“Дӯст доштан, эҳтиром кардан, ба қадри ранҷу заҳмат ва меҳру муҳаббати модар расидан, қарзи инсонии ҳар як фарзанди бедордил ва бонангу номус мебошад”.

Эмомалӣ Раҳмон

Модар ноёбтарин неъмати рӯи дунё, сарчашмаи меҳру муҳаббати беканор ва азизтарин шахсияти башар аст. Меҳри бепоёни ӯ ва навозишҳои гарми ӯ фонуси хаёли мост. Дасти дуои модар ва суханҳои самимонаи ӯ роҳи зиндагии фарзандро равшан мекунад.

Оре, саодати зиндагӣ дар калимаи зан-модар нуҳуфтааст. Беҳуда нагуфтаанд, модар бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад. Вақте модар мегӯем, фақат як калима нест, балки уқёнуси бекаронест аз ишқ, муҳаббат, меҳрубонӣ, самимият, садоқат, раҳмат, бахшиш, илм ва маърифат аст, ки бо тамоми вуҷуд эҳсос мекунем. Худованд ҳастии инсонҳо ва бақои аҳли башарро ба воситаи модар амалӣ менамояд. Модар муъҷизаи илоҳист ва танҳо мавҷудест, ки моро қабл аз ба дунё омадан ҳамроҳӣ мекунад ва то охирин лаҳзаҳои ҳаёташ ҳамдаму ҳамнафаси мост.

Модар! Дар зери ин панҷ ҳарф чӣ қадар меҳру муҳаббат, хушгуфторию хушрафторӣ, бузургиву муҷассамаи хоксорӣ ниҳон аст. Дар олам муқаддастар аз модар мавҷуде нест. Модар калимаест зебо ва шуниданаш гуворо. Калимаест, ки ҳатто аз зебоии гул нозанинтар аст. Вақте ки мо ин калимаро ба забон мегирем, ба ҷаҳоне ворид мешавем: ҷаҳони меҳру шафқат, самимият, ҷаҳоне, ки дар он суруди “алла” танинандоз аст. Дар дунё гармтар аз меҳр, ширинтар аз шаҳду шакар, болотар аз тавоноиву қудрат, нармтар аз дили модар чизе нест.

Модар, эй қиматтарин сарчашмаи рӯйи дунё, эй сарчашмаи муҳаббат, эй фариштаи илоҳи ту азизу муқаддас ҳастӣ ва чун мисли хуршед ҳастӣ, ки ба дилҳои мо фарзандон гармии худро мебахшӣ, ту бузург ҳастӣ, туро ҳама дӯст медорад, бе ту зиндагӣ вуҷуд надорад. Модар барои ҳар як инсон азизтарин кас аст ва бесабаб нест, ки муқаддастарин мафҳум, яъне Ватанро ба модар баробар ва ҳамдариф донистаанд. Модар чароғи нурбахшу сафобахши ҳар як хонадон, ганҷи бебаҳо ва фариштаи илоҳиест барои фарзанд. Модар номи ту чунон бузургу муқаддас аст, ки ҳама бо ин ном мефахранду меболанд. Ҳар кас симои дилчаспу меҳрубононаи модарро мебинаду рӯҳаш тоза мешавад ва мехоҳад равшании шоми модар сарбаландии модар бошад.

Бале, мо ба шарофати модар ҳаст шудаем ва бо ризоияти ӯ ба саодати абадӣ мерасем. Агар тамоми умр дар хидмати модар бошем, боз ҳам дар пешгоҳи ӯ қарздорем ва аз ҳазор як ҳиссаи заҳматҳояшро ҷуброн накардаем.

Ҷойи ифтихор аст, ки дар фарҳанги ориёӣ ва исломии мо зан-модар, эҳтирому қадру манзалати ӯ ҷойгоҳи хосса доштааст. Модар дар шеъри оламгири мо фариштаест, ки аз меҳраш сириштаанд. Ҷаннат дар зери қадамҳои ӯст. Ҳамеша барои мо даст бар дуо баланд мекунад ва пирӯзиамонро дар рӯзгор хостор мешавад. Фарзанд дар дунёи рангини модар, ки бешубҳа, фарҳангистони адаб аст, ба воя мерасаду камол меёбад. Модар то ҳастему ҳаст, моро ҳамеша аз душвориҳо наҷот медиҳад ва дастгири мо дар зиндагӣ боқӣ мемонад. Воқеан ҳам, модар бо он қудрат ва рисолате, ки дорад, болотар аз фаришта аст, зеро баъд аз Худованд танҳо ӯст, ки меофарад ва бо кароматаш дарёи инсониро ҳамеша шодоб нигаҳ медорад. Яъне, модар сарчашмаи ҳаёт, офарандаи зиндагӣ, балки худи зиндагист. Ин аст, ки нақши модар дар зиндагӣ беҳамто ва ивазнашаванда аст. Модар дар ин дунё на танҳо роҳнамои фарзанд, балки аввалин муаллим, мураббӣ ва сарчашмаи илҳом аст.

Бо самимияту дӯстдорӣ ва муҳаббату қадршиносӣ ҷашн гирифтани Рӯзи модар дар кишвари мо нишонаи эътибору эҳтироми давлату Ҳукумат ва мардуми мамлакат ба модар ва қадру манзалати шоистаи ӯ мебошад.

Занону бонувон ва хоҳарону духтарони мо имрӯз бо рафтору гуфтори нек, андешаи солим, нангу номус ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми басо арзишманд доранд.

Имрӯз занону бонувони тоҷик дар ҳама соҳаҳову самтҳои фаъолияти ҷомеа, бахусус ҳамчун аъзои Ҳукумат ва вакили Парлумон, дар мақомоти ҳокимияти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ масъулияти идоракуниро бошарафона иҷро мекунанд. Онҳо дар баробари ин, ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.

Рӯзи модар рӯзест, ки ҳар яки мо метавонем муҳаббат ва эҳтироми худро нисбат ба модаронамон баён кунем. Гулҳою туҳфаҳо тақдим кунем. Дар ин рӯз мо қувват ва зебоии занона ва албатта, сипосгузориро нисбати модаронамон ҷашн мегирем. Меҳри модар як чизи нотакрор аст ва дар ин рӯз мо ба модарон барои ҳар коре, ки барои мо мекунанд, арзи сипос ва ғамхорӣ мекунем.

Бигзор, ҳар як модар дар ин рӯз эҳсос кунад, ки барои наздиконаш чӣ қадар муҳим ва арзишманд аст. Бигзор, ҳар як модар табассум, суханҳои зебо ва таваҷҷуҳро қабул кунад, то ҳама гармӣ ва муҳаббатеро, ки мо нисбат ба ӯ дорем, эҳсос кунад. Бигзор, ин рӯз пур аз шодӣ, табассум ва хушбахтӣ барои ҳамаи занон бошад.

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад, дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,

Ангезаест шояд аз аллаҳои модар.

Савриддин ЯТИМОВ,

Нигораи САЙМУМИН,

ассистентони кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявии факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодӣ