Пӯшида нест, ки масъалаи мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ, маблағгузории онҳо, аз ҷумла аз ҳисоби гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои муташаккил тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба омилҳои гуногун, аз ҷумла мавқеи ҷуғрофӣ, торафт шадидтар гаштани бӯҳрони ҳарбӣ-сиёсӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки кишвари мо бо он аз байни давлатҳои Осиёи Марказӣ сарҳади тӯлонитаринро дорост, мисли дигар кишварҳои минтақа таҳдидҳои афзояндаро ба амнияти миллӣ ва рушди босуботи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва сиёсӣ-амниятии худ эҳсос менамояд, ки ин кишвари моро водор месозад, ки дар ин самт бештар таваҷҷуҳ намояд.

Мутаассифона, дар арсаи байналмилалӣ вазъияти геополитикӣ аз сабаби тезутунд гаштани муборизаи абарқудратҳо торафт мураккабтар мегардад. Дар ин росто, кишварҳои Осиёи Марказӣ дар натиҷаи авҷ гирифтани давраи нави мухолифати абарқудратҳо бо зуҳуроти номатлубе чун терроризм ва ифротгароӣ, савдои одамон, қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ рӯ ба рӯ мегарданд.

Ҳамагон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ҷаҳон шоҳиди он гаштаанд, ки созмонҳои ифротгароиву террористӣ дар фаъолияти худ аз сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар васоити ахбори омма истифодаи васеъ менамоянд, ки ин ба амнияти умумиҷаҳонӣ таъсири ҷиддии манфӣ дорад. Чунин ташкилоту созмонҳо фаъолияташонро вобаста ба паҳн намудани ғояҳои тундравона, барангехтани кинаю адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ба сафҳои худ бештар ҷавонон, яъне қувваи пешбарандаи ҷомеаро ҷалб намуда, дар самти содир намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ фаъолияти худро пурзӯр намуда, мехоҳанд сохти ҷамъиятӣ-сиёсии ва конститутсионии кишварҳоро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд.

Аз тарафи онҳо ба таври васеъ истифода намудани дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ кӯшишҳои ҷомеаи байналмилалиро дар самти мубориза бо онҳо мушкилтар мегардонад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди он аст, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии мардум, махсусан гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, равандҳои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро дар Шарқи Наздик ба чӣ роҳи харобиовар расониданд.

Таҷрибаи байналмилалӣ ва ватании муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ собит менамояд, ки муваффақ шудан дар ин ҷода таҳия ва амалӣ намудани чорабиниҳои маҷмуии ба бартараф намудани омилҳои идеологӣ, иқтисодӣ-иҷтимоӣ, ҳуқуқӣ ва ниҳодии фаъолшавии онҳо равонашударо тақозо менамояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таҳияи стратегия ва барномаҳои миллии муқовимат бо амалҳои номатлуб, аз ҷумла ифротгароӣ, терроризм, тундгароӣ, манбаъҳои маблағгузории терроризм ва экстремизм хеле фаъол буда, дар ин ҷода, Стратегии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намудааст, ки ҳамчун санадҳои хусусияти барномавидошта мақсад, вазифаҳо ва самтҳои асосии сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи муқовимат бо экстремизм ва терроризми байналмилалӣ муайян менамояд. Ин ҳама аз сиёсати муваффақи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳифзи асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, амнияти ҷамъиятӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд аз таҳдидҳои экстремистӣ ва террористӣ шаҳодат медиҳад.

Дар самти таъмини амнияти миллӣ ва минтақавӣ, мубориза бо терроризм ва ифротгароии байналмилалӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо назаррас аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар вобаста ба афзоиши хатари терроризм ва ифротгароӣ ва зарурати ба роҳ мондани ҳамкориҳои бисёрҷониба ҷиҳати муборизаи самаранок бо онҳо қайд менамоянд.

Саъю талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тарафаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмону ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст.

Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои муаззами миллат дар сафи пеши мубориза бо экстремизму терроризм қарор дошта, бо ин сиёсати устувори худ дар таъмини суботу амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ саҳми ҷиддӣ мегузорад.

Латифамоҳ ХОҶАЕВА,

Равшан САЛИМОВ,

омӯзгорони кафедраи забони русии ДДМИТ