РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН - РӮЗИ ҚАДРДОНӢ
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими таърихӣ ва давлатии кишвари мо ба ҳисоб меравад. Ҳамасола 16-уми ноябр дар Тоҷикистон Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Ин санаи таърихӣ бо рӯйдодҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон алоқаманд аст. Маҳз 16 ноябри соли 1994 Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд. Аз соли 2016 инҷониб 16 ноябр тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Конститутсия ва қонунҳои кишвар фаъолияти худро ба роҳ мемонад. Ин рӯз имкон медиҳад, ки мо ба таърихи давлатдории миллӣ назар афканем, арзишҳои истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро қадр намоем.
Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ марҳилаҳои гуногуни таърихиро паси сар кардааст. Дар ин давра, барои барқарор намудани сулҳу оромӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа чораҳои муҳим андешида шудаанд.
Рӯзи Президент, инчунин моро водор месозад, ки ба таърихи кишвари худ таваҷҷуҳ намоем, Конститутсия ва қонунҳоро эҳтиром кунем, барои ҳифзи истиқлолияти давлатӣ ва ободии Ватан саҳм гузорем.
Хулоса, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз санаҳои муҳими тақвими давлатии мамлакат буда, рамзи эҳтиром ба давлатдорӣ, истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мебошад. Мо, ҷавонон бояд таърихи Ватани худро омӯзем, дониш гирем ва барои ояндаи дурахшони Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошем.
Тоҷикистони азизамон ҳамеша ободу осуда ва соҳибистиқлол бошад!
Маҳтоб ҲАМИДОВА,
муаллими калони кафедраи менеҷменти ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng