Пайванди мутақобилаи ҷузъҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ, ки воситаи ноил шудан ба рушди устувор маҳсуб мешавад, вазифаи мураккаб дар таъмини Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 мебошад. Ҷузъҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар назди ҷомеа вазифаҳои нав, аз қабили расидан ба адолат ва расонидани кумаки мақсаднок ба табақаҳои камбизоати аҳолӣ ба миён меоянд.

Ин боиси ташаккули ғояҳо ва равишҳои нав гардид, ки ба зарурати арзёбии бузургии таъсири берунии ҷузъҳои иқтисодӣ ва экологӣ ба ҳифзи муҳити зист алоқаманданд.

Боиси қайд аст, ки стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатӣ ба рушди устувор ва иқтисоди “сабз” равона гардидаанд. Дар ин самт, Ҳукумати Тоҷикистон, ки ташаббус нишон дода, стратегияҳои миллии рушдро бо назардошти ҳадафҳои рушди устувор қабул намудааст, ки ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби грант ва сармоя ба лоиҳаҳои экологӣ аҳамияти калон дорад. Ба ҳар ҳол, дар умум метавон итминон ҳосил намуд ва умед бар он баст, ки дурнамои иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон пайомадҳои мусбат хоҳад дошт [5]. Зеро бо такя ба захираҳои обӣ, иқтидори бузурги гидроэнергетикӣ ва сиёсати давлатӣ кишвар метавонад ба маркази “энергияи сабз”-и минтақа табдил ёбад.

Ба андешаҳои коршиносони соҳа, иқтисоди “сабз” модели рушдест, ки ба истифодаи самараноки захираҳо, коҳиши газҳои гулхонаӣ, ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ равона шудааст. Зимнан, мафҳуми иқтисоди “сабз” бо консепсияи рушди устувор алоқаманд буда, ҳадафи он мутобиқсозии рушди иқтисодӣ бо ҳифзи муҳити зист мебошад.

Ба андешаи мо, дурнамои иқтисоди “сабз” дар Тоҷикистон умедбахш хоҳад буд ва давлат метавонад бо истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, ҷалби сармоягузории байналмилалӣ ва татбиқи ислоҳоти институтсионалӣ модели рушди устуворро амалӣ намояд. Зеро гузариш ба иқтисоди “сабз” на танҳо талаби замон, балки шарти муҳими таъмини суботи иқтисодӣ, ҳифзи муҳити зист ва беҳбуди сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон мебошад.

Дар таҳқиқотҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ тайи даҳсолаҳои охир ба масъалаи гузариш ба рушди иқтисоди “сабз”, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ хостгори он аст, аҳамияти махсус дода мешавад. Моҳияти он, пеш аз ҳама, дар тезутундшавии муносибати байни ҷомеа ва муҳити зист дар занҷираи сегона, яъне “табиат-аҳолӣ-истеҳсолот” инъикос гардида, ба ҳалли масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳдошти ҳифзи муҳити зист ва сатҳи зиндагии аҳолӣ, яъне таъсири байниҳамдигарии субъектҳои хоҷагидорӣ ва ҳифзи экосистемаҳои табиӣ нигаронида шудааст [4, С. 194]. Илова бар ин, иқтисоди “сабз” ҳамчун унсури муҳими рушди устувори кишвар буда, зарурати ҳалли маҷмуи масъалаҳои экологӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи башариро дар ҳамаи самтҳои хоҷагидорӣ дорад, ки ин худ ташаккули иқтисоди «сабз» мебошад.

Рушди устувор як консепсияи сегона аст, ки ҷузъҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологиро муттаҳид мекунад. Маҳз бо пайдоиши моделҳои нави иқтисодӣ алоқаманд аст, ки ҳадафи асосии онҳо ҳифзи захираҳои табиӣ барои наслҳои оянда ва пешгирии вайроншавии экосистемаҳои мавҷуда мебошад.

Гуногунии моделҳои нави иқтисодӣ, ки ҷанбаҳои экологии фаъолияти истеҳсолии корхонаҳоро ба назар мегиранд, бисёре аз муҳаққиқон дар таҳқиқотҳои худ қайд намудаанд, ки сарчашмаи ҳамаи онҳо иқтисоди “сабз” мебошад [3]. Инчунин, коршиносони консепсияи рушди устувор таъкид мекунанд, ки рушди иқтисодӣ, ки ба истифодаи номаҳдуд ва ғайриоқилонаи захираҳои табиӣ асос ёфтааст, дар муддати тӯлонӣ устувор буда наметавонад.

