АЗ ТАЪРИХИ ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ
Миллати тоҷик дар тули таърих шахсиятҳоеро офаридааст, ки барои рушду устувор гаштани сарзаминҳои худ ҷонфидоиҳо намудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки шуруъ аз рӯзҳои аввали давлатдорӣ ба рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат бастаанд.
Дастовардҳои назарраси Тоҷикистон ҳамасола шуруъ аз 30-юми апрели соли 2001 ба таври Паём ба Аъзои Маҷлиси Миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонида шуд. Баъдан дар зарфи солҳои минбаъда (22.04.2002, 04.04.2003, 30.04.2004, 16.04.2005, 20.04.2006, 30.04.2007, 25.04.2008, 25.04.2009, 24.04.2010, 20.04.2011, 20.04.2012, 26.04.2013, 23.04.2013, 23.04.2014, 23.01.2015, 20.01.2016, 22.12.2016, 22.12.2017, 26.12.2018, 26.01.2019, 26.01.2021, 21.12.2021, 23.12.2022, 28.12.2023, 28.12.2024) ва Паёми навбатӣ 16-уми декабри соли 2025 ироа гардид. Ҳар яке аз ин паёмҳо дорои нишондиҳандаи таърихиву рушди ояндаи Тоҷикистон мебошад.
Паёми имсола низ тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву иқтисодиро фарогир буд. Яке аз масъалаҳои дар Паём матраҳшуда арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги гузаштаи миллати бузургамон мебошад, ки боиси хушнудист, ки бо ташаббусҳои Пешвои миллат ёдгориҳои таърихии модиву ғайримоддии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид мегарданд.
Дар Паём бори дигар аз таърихи куҳан доштаи миллати тоҷик ёдоварӣ гардида, дастур дода шуд, ки лоиҳаи қонуни соҳаи бостоншиносӣ таҳия карда шавад. Ин иқдом заминаи ҳуқуқии соҳаи мазкурро таъмин намуда, боз ҳам барои ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ шароит фароҳам меорад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки танҳо дар соли 2025 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим (дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон) ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд, ки ин дастовард боз ҳам фарҳанги моро ба арсаи ҷаҳони муаррифӣ менамояд.
Инчунин, дар Паём Пешвои миллат чунин таъкид намуданд: “Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо - ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, ойину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд”.
Вобаста ба ин, дастур дода шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад. Бунёди ин марказ яке аз имкониятҳое мебошад, ки сунату анъанаҳои наврӯзӣ ҳифз ва эҳё карда шаванд.
Боиси ифтихор аст,ки миллати тоҷик таърихи зиёда аз шаш ҳазорсола дошта, решаҳои он ба дудмони таърих ҳамбастагӣ дорад. Чӣ хеле ки Пешвои миллат таъкид намудаанд: “Мусаллам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд”. Пешвои миллат ҳамеша барои пос доштани таъриху фарҳанги миллати хеш имкониятҳо фароҳам меоранд. Ин навбат низ дар Паём дастур дода шуд, ки “Маркази тамаддуни ориёӣ” дар пойтахти мамлакат сохта шавад. Ин иқдом бо мо имкон медиҳад, ки аз тамаддуни гузаштаи миллати худ огоҳ шавем, ҳифз намоем ва ба ҷаҳониён бо ифтихор муаррифӣ намоем.
Мардуми точик аз қадим бо ҳунарҳои мардумӣ маълуму машҳур гардидаанд, ин буд, ки бо ташаббуси Ҳукмати ҷумҳурӣ аз тарафи ЮНЕСКО қабул шудани қатънома дар мавриди эътирофи шаҳри Панҷакент ҳамчун «Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сӯзанидӯзӣ» бори дигар исботи худро ёфт.
Ҳамзамон, дар Паём Пешвои миллат бо ифтихору ғурури тоҷикона аз таъриху фарҳанги бойи миллати тоҷик таъидҳо карда, ёдоварӣ намуданд, ки “Ҳамчунин, танзими ҳамоишҳо зери унвони «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии ҳуқуқи гуногунрангии фарҳангӣ» (аввалин эъломияи ҳуқуқи башар дар таърихи инсоният) боиси ифтихору сарбаландии миллати ориёии мо мебошад”.
Умуман, паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат барои тамоми соҳаҳои кишвар як шаҳодатномаи раҳнамое маҳсуб меёбанд.
Манучеҳр ЗАРИФОВ,
н.и.т., устоди ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng