ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ АСОСИ ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз бузургтарин ва мураккабтарин хатар ба шумор рафта, ба амнияти байналмилалӣ таҳдид мекунад. Ифротгароӣ ва терроризм барои инсоният фоҷиаи мудҳишу муноқишаҳои зиёдеро ба бор оварда, аз аҳди бостон то замони мо барои ҷомеаҳои орому осоишта яке аз хатарҳои ҷиддӣ ба ҳисоб мераванд.
Мутаассифона, дар охири асри сипаригардида ва ибтидои асри равон амалҳои номатлуби мазкур бештар хусусияти сиёсӣ касб намуда, барои тамоми давлатҳо ва дар маҷмуъ, инсоният хисороти зиёд расониданд. Имрӯз инсоният дар пешорӯйи ин хатар ва даҳшатафканиҳою тахрибкориҳои гурӯҳҳои ифротию тундраву бунёдгаро ва таассубгарои динӣ қарор дорад.
Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро басо ба ташвиш овардааст. Афзоиши ҷиноятҳои хусусияти экстремистӣ ва террористидошта ба вусъат ёфтани терроризми байналмилалӣ, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи созмонҳои экстремистиву террористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои гуногуни хориҷӣ мусоидат менамояд. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба мақоми олии қонунгузори кишвар воқеъбинона таъкид намуданд, ки: “Рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар баъзе кишварҳои дунё нишон медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд”.
Воқеан, дар замони муосир таҳдиди терроризм, экстремизм ва радикализми динӣ ба амнияти ҷаҳон ва аҳли башар аз яроқи қатли ом кам нест. Вобаста ба ин, дар шароити имрӯзаи давлатдории навинамон худшиносию худогоҳии миллӣ ва ифтихори ватандории ҳар як фарди ҷомеа, махсусан, ҷавонон барои пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, ба вижа пешгирии терроризм, экстремизм ва таассубгароии динӣ нақши калидӣ доранд.
Ташаккули афкору малакаҳои иҷтимоии дорои ғояҳои худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори миллӣ дар даврони имрӯз, махсусан, барои насли наврас ва ҷавонон, ки дар фазои ҷаҳонишавӣ баъзан ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ ҷалб мешаванд, аз мароми муҳимтарин ва аввалияи ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Хулоса, хештаншиносӣ ва хештандориву ифтихори миллию меҳанпарастӣ дар шароити имрӯз бояд маҳаки асосии таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон қарор гирад, зеро танҳо худшиносиву худогоҳӣ ва хештандорӣ барои нагаҳдории асолати миллӣ, посдории анъанаҳову арзишҳои фарҳангӣ ва ахлоқӣ метавонад барои пешгирии ҳама гуна зуҳуроти номатлуби ҷомеа, махсусан, экстремизм ва терроризм нақши муҳим бозида, барои таҳкими амнияти сиёсӣ ва рушду такомули давлату давлатдори Тоҷикистони азизамон мусоидат намояд.
Ишқина ТАВАКАЛОВА,
ҳуҷҷатнигори кафедраи умумидонишгоҳии забони русӣ
Тоҷ
Рус
Eng