ПАЁМ - РОҲНАМОИ РУШДИ УСТУВОРИ ТОҶИКИСТОН
Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар марҳалаи бисёр муҳимми таърихии давлатдории миллӣ ироа гардид. Паём дар шароите пешниҳод гашт, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бо таҳдидҳои гуногун, аз ҷумла нооромии сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодӣ, тағйирёбии иқлим ва афзоиши мухолифатҳои байналмилалӣ рӯ ба рӯст. Дар чунин вазъ таъмини амнияти миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ҳамчун ҳадафҳои аввалиндараҷаи давлат муайян карда шуданд.
Имрӯз кишвар дар марҳалаи нави тараққиёт қарор дошта, бо татбиқи пайвастаи стратегияву барномаҳои давлатӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида истодааст.
Бо вуҷуди пешравиҳо, тавре Роҳбари давлат дар Паёми қаблии хеш низ ба вазъи мураккаби ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, таъкид карда буданд, таҳримҳо, мусаллаҳшавии бошитоб, тағйирёбии иқлим ва канда шудани занҷираҳои таҳвили молу маҳсулот метавонанд ба иқтисоди миллӣ таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардид, ки барои пешгирии чунин таъсирҳо тадбирҳои саривақтӣ андешад ва рушди иқтисодро дар заминаи ҳадафҳои миллӣ таъмин намояд. Ҳадафи олии сиёсати давлат фароҳам овардани зиндагии шоиста барои ҳар як шаҳрванди кишвар арзёбӣ шуд.
Дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои васеи ободониву бунёдкорӣ анҷом дода шуданд. Бо саҳми соҳибкорон ва сокинони кишвар садҳо муассисаҳои маорифу тандурустӣ, варзишу фарҳанг ва дигар иншоот ба истифода дода шуданд. Ин раванд нишон медиҳад, ки ҳамкории давлат ва ҷомеа дар пешрафти кишвар нақши ҳалкунанда дорад.
Тадбирҳои амалигардида ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуданд. Даромади пулии аҳолӣ дар панҷ сол се баробар афзоиш ёфта, музди миёнаи меҳнат ва андозаи нафақа ба таври назаррас зиёд гардид. Дар баробари ин, сатҳи таваррум дар доираи муътадил нигоҳ дошта шуд, ки ин ба беҳтар шудани қобилияти харидории аҳолӣ мусоидат намуд. Ин нишондиҳандаҳо гувоҳи онанд, ки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳифзи манфиатҳои мардум равона шудааст.
Дар Паёми навбатӣ вазифаҳои мушаххас барои соли 2026 муайян гардиданд. Аз ҷумла, рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои муосир ҳамчун омили муҳими таъмини шаффофият, пешгирии коррупсия ва баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ арзёбӣ гардид.
Саноат ва энергетика ҳамчун пояҳои истиқлолияти иқтисодӣ дар Паём мавқеи хос доштанд. Дар панҷ соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб ду баробар афзоиш ёфта, ҳазорҳо ҷойи кории нав таъсис дода шуд. Бо вуҷуди ин, супориш дода шуд, ки барои ноил шудан ба ҳадафи саноатикунонии босуръат суръати рушди соҳа бояд боз ҳам баланд бардошта шавад.
Дар соҳаи энергетика корҳои бузурги таҷдиду сохтмон идома доранд ва татбиқи лоиҳаи неругоҳи «Роғун» ҳамчун иншооти стратегии миллӣ аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Тибқи дурнамо, Тоҷикистон аз соли 2027 ба истиқлоли пурраи энергетикӣ ноил мегардад.
Дар баробари рушди иқтисодӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар маркази сиёсати давлат қарор дорад. Барои соҳаҳои иҷтимоӣ ҳамасола маблағгузорӣ зиёд гардида, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва варзиш мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор доранд. Баланд бардоштани маош, нафақа ва стипендияҳо, муқаррар намудани ҳадди ақалли музди меҳнат ва дастгирии табақаҳои осебпазири аҳолӣ аз ҷумлаи тадбирҳои муҳим мебошанд.
Маориф ҳамчун заминаи рушди устувори давлат арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки сифати давлат аз сифати аҳолӣ вобаста аст. Сохтмони муассисаҳои таълимӣ, рушди таҳсилоти томактабӣ, баланд бардоштани сатҳи касбияти омӯзгорон ва густариши омӯзиши забонҳои хориҷӣ вазифаҳои асосӣ мебошанд. Дар ин замина, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва мутобиқ сохтани низоми таълим ба талаботи замони муосир аҳаммияти хоса дорад.
Ҷавонон ҳамчун қувваи асосии пешбарандаи ҷомеа дар Паём мақоми махсус гирифтанд. Тарбияи ватандӯстӣ, баланд бардоштани ҳисси худшиносӣ, пешгирии ифротгароӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил ва шуғли ҷавонон аз вазифаҳои муҳим арзёбӣ шуданд. Давлат ба ҷавонон ҳамчун такягоҳи боэътимод ва ояндаи миллат эътимоди комил дорад.
Дар сиёсати хориҷӣ Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодаро идома дода, ба ҳамкориҳои байналмилалӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ташаббусҳои кишвар дар соҳаи обу иқлим, ҳамкорӣ бо созмонҳои байналмилалӣ ва таҳкими равобит бо кишварҳои минтақа ва ҷаҳон аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб мераванд. Тоҷикистон омода аст, ки дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ саҳми арзандаи худро гузорад.
Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати фарогир ва роҳнамо барои рушди минбаъдаи кишвар мебошад. Он дастовардҳои то имрӯз ноилшударо ҷамъбаст намуда, вазифаҳои мушаххасро барои оянда муайян кард. Амалӣ гардидани ин ҳадафҳо ба ваҳдати миллӣ, заҳмати содиқонаи мардум ва масъулияти баланди роҳбарону мутахассисон вобаста мебошад. Бо такя ба ин омилҳо, Тоҷикистон метавонад бо қадамҳои устувор ба сӯи рушди ҳамаҷониба ҳаракат намуда, ҳамчун кишвари пешрафтаву неруманд, соҳибмақом дар минтақа ва дорои муҳити зиндагии ободу сарсабз шинохта шавад.
Қаландар САФАРОВ,
декани факултети иқтисод ва идоракунии давлатӣ
Тоҷ
Рус
Eng