ҶОВИДОН ХАЛИФАЗОДА: ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН - ШАХСИЯТИ НОТАКРОРИ ТАЪРИХ ВА ПЕШВОИ БЕНАЗИРИ МИЛЛАТ
(Ба муносибати 16 ноябр - Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Дар таърихи ҳар як миллат шахсиятҳое зуҳур мекунанд, ки номашон бо сарнавишти халқ ва Ватан пайванди ногусастанӣ пайдо менамояд. Барои мардуми шарифи тоҷик чунин шахсият Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Бе муболиға, ӯ шахсияти барҷастаи таърихӣ ва Пешвои миллат аст, ки маҳз дар ҳассостарин лаҳзаҳои ҳастии миллат масъулияти бузурги давлатдориро ба дӯш гирифта, барои ҳифзи давлатдории тоҷикон ва наҷоти кишвар аз вартаи нобудӣ нақши ҳалкунанда гузоштааст.
Ба ифтихори ин санаи муҳим ва бо дарназардошти аҳаммияти таърихии ниҳоди президентӣ ҳамасола 16 ноябр дар саросари кишвар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳтирому ифтихор таҷлил карда мешавад. Аммо чаро маҳз 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президент интихоб гардидааст? Посухи ин суолро бояд дар саҳифаҳои тақдирсози таърихи навини миллат ҷустуҷӯ кард. Воқеан, ин сана тасодуфӣ интихоб нашудааст. Маҳз дар ҳамин рӯз дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ ба кори худ оғоз намуд. Дар ҷараёни ин иҷлосия вакилони мардумӣ сарнавишти давлатро ба дасти фарзанди фарзонаи халқ - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон супориданд. Баъдан, маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ Пешвои миллат бори нахуст ба ҳайси Президенти Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганди садоқат ёд карданд. Ҳамин тариқ, 16 ноябр дар таърихи навини давлатдории тоҷикон ду рӯйдоди муҳими тақдирсозро таҷассум менамояд: оғози раванди наҷоти давлат ва шурӯи марҳилаи нави давлатдории миллӣ.
Аммо ин рӯз танҳо ҷашни як мансаб ё арҷгузорӣ ба як шахсият нест. Пас, Рӯзи Президент чӣ хусусият ва аҳаммияте дорад, ки онро аз дигар ҷашну санаҳои таърихӣ фарқ мекунонад? Пеш аз ҳама, ин рӯзи ёдоварӣ аз интихоби тақдирсози миллат ва эҳтиром ба ниҳоди президентӣ ҳамчун яке аз рукнҳои муҳими давлатдорӣ, кафили риояи Конститутсия, ҳифзи истиқлолу соҳибихтиёрӣ ва таъмини ягонагии кишвар мебошад. Ҳамзамон, ин рӯз фурсати муносибест барои арҷгузорӣ ба нақши роҳбарияти давлат дар таҳкими сулҳу субот, барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди кишвар. Ин рӯз, инчунин, моро водор месозад, ки ба роҳи тайкардаи давлат назар афканем, аз таҷрибаи таърихӣ сабақ гирем ва дар бораи ояндаи миллату давлат андеша намоем.
Бешубҳа, барои дарки аҳаммияти бузурги ин сана бояд ба ёд овард, ки Тоҷикистон дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо чӣ гуна мушкилоти сангин рӯ ба рӯ гардида буд. Давлати тозаистиқлоли тоҷикон ба гирдоби ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ афтода, хатари аз байн рафтани сохти давлатдорӣ ва пароканда шудани миллат ба воқеияти талх табдил ёфта буд. Оташи бародаркуш хонаҳоро месӯзонд, модарон дар интизори бозгашти фарзандони худ чашм ба роҳ буданд, кӯдакон ба ҷойи садои занги мактаб садои тирро мешуниданд. Ҳазорон нафар сокинон аз зодгоҳу макони зисти худ овора гардида, дар ғурбат сарсону саргардон буданд. Мақомоти давлатӣ фалаҷ шуда, сохторҳои муҳими идоракунӣ аз фаъолият бозмонда буданд. Дар чунин шароит хатари аз байн рафтани давлат ва пароканда гаштани миллат воқеӣ буд. Оё дар он рӯзҳои пурошӯб касе бовар дошт, ки ин сарзамини ҷангзада рӯзе боз осоиштагиро эҳсос хоҳад кард? Бисёриҳо ба фардои нек умед надоштанд ва ояндаи давлат норӯшан ба назар мерасид.
Дар чунин лаҳзаҳои ҳассос миллат ба роҳбари ҷасуру хирадманд, дорои иродаи қавӣ ва масъулияти баланди миллӣ ниёз дошт. Кӣ метавонист кишварро аз ин вартаи хатар берун оварад ва мардумро ба роҳи сулҳу субот раҳнамун созад? Маҳз дар чунин шароити ниҳоят душвор шахсияте ба майдони сиёсат омад, ки ҷасорат, матонат ва иродаи устувор дошт. Бояд таъкид кард, ки Пешвои миллат дар рӯзҳое ба роҳбарии давлат интихоб гардиданд, ки ин масъулият на имтиёз, балки пеш аз ҳама, бори гарони таърихӣ ва хатари ҷиддӣ ба ҷони роҳбар буд. Ӯ метавонист ин масъулияти сангинро напазирад, аммо ҳамчун фарзанди содиқи халқ дар рӯзи душвор аз мардуми худ рӯ нагардонд. Суханони нахустини ӯ на дар бораи интиқом, балки дар бораи сулҳ, оромӣ ва ба Ватан баргардонидани ҳар як гуреза буданд. Ин суханон оғози як аҳду паймони бузург бо халқ гардиданд ва тамоми фаъолияти минбаъдаи ӯ ба татбиқи ҳамин ҳадаф - расидан ба сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ равона шуд.
Ин ваъдаҳо дер нагузашта ба амали мушаххас табдил ёфтанд. Даврони соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик дастовардҳои зиёде ба бор овард. Аммо бузургтарин дастоварди он кадом аст? Бешубҳа, сулҳ ва ваҳдати миллӣ. Аз ин рӯ, яке аз муҳимтарин хизматҳои таърихии Пешвои миллат маҳз фароҳам овардани заминаҳои сулҳу субот ва ба ҳам овардани неруҳои гуногуни ҷомеа мебошад. Аммо ин сулҳ чӣ гуна ба даст омад? Ҷанги шаҳрвандиро танҳо бо роҳи истифодаи неру ҳал кардан имконнопазир буд. Сарвари давлат роҳи душвортар, вале хирадмандонаро интихоб карданд: роҳи музокирот, гуфтугӯ ва ҳамдигарфаҳмӣ.
Солҳои тулонӣ музокироти мураккаб идома ёфтанд. Гоҳе умеди расидан ба сулҳ коста мегардид, гоҳе вазъият боз ҳам муташанниҷ мешуд. Бо вуҷуди ин, талошҳо барои расидан ба созиш қатъ нагардиданд ва дари муколама ҳамеша боз нигоҳ дошта шуд. Ниҳоят, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ба анҷом расид ва барои барқарорсозии ҳаёти осоишта заминаи мусоид фароҳам омад.
Боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар сатҳи байналмилалӣ мавриди омӯзишу таваҷҷуҳ қарор гирифта, ҳамчун намунаи муҳими ҳалли мусолиматомези низоъҳо арзёбӣ мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки таҷрибаи сулҳи тоҷиконро метавон намунаи ибратомӯзи ҳалли мушкилоти сиёсӣ тавассути гуфтушунид ва созиш донист. Моҳияти ин таҷриба дар як андешаи муҳим ифода меёбад: гуфтугӯ ба ҷойи силоҳ, ҳамдигарбахшӣ ба ҷойи интиқом ва ваҳдат ба ҷойи ҷудоӣ. Пешвои миллат дар раванди сулҳофарӣ ва муттаҳидсозии ҷомеа нақши муҳим гузошта, барои ба ҳам омадани мардуми аз ҳам ҷудошуда ва барқарор шудани робитаҳои иҷтимоӣ заминаи заруриро фароҳам оварданд. Дар натиҷа, Тоҷикистон ҳамчун хонаи умумии ҳамаи шаҳрвандон ба марҳилаи нави зиндагии сиёсиву иҷтимоӣ ворид гардид.
Ҷолиби таъкид аст, ки дар баробари барқарорсозии сулҳу субот Пешвои миллат барои таҳкими пояҳои давлатдории навини тоҷикон низ талошҳои зиёд ба харҷ доданд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, Артиши миллӣ таъсис ёфт ва рамзҳои давлатии кишвар - Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ ҳамчун муқаддасоти давлатдорӣ мақоми худро пайдо карданд. Ҳамаи ин барои мардум на танҳо нишонаҳои соҳибдавлатӣ, балки рамзҳои истиқлол, озодӣ ва ифтихори миллӣ гардиданд. Ба ибораи дигар, халқи тоҷик пас аз садсолаҳо соҳиби давлати мустақили миллии худ гардид ва дар шароити нави таърихӣ барои таҳкими сохторҳои давлатдорӣ, ҳифзи истиқлол ва ташаккули низоми муосири идоракунӣ замина гузошта шуд.
Яке аз хизматҳои дигари муҳим дар даврони соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳ ба эҳёи хотираи таърихӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ мебошад. Пешвои миллат пайваста ба мардум ёдовар мешаванд, ки тоҷикон ворисони тамаддуни куҳанбунёд, фарзандони фарзонаи таърих ва идомадиҳандагони анъанаҳои бузурги илмиву фарҳангӣ мебошанд. Номи бузургоне чун Исмоили Сомонӣ, Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, Абулқосими Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём дар ташаккули худшиносии миллӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Пули миллии кишвар ба номи Сомонӣ гузошта шуд, забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ мақоми шоиста пайдо кард ва барои эҳтиром ва ҳифзи он таваҷҷуҳи бештар зоҳир гардид.
Ҳамчунин, ҷашнҳои бостонии аҷдодӣ - Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон ба ҳаёти маънавию фарҳангии мардум боз ҳам наздиктар гардиданд. Махсусан, бо ташаббусу талошҳои Тоҷикистон Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд ва ҳамчун ҷашни бузурги сулҳу дӯстӣ, эҳёи табиат ва ҳамбастагии инсонҳо дар ҷаҳон эътироф гардид. Зеро миллате, ки хотираи таърихӣ ва решаҳои фарҳангии худро намешиносад, наметавонад ҳувияти устувори миллӣ дошта бошад. Миллат бе хотираи таърихӣ ба дарахти бепояву реша монанд аст, ки бо вазидани андак боди ҳаводис метавонад устувории худро аз даст диҳад. Ҳамин тавр, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои таҳкими худшиносӣ, ҳувият ва ифтихори миллӣ заминаҳои нав фароҳам омаданд.
Пас аз таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва эҳёи ҳувияти миллӣ марҳилаи нави бунёдкорӣ ва рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар оғоз гардид. Пешвои миллат барои ояндаи Тоҷикистон ҳадафҳои муҳими стратегӣ муайян карданд. Таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати кишвар ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодии давлат табдил ёфтанд.
Махсусан, бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки орзуи чандин насли мардуми тоҷик ба ҳисоб мерафт, ба яке аз ҳадафҳои бузурги стратегии кишвар табдил ёфт. Ин иншооти азим на танҳо барои таъмини истиқлоли энергетикӣ, балки ҳамчун рамзи умед, созандагӣ ва иродаи устувори мардуми Тоҷикистон аҳаммияти хос дорад. Ҳамзамон, дар даврони соҳибистиқлолӣ сохтмони нақбҳо дар дили кӯҳҳои сарбафалак, бунёди роҳҳои нав ва таҷдиди инфрасохтори нақлиётӣ имкон фароҳам овард, ки минтақаҳои гуногуни кишвар ба ҳам пайваст шаванд. Роҳҳои байналмилалӣ Тоҷикистонро бо кишварҳои ҳамсоя ва бозорҳои ҷаҳонӣ наздиктар карданд. Ҳар як нақби нав, ҳар як роҳи нав ва ҳар як корхонаи нав аз талошҳои пайвастаи давлат ва ҷомеа дар роҳи ободонии кишвар шаҳодат медиҳад.
Воқеан, рушди Тоҷикистон натиҷаи меҳнати дастаҷамъона, заҳмати мардуми кишвар ва татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ мебошад. Дар ин раванд нақши роҳбарияти давлат дар муайян кардани ҳадафҳои стратегӣ, сафарбар намудани имкониятҳо ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масъалаҳои рушди кишвар назаррас аст. Сарвари давлат пайваста ба шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои дурдасти кишвар сафар намуда, бо намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла деҳқонону коргарон, омӯзгорону табибон ва ҷавонон мулоқот мекунанд. Ин гуна вохӯриҳо барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, баррасии мушкилоти мавҷуда ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли онҳо аҳаммияти муҳим доранд.
Дар баробари рушди иқтисодӣ ва инфрасохторӣ симои шаҳру деҳоти кишвар низ тадриҷан тағйир ёфт. Самари ин ҳама талошҳо дар куҷо бештар ба назар мерасад? Ба муҳити атрофи худ нигарем, метавонем тағйироти назаррасро мушоҳида намоем. Пойтахти азизамон - шаҳри Душанбе дар даврони соҳибистиқлолӣ аз як шаҳри ҷангзада ба пойтахти муосир ва рӯ ба рушд табдил ёфт. Биноҳои маъмурию фарҳангӣ, муассисаҳои таълимӣ, беморхонаҳо, боғу гулгаштҳо ва иншооти муосири хизматрасонӣ бунёд гардиданд. Дар шаҳру ноҳияҳои кишвар низ сохтмони иншооти нави иҷтимоӣ ва иқтисодӣ вусъат ёфта, барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум замина фароҳам оварда шуд. Ҳар як бинои нав, ҳар як мактабу беморхона ва ҳар як иншооти истеҳсолӣ метавонад рамзи пешрафту созандагӣ бошад.
Аммо сарвати асосии ҳар давлат танҳо биною иншоот ва захираҳои моддӣ нест. Сарвати воқеии давлат инсон, неруи зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа мебошад. Аз ҳамин ҷост, ки масъалаҳои иҷтимоӣ, маориф, илм, ҳифзи саломатӣ ва дастгирии гурӯҳҳои ниёзманди аҳолӣ дар сиёсати давлат аҳаммияти махсус доранд. Ғамхорӣ ба ятимону бепарасторон, кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва оилаҳои ниёзманд яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад. Фароҳам овардани шароити муносиб барои таҳсилу тарбия, таъмини имкониятҳои баробар ва дастгирии иҷтимоии чунин қишрҳои ҷомеа вазифаи муҳимми давлат ва ҷомеа мебошад.
Махсусан, таваҷҷуҳ ба насли наврас ва ҷавонон яке аз омилҳои асосии рушди устувори кишвар ба шумор меравад. Имрӯз дар саросари мамлакат муассисаҳои нави таълимӣ, мактабҳои замонавӣ ва донишгоҳу донишкадаҳо бунёд гардида, имкониятҳои таҳсил ва аз худ кардани донишҳои муосир васеътар шудаанд. Ҷавонони лаёқатманд барои идомаи таҳсил, иштирок дар озмунҳои илмӣ ва касбомӯзӣ имкониятҳои бештар пайдо мекунанд. Зеро ояндаи миллат аз сатҳи дониш, маърифат, ҷаҳонбинӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҷавонон вобастагии мустақим дорад. Ҷавонон на танҳо ояндаи кишвар, балки неруи пешбарандаи имрӯзу фардои он мебошанд. Аз ин рӯ, тарбияи насли донишманду ватандӯст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ яке аз вазифаҳои муҳимми ҷомеаи муосири Тоҷикистон аст.
Боиси қаноатмандист, ки дар арсаи байналмилалӣ низ Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ мавқеи худро тадриҷан таҳким бахшидааст. Кишвари мо, ки дар солҳои аввали истиқлол бештар бо мушкилоти ҷанги шаҳрвандӣ шинохта мешуд, имрӯз ҳамчун давлати сулҳдӯст, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои байналмилалӣ муаррифӣ мегардад. Сиёсати «дарҳои кушода» барои густариши муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон заминаи мусоид фароҳам овард.
Махсусан, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо ва тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб намудаанд. Бо пешниҳоди Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид қатъномаҳои муҳим дар масъалаҳои об ва иқлим қабул гардидаанд. Ин иқдомҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон дар баробари ҳифзи манфиатҳои миллии худ ба ҳалли масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ низ саҳм гузоштан мехоҳад. Имрӯз масъалаи об, ки барои зиндагии инсон, рушди иқтисодиёт ва ҳифзи муҳити зист аҳаммияти ҳаётӣ дорад, ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст.
Ҳамзамон, масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо, мубориза бо тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва таъмини рушди устувор низ аз ҷумлаи мавзуъҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ мебошанд. Ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самтҳо барои баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи байналмилалӣ ба мушкилоти минтақаҳои кӯҳистон мусоидат мекунанд. Ин иқдомҳо, инчунин, аз масъулияти кишвар дар назди наслҳои имрӯзу оянда шаҳодат медиҳанд.
Дар баробари ин, Пешвои миллат дар баромадҳои худ пайваста аз таҳдидҳои терроризм, экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир изҳори нигаронӣ намуда, ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкории муштарак дар мубориза бо ин хатарҳо даъват мекунанд. Таҷрибаи талхи ҷанги шаҳрвандӣ барои Тоҷикистон аҳаммияти сулҳу субот, таҳаммулпазирӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеаро боз ҳам равшантар намуд. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ, пешгирии низоъҳо ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву худшиносии миллӣ аз вазифаҳои муҳимми давлат ва ҷомеа ба шумор мераванд.
Дар ҳақиқат, агар ба роҳи тайкардаи Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ назар андозем, як ҳақиқати муҳим равшан мегардад: рушди давлат, таҳкими сулҳу субот ва болоравии нуфузи байналмилалии кишвар натиҷаи талошҳои муштараки давлату ҷомеа ва фаъолияти пайвастаи ниҳодҳои давлатӣ мебошад. Дар ин раванд саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат ва ташаббускори як қатор иқдомҳои муҳимми сиёсиву иҷтимоӣ назаррас аст. Таърихи навини Тоҷикистон аз рӯйдодҳои муҳиме иборат аст, ки ҳар кадоми онҳо дар ташаккули давлатдории миллӣ нақши худро гузоштаанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро метавон роҳбари сулҳофар ва ваҳдатсоз номид, зеро дар даврони роҳбарии ӯ барои барқарор намудани сулҳу субот ва ба ҳам овардани қишрҳои гуногуни ҷомеа талошҳои пайваста анҷом дода шуданд. Маҳз сулҳу оромӣ барои мардуми Тоҷикистон имконият фароҳам овард, ки ба зиндагии осоишта баргарданд, фарзандони худро ба мактаб фиристанд, ба меҳнат машғул шаванд ва дар бунёди ояндаи кишвар саҳм гузоранд. Сулҳ неъмати бузургест, ки ҳифзу таҳкими он вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолӣ ҳамчун роҳбари созанда ва бунёдкор низ шинохта шудаанд. Барқарорсозии инфрасохтори харобшуда, сохтмони роҳҳо, пулҳо, неругоҳҳо, муассисаҳои таълимӣ ва тандурустӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти давлат ба шумор меравад. Ин ҳама барои беҳтар гардидани шароити зиндагии мардум, рушди иқтисоди миллӣ ва таҳкими иқтидори кишвар мусоидат мекунад. Созандагӣ ва бунёдкорӣ танҳо сохтани иншоот нест, балки фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии шоистаи мардум ва таъмини ояндаи наслҳои минбаъда мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста ба масъалаи ватандӯстӣ, ҳифзи истиқлол ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Воқеан, муҳаббат ба Ватан, эҳтиром ба таърих ва фарҳанги миллӣ, ҳифзи забони давлатӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ бояд ҷузъи ҷудонашавандаи ҷаҳонбинии ҳар як шаҳрванди кишвар бошанд. Зеро истиқлол танҳо неъмати ба дастомада нест, балки масъулияти бузургест, ки ҳифзу таҳкими он аз ҳар яки мо талошу садоқат талаб мекунад.
Яке аз масъалаҳои муҳимми сиёсати давлатӣ низ рушди маориф ва илм мебошад. Дар ҷаҳони муосир, ки бо суръати баланд тағйир меёбад, танҳо ҷомеаи донишманд метавонад мавқеи худро ҳифз намуда, ба дастовардҳои нав ноил гардад. Аз ин рӯ, сармоягузорӣ ба соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълим, омода кардани мутахассисони соҳибкасб ва рушди таҳқиқоти илмӣ аҳаммияти аввалиндараҷа дорад. Ҷавонони босаводу соҳибмаърифат метавонанд дар рушди иқтисод, фарҳанг, технология ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа саҳми арзанда гузоранд.
Ҳамчунин, дар даврони соҳибистиқлолӣ ташаккул ва рушди низоми давлатдории миллӣ, таҳкими пояҳои ҳуқуқии давлат ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ аз ҷумлаи дастовардҳои муҳим ба шумор мераванд. Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи байналмилалӣ дар доираи созмонҳои минтақавию ҷаҳонӣ ҳамкории худро идома медиҳад. Ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини амнияти кишвар, таҳкими истиқлол ва густариши муносибатҳои дӯстона бо давлатҳои ҷаҳон аз самтҳои муҳимми сиёсати хориҷии ҷумҳурӣ мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун роҳбари давлат дар даврони соҳибистиқлолӣ бо ташаббусҳои гуногун дар масъалаҳои об, ҳифзи пиряхҳо, тағйирёбии иқлим ва дигар мушкилоти глобалӣ саҳм гузоштаанд. Ин ташаббусҳо ба баланд гардидани эътибори байналмилалии Тоҷикистон ва муаррифии имкониятҳои кишвар мусоидат мекунанд. Ҳамзамон, онҳо нишон медиҳанд, ки давлатҳои хурду миёна низ метавонанд бо пешниҳодҳои созанда ва иқдомҳои мушаххас дар ҳалли масъалаҳои умумибашарӣ саҳми арзанда дошта бошанд.
Ҳамаи ин равандҳо моро водор месозанд, ки ба масъалаи масъулияти шаҳрвандӣ ва нақши ҳар як фарди ҷомеа дар рушди кишвар таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем. Зеро ободии Ватан танҳо вазифаи давлат ё як гурӯҳи муайяни одамон нест. Ҳар як шаҳрванди кишвар, новобаста аз касбу кор ва мавқеи иҷтимоии худ, метавонад дар пешрафти Тоҷикистон саҳм гузорад. Омӯзгор бо таълиму тарбияи насли донишманд, табиб бо ҳифзи саломатии мардум, деҳқон бо истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, муҳандис бо бунёди иншооти муҳим ва ҷавон бо омӯзиши илму касб дар ободии Ватан саҳми арзанда мегузорад.
Ин сифатҳои неки шаҳрвандӣ ва намунаҳои ватандӯстӣ, пеш аз ҳама, барои насли наврас аҳаммияти тарбиявӣ доранд. Хушбахтона, имрӯз дар Тоҷикистон насли наве ба камол мерасад, ки даҳшатҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар нагузаронидааст. Ин яке аз бузургтарин неъматҳои сулҳу субот мебошад. Аммо насли ҷавон бояд донад, ки оромии имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст. Дар паси ҳар рӯзи осудаи мо таҷрибаи талхи таърих, талошҳои зиёд ва заҳматҳои фарзандони содиқи миллат қарор доранд. Аз ин рӯ, вазифаи насли имрӯза аз он иборат аст, ки қадри сулҳу истиқлолро донад, ваҳдати миллиро ҳифз намояд ва барои ободии кишвар саҳми худро гузорад.
Пас, вазифаи ҳар як ҷавони тоҷик аз чӣ иборат аст? Пеш аз ҳама, омӯзиши пайваста, аз худ кардани донишҳои замонавӣ, соҳиб шудан ба касбу ҳунар, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат. Ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ояндаи Тоҷикистон аз сатҳи маърифат, ҷаҳонбинӣ, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи онҳо вобаста аст. Ватан аз они ҳамаи мост ва ободиву пешрафти он низ ба саъю талоши ҳар яки мо вобастагӣ дорад.
Аз ин рӯ, имрӯз вазифаи ҳар яки мо арҷгузорӣ ба таърихи давлатдории миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои истиқлол ва қадршиносии хизматҳои шахсиятҳое мебошад, ки дар лаҳзаҳои тақдирсоз барои ҳифзи давлат ва таҳкими сулҳу субот талош кардаанд. Ҳамватани азиз, ба гузаштаи начандон дури кишвар назар андоз ва вазъи имрӯзаи онро бо рӯзҳои пурошӯби солҳои аввали истиқлол муқоиса намо. Он гоҳ аҳаммияти сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва истиқлолро бештар дарк хоҳӣ кард. Таърих борҳо собит намудааст, ки қадршиносии шахсиятҳои таърихӣ ва омӯзиши фаъолияти онҳо барои наслҳои оянда аҳаммияти бузург дорад.
Бешубҳа, қадршиносӣ на танҳо бо сухан, балки пеш аз ҳама, бо амал ифода меёбад. Деҳқоне, ки заминро обод мекунад ва ҳосили фаровон ба даст меорад, омӯзгоре, ки шогирди донишманду ватандӯст тарбия менамояд, ҷавоне, ки бо ҳисси баланди масъулият сарҳади Ватанро посбонӣ мекунад, табибе, ки барои ҳифзи саломатии мардум заҳмат мекашад ва модаре, ки фарзанди солеҳу ватандӯст ба воя мерасонад, ҳар кадом бо фаъолияти созандаи худ дар ободии кишвар саҳм мегузоранд. Маҳз чунин амалҳои нек ва масъулиятшиносӣ метавонанд беҳтарин нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ бошанд.
Биёед, ҳамватанони азиз, дар роҳи ҳифзи сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ободонии Тоҷикистони азиз боз ҳам муттаҳид бошем. Ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, истиқлолро гиромӣ дорем ва барои пешрафти кишвари маҳбубамон аз тамоми имкониятҳои худ истифода барем. Зеро миллате, ки таърихи худро медонад, арзишҳои миллиашро пос медорад ва барои ояндаи худ масъулият эҳсос мекунад, метавонад ба дастовардҳои бузург ноил гардад.
Ҳамин тариқ, ҳар як саҳифаи таърихи навини Тоҷикистон аз талошҳои муштарак барои ҳифзи истиқлол, барқарорсозии сулҳу субот ва бунёди давлати муосири миллӣ шаҳодат медиҳад. Номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ бо марҳилаҳои муҳими ин таърих пайванди ногусастанӣ дорад. Нақши ӯ дар раванди ташаккули давлатдории навини тоҷикон, барқарорсозии сулҳу субот ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мавриди омӯзишу арзёбии наслҳои имрӯз ва оянда қарор хоҳад гирифт.
Бигзор ин ҷашни фархунда ба ҳар хонадони тоҷик сулҳу оромӣ, файзу баракат, хушбахтӣ ва рӯзгори обод оварад. Бигзор Тоҷикистони азизамон дар фазои сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ ҳамеша рӯ ба рушд дошта, дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро боз ҳам таҳким бахшад.
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи ҳамватанони азиз муборак бод!
Ҷовидон ХАЛИФАЗОДА,
сардори раёсати илм ва инноватсияи ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng