ҶОНУ ДИЛАМ БОДО ФИДОЯТ, МОДАР!
Баъд аз ба даст овардани истиқлоли кишвари азизамон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми декабри соли 1999, таҳти №5 “Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа” ба имзо расид, ки дар таъмини иштироки воқеии занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат нақши муҳим бозид. Ҳадафи асосии қабули ин санад, баланд бардоштани мартабаи зан дар ҷомеа ва ҳуқуқу озодии он ва саҳми онҳо дар тарбияи насли наврас мебошад. Дар ҳақиқат, зан-модар тарбиятгари инсоният ба шумор меравад. Чӣ андоза бофаросат ва боадаб тарбия ёфтани фарзанди инсон аз фаросатнокии одобу ахлоқи ҳамидаи зан вобаста аст, ки инро ҳаёт борҳо исбот кардааст. Зан-модар дар ҷомеаи имрӯза мақому мартабаи хеле баландро соҳиб аст.
Бо омадани як фасли зебои рустанҳову сабзгаштанҳо ва дӯстдоштани мардуми сарбаланду озодандешамон як ҷашни муборак Рӯзи Модарро истиқбол менамоянд. Ин ид гувоҳ аз эҳтирому қадрдонии заҳматҳову ранҷҳои модарони азиз ва муҳаббату самимияту саодати зани тоҷик мебошад. Зеро нақши занону модарон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахту солим, таълиму тарбияи фарзанд ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад.
Бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббусу дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2009 инҷониб ҳамасола 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад.
Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ манзалати Зан-Модар дар ҷомеаи мо боло рафта, модарони азизи мо рисолати хешро дар ҳамаи соҳаҳои муҳими халқ сарбаландона ба ҷо оварда, сазовори ҳурмату эҳтироми баланди аҳли ҷомеа гардидаанд.
Зан беҳтарин муъҷизаи Парвардигор аст. Мегӯянд, ки атр аз гул, нӯш аз шаҳд, зебоӣ аз баҳор пайдо шудааст ва ин ҳамаро бо ҳам омехтанду зан офариданд. Зан-модар давомдиҳандаи насли башарият аст ва бояд қадрашро донист.
Модар, ҳангоми ба забон гирифтани ин калима ҳама вуҷудамро ҳаяҷон ва меҳру муҳаббати беканори модари мушфиқу ғамхор ва нозбардор фаро мегирад. Модар ба монанди замин якто ва муҳаббати беканори ӯ барои мо фарзандон ҷовидона ва самимӣ мебошад. Модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад. Худованд туро барои мо ба хотири зиндагӣ бахшидан ба дунё ҳадя кардааст.
Эй нури биҳишти ҷовидонам, модар,
Эй нури ҷаҳони хонадонам, модар.
Ман аз бари домони ту сарсабз шудам,
Эй боғи баҳори бехазонам, модар.
Оре, модар ҷонфидою роҳнамои зиндагии мост. Агар дасти нозук ва меҳрнавози модарон намешуд, чӣ будани навозиш ва лутфу латофатро намедонистем. Модар бароямон яккаву ягона ва бемислу монанд аст, чун замину осмон ва шамсу қамар мебошад. Аё модар, ҷону дилам бодо фидоят, бо ту хона пурнур аст. Ту тамоми ҳастӣ ва хушбахтии ман мебошӣ, бо ту зиндагии ман пурпечу тоб аст ва бо дуои ту фаъолияти ман бобарор аст. Ман дар ин дунёи равшан на зару зевар, на давлату сарват мехоҳам, ман танҳо дар болои сарам ва фарзандони падарам туро пояндаву ҷовидон мехоҳам. Он ранҷу азобҳое, ки модар барои фарзанд мекашад, басо гарон аст. Модар вақте ки фарзандро ба дунё меоварад, хушбахтарин зани дунё худро эҳсос мекунад. Чӣ қадар заҳматҳо мекашад, то ки фарзандашро ба воя расонад. Шабҳо аз хоби ширин бархеста фарзанди азизашро “алла”-гӯён мехобонад. Модар шаби дароз беморӣ мекашад, то ин ки фарзандаш дар гаҳвораи хеш оромона хоб равад. Фарзанд он тарбияеро, ки дар мактаби модар мегирад, аз ягон макотиб гирифта наметавонад.
Ба маврид аст, ки ақидаи як нафар донишмандро бо исми Ҳерберт барои тақвияти ин гуфтаҳо биёварем: «Модар тамоми башариятро тарбият мекунад. Модари хуб аз сад устоду омӯзгор бартарӣ дорад». Комилан дуруст аст, зеро ҳарфи аввалинро дар даҳони фарзанд модар мегузорад. Агар модар покзабон бошад, суханҳои нек дар шуури он кӯдак талқин мекунад. Давлати фарзанд модар аст, бузургтар аз модар касе нест, ки ҷои ӯро бигирад ва бузургтар аз меҳри модар эҳсосе нест, ки дар қалбу шуури мо ин қадар мустаҳкам ҷо бигирад. Модар дар ҳама ҳолат пайваста дар ёди фарзанд аст. Оромиву сиҳатӣ ва хушгуфтории фарзандро дида меболад. Аҷаб дунёи рангину зебо дорад модар. Мутаассифона, мо на ҳама вақт ба қадри ин ганҷи муқаддас расида метавонем. Дар дарёи пуршӯри ҷавонӣ, ишқу ҳавас заврақ меронему модарро фаромӯш месозем. Аммо баъд аз рафтори кардаи худ пушаймон мешавему ӯро намеёбем. Модарро аз даст додан ин барои фарзанд як фаҷеааи хеле калон аст.
Модар, модар каси баҳиммат бошад,
Дидори шарифи ӯ ғанимат бошад.
Аз махзани панди он бигир арзонӣ,
Фардо чӣ кунӣ, ки ганҷи қимат бошад.
Кас намехоҳад, ки муддате аз модари хеш дур гардад, лекин чӣ илоҷ зиндагӣ ҳаминро талаб мекунад. Мегӯянд, то он замоне, ки дар рӯи замин модарон зиндагӣ доранд, ин дунё барбод нахоҳад рафт, аммо ин замин бо вуҷуди ту пойдор аст, ин борон ба хотири ту аз дили хок сабза мерӯёнад, ин офтоб ба хотири ту ҳарорат мебахшад, гармӣ меорад, нур меафшонад, ин моҳу ситораҳо ба хотири ту дар дурахшанд, зеро то он даме, ки ту ҳастӣ, сайёра бемеҳриву беадолатиро нахоҳад дид.
Эй марҳами роз! Бузургии ту маро аз банди нодонӣ бурун оварда, ишқи осмоният ба ман дӯст доштанро омӯхт. Рӯзҳо мегузаранд, шабҳо паси сар мешаванд, абрҳо ба ҳам меоянду боз аз ҳам ҷудо мегарданд. Вақт бо бевафоиҳояш моро аз асли хеш бурунтар мебарад. Аммо нигоҳҳои мехрубони ту ҳеҷ тағйир намеёбанд. Ту ҳамон будиву ҳамон ҳастӣ.
Дар охир ҳаминро қайд карданиям, ки ҳеҷ гоҳ қарзи худро назди модари бузургворам адо карда наметавонам.
Ҷон фидои ҷони модар мешавам,
Гарди хоки пои модар мешавам…
Қабзаи ҷорӯб шуд миҷгони ман,
Хокрӯби пои модар мешавам.
Ба ҳамаи мову Шумо маълум аст, ки бо омад-омади фасли баҳор Рӯзи Модар низ фаро мерасад. Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, ҳамаи модаронро ба рӯзи саидашон табрику таҳният намуда, ба Шумо пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ, умри дарози бобаракат, чеҳраи кушод, лабҳои пуртабассум, осмони соф, хотири ҷамъ, рӯҳи болида, табъи хуш, дили шод, хонаи обод, зиндагии арзанда ва тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорам. Бигзор, модарони гиромӣ ҳамеша хушбахт бошанд.
Мавҷуда ДАВЛАТОВА,
сармутахассиси раёсати ташкилию тарбиявии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng