Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ санаи 16-уми декабри соли 2025 баргузор гардид. Хеле рамзӣ аст, ки дар суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавқеи ҳимояи манфиатҳои мардуми Тоҷикистон ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа дар Паёми навбатӣ баръало ҳис гардида, аз тарафи Роҳбари давлат ироа шудани манфиатҳои миллии кишвар дар амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи тоҷик эҳсос карда мешавад.

Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба амалӣ намудани ҳадафҳои асосӣ - таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, саноатикунонии босуръати мамлакат диққати махсус доданд. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибороз доштанд, ки ба мақсади ноил гардидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар дар давраи татбиқи он (солҳои 2019-2025), яъне, дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта, ба истифода дода шудааст.

Бояд қайд намоем, ки нуқтаи муҳими Паём, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат таҳлил ва баррасӣ гардид, ин буд, ки соли 2025-ум 400 корхонаи истеҳсолӣ ба фаъолият оғоз намудааст. Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки дар муқоиса ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 миллиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида, афзоиши ин нишондиҳанда 3,4 баробар таъмин карда шуд. Пешвои муаззами миллат қайд намуданд, ки агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯйи маҳсулот (тилло, нуқра ва хокаи сурб) истеҳсол гардида бошад, пас дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст. Бояд гуфт, ки ҳоло истеҳсоли тилло назар ба соли 1991-ум 7 баробар, нуқра 6 баробар ва хокаи сурб 9 баробар зиёд гардидааст.

Тадбирҳои дар самти саноатикунонии босуръати кишвар андешидашуда имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа дуюним баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025-ум 22 фоизро ташкил дод. Ба идомаи ин раванд, Пешвои миллат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав таъкид намуданд, ки бо истифода аз тамоми иқтидору имкониятҳо рушди воқеии солонаи соҳаро дар давоми панҷ соли минбаъда бояд дар сатҳи на кам аз 25 фоиз таъмин намояд. Дар ин росто, бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ ҷиҳати таъсис додани корхонаҳои нав барои коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, хусусан маъдан, металлҳои ранга ва нодиру қиматбаҳо, маҳсулоти кишоварзӣ ва растаниҳои шифобахш тадбирҳои иловагӣ андешида, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва ивазкунандаи воридот зиёд карда шавад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бояд Барномаи нави саноатикунонии босуръати кишварро барои солҳои 2026-2030 ва Барномаи рушди истеҳсолу ғанигардонии металлҳои ранга, нодиру қиматбаҳо ва дигар ашёи хоми муҳимро қабул ва амалӣ гардонад. Дар баробари ин, ҷиҳати таъмин намудани истифодаи самараноку оқилонаи захираҳои зеризаминӣ, тақвияти назорати давлатӣ, мусоидат ба рушди устувори соҳаи истихроҷ ва геологияи кишвар чораҳои иловагиро татбиқ намояд.

Мо - кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон дар якҷоягӣ, бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, аз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ намуда, дар рушди созандагию бунёдкорӣ ва баҳри тарбияи насли наврас саҳми арзандаи хешро гузошта, бо дастовардҳои назаррас истиқбол намудани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯшишу талош менамоем.

 

Садриддин РАҶАБОВ,

эдвайзери тарбияи факултети менеҷмент ва ҳуқуқи иқтисодии ДДМИТ