ПАЁМИ ПЕШВО – ПАЙҒОМИ УМЕДҲОИ САБЗ
Ҳамасола дар фароварди сол Паёми Пешвои миллат, ки ба марҳилаи муайяни рушди самтҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ марбут буда, дар он ҳадафҳои асосӣ ва барномаҳои мушаххасгардида ҷиҳати фаъолияти минбаъда ба таври таҳлилӣ, возеҳу равшан, дар заминаҳои асосноки илмӣ тарҳрезӣ мешавад, ба аҳли ҷомеа ироа мегардад.
Ҳадафи асосии Паём низ раҳнамоии ҷомеа ба сӯйи ояндаи устувор, зиндагии шоиста ва таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мебошад. Ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз раванди рушди кишварро бо такя ба таҳлили воқеӣ ва пешгӯии илмӣ арзёбӣ намуда, вазифаҳо ва афзалиятҳои стратегии сиёсати давлатиро барои тамоми соҳаҳои фаъолияти давлат мушаххас месозад.
Аз натиҷаи таҳлили Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки беҳбуди вазъияти зиндагии мардум, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, таъмини суботу амнияти мамлакат дар маркази сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дошта, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, коммуникатсия ва ғайра мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шудаанд.
Мо ҳамеша мушоҳида мекунем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи хос медиҳанд ва диққати мардуми кишварро ба дарки истилоҳи «бедориву ҳувияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ» ҷалб мекунанд.
Ба истиқболи ҷашни фархундаи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон гардидани соли 2026 боз як далели маҳками бунёдкор, созанда, ободгар ва миллатсозу дурандеш будани Пешвои миллат мебошад, ки он метавонад заминаи устувор барои пешрафти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвар гардад.
Ташаббуси мазкур мардуми заҳматкаши моро ба созандагӣ, масъулиятшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят мекунад. Бунёдкорӣ на танҳо сохтмони иншоот, балки ободии тафаккур, ахлоқ ва маърифати шаҳрвандон аст. Тақвияти худогоҳии миллӣ бошад, ҳисси ифтихор аз таърих, фарҳанг ва истиқлолро бештар намуда, ваҳдати ҷомеаро таҳким мебахшад.
Тавре Сарвари давлат пайваста таъкид мекунанд, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила, пеш аз ҳама, кӯчаву хона ва маҳалли зистро тозаву озода намояд ва саҳми худро дар ободии Ватани азизи хеш гузорад, саросари Тоҷикистони азиз ободону шукуфон боқӣ мемонад.
Дар доираи ҳамин дастуру раҳнамоиҳои Пешвои миллат раёсати маъмурию хоҷагии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон баҳри ободу зебо гардонидани гирду атрофи таълимгоҳ, саҳни он, хобгоҳҳо ва дигар иншооти ба он вобасташуда талошу кӯшиш ба харҷ дода истодаанд. Дар асоси дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ, раёсати маъмурию хоҷагӣ барои тамоми биноҳои таълимию хобгоҳҳои донишгоҳ нақшаи чорабиниҳои мушаххас тартиб дода, иҷрои корҳои банақшагирифташударо амалӣ менамояд.
Ҳамчунин, қайд намудан ба маврид аст, ки дар гирду атрофи биноҳои таълимӣ ва хобгоҳҳои донишгоҳ дарахтони ҳамешасабзу сояафкан, 4000 дона гул, 20 адад буттаи ҳамешасабз ва 3000 дона буттагули садбарг шинонида шуд, ки ба саҳни донишгоҳ шукуҳу шаҳомати хоса мебахшад.
Дар доираи эълон гардидани соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ҳар яки мо, шаҳрвандони бомаърифати ин Ватани соҳибистиқлолро месазад, ки баҳри иҷрои рисолати баланди шаҳрвандии худ ҷиҳати ободу зебо гардонидани маҳалли истиқомат, ҷойи фаъолият, кӯчаву хиёбон ва дар маҷмуъ, ҳар як гӯшаи Ватани маҳбуб, инчунин, тарбияи насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи худогоҳиву худшиносии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху тамаддун ва фарҳанги бою пурғановати миллати тоҷик камари ҳиммат бандем.
Мо мушоҳида ва дарк менамоем, ки Президенти мамлакат зимни ҳар баромаду вохӯриҳояшон ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ аҳамияти махсус медиҳанд. Зеро агар наврасону ҷавононро аз аввал бо мафҳуми «худшиносӣ» ошно намуда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, мақсади аслии худшиносиро, ки камоли маънавию ахлоқист, амиқ дарк менамоянд. Дар ин маврид, Пешвои миллат боз ҳам такрор менамоянд, ки: «Бидуни худшиносӣ ба арсаи таърих пой гузорем, бо чашми пӯшида ва гӯши ношунав қадам хоҳем зад».
Ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, бо шукргузорӣ аз даврони амну амони истиқлол кӯшиш ба харҷ диҳад, то баҳри рушди соҳаҳои мухталифи кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмардона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад.
Бояд дарк кард, ки худшиносии шахсият ва худшиносии миллат барои мустақилияти фард ва истиқлол чун пояи мустаҳкам хидмат карда, аз вобастагӣ ба дигарон ва фармонравоӣ бар бегонагон эмин нигаҳ медоранд. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо ин масъала ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, то дар ин мавзуъ амиқан биандешад ва рафтори шоиста намояд.
Дар маҷмуъ, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёмҳои ҳарсола иброз мегарданд, имкон медиҳад, ки ободии Ватан ва пешрафти давлат таъмин карда, халқи тоҷик ба амалӣ шудани ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ноил гардад.
Паёми Президенти мамлакат ҳамчун ҳуҷҷати стратегии роҳнамо барои фаъолияти минбаъдаи ҳар як фарди худшиносу миллатдӯст ва ватанпарвари тоҷик аҳамияти хос дошта, иҷрои пайгирона, босамар ва масъулонаи дастуру супоришҳои дар он зикршуда омили муҳими таъмини рушди босуботи кишвар ва таҳкими эътимоди ҷомеа ба мақомоти давлатӣ мебошад.
Диловаршоҳ МУРОДЗОДА,
муовини ректори ДДМИТ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва маъмурию хоҷагӣ
Тоҷ
Рус
Eng