рӯ ва бевосита дар хонаи худ мағзшӯӣ карда мешаванд.
Аз ин рӯ, терроризм чун бемории вазнин аст ва мубориза бо оқибатҳои он танҳо бо роҳи зӯроварӣ ё силоҳ кофӣ нест. Барои решакан кардани ин падида рушди иҷтимоӣ ва фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, баланд бардоштани саводи маърифатӣ, илмӣ ва ҳуқуқии аҳолӣ, инчунин таҳкими ваҳдати миллӣ ва арзишҳои ахлоқӣ зарур аст. Танҳо бо роҳи огоҳӣ, маърифат ва ҳамкории умумиҷамъиятӣ мо метавонем ҷомеаи худро аз ин хатари глобалӣ ҳифз кунем ва ояндаи осударо таъмин намоем.
Бахтиёр МУҲИДДИНОВ,
ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng