Аз замонҳои қадим мардуми Тоҷикистон бо офаридаҳои ҳунармандони мардумӣ ва устоҳои худ шуҳрат доштанд. Дастони моҳири косибу ҳунармандони тоҷик дар тӯли садсолаҳо матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, ашёи рӯзгор, ҷавоҳирот ва дигар маҳсулотро аз ашёи хоми табиӣ ва аз ҷиҳати экологӣ тоза омода мекарданд. Имрӯз аксари ин ашёҳо ба ёдгориҳои арзишманди фарҳангӣ ва тӯҳфаҳои хотиравӣ табдил ёфтаанд, ки меҳмонони хориҷӣ ҳангоми боздид аз Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон онҳоро харидорӣ мекунанд.

Дар Тоҷикистон сулолаҳои ҳунармандони мардумӣ мавҷуданд, ки санъати қадимиро аз насл ба насл мерос мегузаронанд. Яке аз намудҳои қадимтарини ҳунари мардумии тоҷикон - бофандагӣ мебошад. Аз ҷумла, маъмултарин навъҳои матоъҳои тоҷикӣ инҳоянд:

Зандона - аз замонҳои қадим маълум буда, дар Мовароуннаҳр, Хуросон, Эрон, инчунин дар Руси Қадим, кишварҳои Скандинавия, Чин ва Хилофати Араб васеъ паҳн гардида буд. Маркази истеҳсоли он дар деҳаи ҳамноми наздикии Бухоро ҷойгир буд. Дар давраи давлатдории Сомониён зандона ба кишварҳои гуногун содир мешуд. Он ҳам якранг ва ҳам нақшдор истеҳсол мегардид ва баъзан бо усули гиреҳбандӣ оро дода мешуд, ки асоси нақшу нигори абриро ташкил медод. Зандона то имрӯз бо шакли мукаммалтар боқӣ мондааст.

Алоча - матои рангоранги рах-рах аз абрешим ва пахта мебошад. Сатҳи ҳамвори он ҷилвагару дурахшон аст. Имрӯз устоҳои мардумии водии Ҳисор навъҳои гуногуни алочаро омода мекунанд. Одатан дар рӯзгор бештар ду навъи он истифода мешуд: зебак ва фаранҷӣ (аз риштаи аврупоӣ).

Бекасам - матои нимабрешимии бисёрранг буда, дорои нақшу нигори рах-рах мебошад. Дар Тоҷикистон имрӯз бекасамро асосан ҳунармандони Қаратоғ истеҳсол мекунанд.

Дар баробари ин, дар ҳунари мардумии тоҷикон матоъҳои пахтагии чопӣ низ машҳур буданд, аз ҷумла малла, фута. Бо маҳорати баланд ва нафосати махсус матоъҳои абрешимӣ, аз қабили кимхоб ва дибо, инчунин, рӯйпӯшҳои абрешимӣ бо нақшу нигори гуногунранги абрӣ омода мешуданд.

Зардӯзӣ - яке аз намудҳои паҳншудаи санъати ороишӣ-амалии тоҷикон мебошад. Дар гулдӯзии тиллоӣ ду навъи ришта истифода мегардид: тиллоранг ва сафед. Зардӯзӣ бештар барои ороиши бахмал ба кор мерафт. Дар гузашта он дар дӯхти чарм, мӯина ва матоъҳои пахтагӣ низ истифода мешуд. Ду навъи асосии зардӯзӣ мавҷуд аст: заминдузӣ ва гулдузӣ.

Заминдузӣ - нақшу нигори гуногунрангест, ки тамоми рӯйи матоъро фаро мегирад ва барои тамоми минтақаҳои Осиёи Марказӣ хос аст.

Гулдузӣ - нақше мебошад, ки бар асоси тасвири пешакӣ ба матоъ гузошташуда офарида мешавад. Ин услуб яке аз мураккабтарин навъҳои зардӯзӣ ба шумор меравад. Бо усули гулдузӣ ҷомаҳо, чапанҳо, пойафзоли арӯсӣ, тоқӣ, зебу зиннати аспҳо ва дигар ашёҳо оро дода мешаванд.

Дар зардӯзии муосир бештар гулдузӣ истифода мегардад, ки асосан барои тӯҳфа ба кор меравад. Риштаҳо дар таркибашон 10-20 фоиз тилло доранд. Аз ҷумлаи унсурҳои ороишӣ метавон офтоб, булбул, ғунча, садбарг, гулшан, чашми булбул ва мавҷро ном бурд. Зардӯзӣ, бахусус техникаи гулдузӣ, дар шароити муосир низ фаъолона истифода мешавад. Ин бештар дар истеҳсоли маҳсулоти тӯҳфавӣ мавриди корбурд қарор дорад ва ҳамзамон, рамзшиносии анъанавии нақшу нигорро чун гавҳараки чашм ҳифз менамояд.

Ҳамин тавр, ҳунарҳои мардумии тоҷикон як қисми нодири фарҳанги моддӣ ва маънавӣ мебошанд, ки дар ҷараёни рушди таърихии чандинсола ташаккул ёфтаанд. Бофандагии бадеӣ ва санъати зардӯзӣ дар миёни ҳунарҳои суннатӣ мақоми боло дошта, сатҳи баланди маҳорати ҳунармандон, зебоипарастӣ ва ҷаҳонбинии онҳоро инъикос менамоянд. Гуногунрангии матоъҳои суннатӣ, аз зандона ва алоча то парча ва бекасам ғановати мероси фарҳангӣ ва робитаҳои фаъоли фарҳангии Тоҷикистонро бо минтақаҳои Шарқ ва Ғарб нишон медиҳад.

Интиқоли маҳорати ҳунармандӣ аз насл ба насл ба ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таблиғи мероси фарҳангии халқи тоҷик дар фазои фарҳангии муосир мусоидат менамояд.

Гулшан НАВРУЗОВА,

мудири кафедраи забони русии ДДМИТ