АЗИЗУ МЕҲРУБОНАМ КИСТ, МОДАР!
Модар азизтарин инсон дар зиндагии ҳар яки мост. Ҳар як тифл, ҳар як фарзанд аз модар ба дунё меояд. Модар фарзандашро бо меҳру муҳаббати бепоён ба воя мерасонад. Модарон шабзиндадорӣ мекунанд, то фарзандонашон осуда хоб кунанд. Бо дастони гарму нармашон сари фарзандонро навозиш мекунанд ва ба овозҳои форамашон аллагӯён мехобонанд.
Дар фарҳанги мо модар аз ҳама шахси азиз аст. Зиндагӣ бе модар ҳеҷ маъное надорад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадри модарро хеле баланд ҳисобидаанд. Дар бораи зан-модар таъкид кардаанд, ки: "Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад" ва занону модаронро ҳамчун пойдевори ҷомеа шуморидаанд. "Биҳишт зери қадами модарон аст". Ин суханҳо маънои онро дорад, ки модар муқаддастарин ва бузургтарин инсон дар рӯи дунёст.
Беҳуда нагуфтаанд:
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт.
Гӯё ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Тасаввур кардан душвор аст, ки модар моро бо чӣ ранҷу азоб нӯҳ моҳу нӯҳ рӯз дар батни худ нигоҳ медорад. Баъд аз сипарӣ шудани нӯҳ моҳ ӯ моро ба дунё оварда, бо чӣ сахтиҳое тифли хурдро нигоҳубин мекунад.
Модар худаш нахӯрда моро мехӯронад, худаш напӯшида моро мепӯшонад. Ҳатто шабҳои дароз даст аз рӯи гаҳвораи мо нагирифта, худаш нахӯфта моро аллагӯён мехобонад. Модар аввалин шахсест, ки ба мо ҳарф заданро меомӯзад, дастамонро гирифта, роҳ рафтанро ёд медиҳад. Хулоса, модар аввалин шахсест, ки ҳамаи чизро ба мо аз хурдӣ ёд медиҳад. Модар ғамхори ҳар яки мо буда, роҳи ростро нишон медиҳад. Вақте мо хурсанд бошем, модар низ хурсанд мешавад ва ҳангоме ки ғамгин бошем, модар низ ҳоли моро дида ғамгину парешон мешавад.
Пас чӣ тавр ба қадри ин фариштаи заминӣ нарасем, чӣ тавр модарро азиз нашуморем.
Якшаба он ранҷ ки модар кашид,
Дар ду ҷаҳон ҳам натавон баркашид.
Омина ЗУҲУРОВА,
курси 1 ихтисоси менеҷменти факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng