Коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеа буда, дар тули таърихи инсоният ба устувории давлатҳо, рушди иқтисод ва муносибатҳои иҷтимоӣ таъсири манфӣ расонидаст. Ин амал дар ҳар давру замон ҳамчун омиле шинохта мешавад, ки обрӯву эътибори шахсро коста намуда, раванди рушди давлатдориро суст мегардонад.

Пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ рӯ ба рӯ шуда, афроде пайдо шуданд, ки аз ин вазъият истифода бурда, даст ба амалҳои коррупсионӣ заданд.

Густариши коррупсия метавонад ба амнияти миллӣ, қувваи мудофиавӣ ва қобилияти давлат дар ҳимояи манфиатҳои мардум таъсири манфӣ расонад.

Таҳқиқоти таърихӣ нишон медиҳанд, ки зуҳуроти монанд ба коррупсия ҳанӯз аз замони Бобулистони қадим вуҷуд доштааст. Дар қонунҳои Хаммурапӣ низ нишонаҳои ҷазо барои амалҳои фасодкорона зикр гардидаанд. Дар давраҳои қадим коррупсия ба маънои "фасод", "фурӯхтани мансаб" фаҳмида мешуд ва иҷрои фаъолият барои манфиати шахсӣ маҳкум карда мешуд.

Дар ҷаҳони муосир мубориза бо коррупсия яке аз масъалаҳои марказӣ ба шумор меравад. Созмони Милали Муттаҳид озмунҳои байналмилалии муқовимат ба коррупсияро роҳандозӣ намуда, соли 2003 Конвенсияи зиддикоррупсиониро қабул кард. 9 декабр ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бо коррупсия эълон шудааст. Тоҷикистон соли 2006 ба ин ҳуҷҷат ҳамроҳ гардид ва он соли 2008 аз ҷониби парлумони кишвар тасдиқ карда шуд.

Пас аз истиқлол, паҳншавии коррупсия ба мушкили ҷиддӣ табдил ёфт. Сатҳи пасти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, мушкилоти иқтисодӣ ва омода набудани ҷомеа ба низоми бозорӣ аз омилҳои асосии пайдоиши фасод ба шумор мерафтанд. Ҳукумати кишвар дарк намуд, ки идомаи ин раванд барои рушди демократия ва устувории давлат хатар меорад. Аз ин рӯ, ислоҳоти ҳуқуқиро роҳандозӣ намуда, қонунҳои нави зиддикоррупсиониро қабул намуданд.

Президенти кишвар соли 1997 зикр намуда буданд, ки ба ҳар гуна ришвахӯрӣ, азхудкунӣ ва поягузории ҷиноятҳои иқтисодӣ набояд имтиёз дода шавад ва давлат барои чунин кирдорҳо бахшиш намекунад.

Дар стратегияҳои муқовимат ба коррупсия ташкили барномаҳои идоравии зиддикоррупсионӣ, пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва таҳлили хавфҳои коррупсионӣ вазифаи муҳим дониста мешуд.

Агар коррупсия сари вақт маҳдуд карда нашавад, метавонад ба амнияти миллӣ таҳдид эҷод намояд:

  • иқтисодиёти пинҳонӣ зиёд мешавад;
  • андозҳо ба буҷет кам ворид мешаванд;
  • фишангҳои идоракунии давлатӣ самаранокиро аз даст медиҳанд;
  • хароҷоти коррупсионӣ ба болоравии нархҳо меорад;
  • сатҳи камбизоатӣ афзоиш меёбад;
  • эътимоди мардум ба давлат коҳиш меёбад.

Коррупсия на танҳо масъалаи дохилии ин ё он кишвар, балки мушкили глобалии ҷаҳони муосир аст. Он дар давлатҳои пешрафта ва дар кишварҳои рӯ ба рушд ба шаклҳои гуногун зоҳир мегардад. Барои дарки дақиқи мафҳуми коррупсия олимон таъкид мекунанд, ки ин амал танҳо бо пора гирифтан маҳдуд намешавад, балки ҳама гуна истифодаи мансаб ба манфиати шахсӣ, аз ҷумла суиистифода аз ваколат, додани имтиёзҳои ғайриқонунӣ, хешутаборчигӣ, азхудкунии моликият ва дахолат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ низ ба ин мафҳум дохил мешавад.

Дар қонунгузории Тоҷикистон (Қонун «Дар бораи муқовимат ба коррупсия», 2020) коррупсия ҳамчун ҳар гуна ҳаракат ё беҳаракатии шахси мансабдор, ки бо истифода аз вазифаи худ ба манфиати шахсӣ неъматҳои моддию ғайримоддӣ ба даст меорад, гуфта шудааст.

Конвенсияи СММ низ коррупсияро ҳамчун суиистифода аз ҳокимияти давлатӣ бо нияти ба даст овардани фоидаи шахсӣ шарҳ медиҳад, ки ба он порагирӣ, азхудкунии моликият, ришвадиҳии тиҷоратӣ ва дигар намудҳои ҷиноятҳои иқтисодӣ дохил мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ин иброз намуданд “Коррупсия зуҳуроти номатлубест, ки эътимоди мардумро ба давлат коста гардонида, обрӯву эътибори онро коҳиш медиҳад, барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меоварад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад”.

 

Рухшона ДАВЛАТОВА,

муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