Дар робита ба равишҳои дарки моҳияти иқтисоди “сабз”, дар адабиёти илмӣ нуқтаи назари ягона вуҷуд надорад. Мувофиқи ғояҳое, ки иқтисоди “сабз” бар онҳо асос ёфтааст, якчанд равишҳо муайян карда шудаанд:

- модели ҳалли мушкилоти камбизоатӣ;

- модели сарфаи энергия ва гузариш ба истифодаи манбаъҳои алтернативии энергия;

- модели навъи нави иқтисодиёт.

Роҳи аввал бар асоси гузориши Барномаи муҳити зисти Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕП) бо номи "Ба сӯи иқтисоди “сабз”: роҳҳо ба сӯи рушди устувор ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ" таҳия шудааст.

Тибқи таърифи ин барнома, иқтисоди “сабз” «беҳбудии инсонро афзоиш дода, адолати иҷтимоиро таъмин мекунад ва дар шароити муосир хатарҳоро ба ҳифзи муҳити зист ва вайроншавии он ба таври назаррас коҳиш медиҳад» [2, С. 284]. Ин нуқтаи назарро олимони рус ба монанди Т.В. Захарова, В.В. Володко ва А.А. Трофимчук ҷонибдорӣ мекунанд.

Роҳи дуюм амалҳои назариявӣ ва амалиро дар бар мегирад, ки ба истифодаи фаъоли манбаъҳои энергияи барқароршаванда нигаронида шудаанд. Қобили зикр аст, ки ҳамаи кишварҳои пешрафта чанд сол боз барои ноил шудан ба ин ҳадаф дар сатҳи қонунгузорӣ талош мекунанд, масалан, дар Олмон, Қонун “Дар бораи энергияи барқароршаванда” мавриди амал қарор дода шудааст ва дар он мақсад гузошта шудааст, ки то соли 2040 саҳми энергияи барқароршавандаро то 65% афзоиш диҳад.

Гурӯҳи сеюм, андешаҳо оид ба зарурати муайян кардани мафҳуми иқтисоди “сабз” ҳамчун як навъи нави иқтисодиёт, ки дар он сабзгардонии соҳаҳои иқтисодӣ алоқаманд буда, ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ ва ҷомеаро тамаркуз мекунанд. Ин нуқтаи назарро Л.Г. Мелник, И.Н. Сотник, И.М. Бурлакова изҳор медоранд. Ҳамчунин, олими Уралӣ Бочко С.В. иқтисоди “сабз”-ро ҳамчун як падидаи нави иҷтимоӣ-экологии асри XXI мешуморад [1, С. 6-5].

Хулоса, рушди иқтисоди «сабз» дар пайвастагӣ бо ҳадафҳои стратегияи милии рушди кишвар, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он, таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ва аз нигоҳи экологӣ тоза, саноатикунонии босуръати кишвар ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул амалӣ мегардад. Вобаста ба ин, гуногунсамтиву рақобатпазирии иқтисоди миллӣ, фаъолияти самарабахши бахшҳои воқеии иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии мардум, рушди неруи инсонӣ, таҳкими институтсионалӣ ва дар ин замина, таъмини рушди устувори иқтисодӣ-иҷтимоии кишвар афзалияти муҳим дорад.

Рӯйхати адабиёти истифодашуда

  1. Бочко, В.С. Зеленая экономика - переход от научного знания к массовому осознанию / В.С. Бочко // Экономика. Налоги. Право. – 2023. – Т. 16, № 3. – С. 6-15. – DOI 10.26794/1999-849X-2023-16-3-6-15. – EDN JSIACF.
  2. Зелёная экономика и цели устойчивого развития для России: коллективная монография / под науч. ред. С. Н. Бобылёва, П.А. Кирюшина, О. В. Кудрявцевой. – Москва: Экономический факультет МГУ имени М. В. Ломоносова, 2019. – 284 с. – ISBN 978-5-906932-32-7.
  3. Навстречу «зеленой» экономике: пути к устойчивому развитию и искоренению бедности – обобщающий доклад для представителей властных структур // ЮНЕП. 2011: [сайт]. – URL: http://www.unep.org/greeneconomy/ (дата обращения: 09.04.2022).
  4. Шодиев К.Қ., “Иқтисоди сабз” (васоити таълимӣ) / Душанбе 2025с. саҳ. 194.
  5. https://www.facebook.com/tgfeu.tj/?locale=ru_RU.

Кӯҳзод ШОДИЕВ,

сардори шуъбаи мониторинг ва идораи сифати таълими ДДМИТ,

н.и.и., дотсент