ПАЁМИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ - САНАДИ БАРНОМАВИИ РУШДИ МАМЛАКАТ
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Оли мамлакат дорои заминаи устувори ҳуқуқӣ буда, мустақиман аз меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашма мегирад. Мувофиқи моддаи 55-и Конститутсия, Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Ин салоҳият тибқи моддаи 69-и Конститутсия низ ба Президенти кишвар вогузор гардидааст.
Ҳар як Паёми Сарвари давлат бо марҳилаи муайяни рушди кишвар вобаста буда, дар он ҳадафҳо, вазифа ва барномаҳои афзалиятноки рушди иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангӣ дар асоси таҳлили илмӣ муайян карда мешаванд. Аз ин лиҳоз, Паём ҳамчун санади муҳими барномавӣ барои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои молияву маориф хизмат менамояд.
16 декабри соли 2025 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар» ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид. Дар баробари кормандони касбу кори гуногун, дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон низ омӯзгорон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ Паёмро дастҷамъона тамошо карданд.
Дар Паёми солона Роҳбари давлат қайд намуданд, ки: “Барои беҳтар намудани дастрасии соҳибкорони истеҳсолӣ ба маблағҳои арзони дарозмуддат ва афзоиш додани ҳаҷми қарз пешниҳод менамоям, ки Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода шавад.
Инчунин, барои беҳтар намудани шароити иҷтимоии мардум ва тавсеаи имкониятҳои дастрасии шаҳрвандон ба манзили истиқоматӣ зарур аст, ки механизмҳои рушди бозори қарзҳои ипотекиро такмил дода, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми чунин қарзҳо ба аҳолӣ тадбирҳои дахлдор андешида шаванд”.
Дар маҷмуъ, дар Паёми имсола масъалаҳои муҳими рушди иҷтимоию иқтисодӣ, такмили низоми маориф, омодасозии кадрҳои баландихтисос, гузариш ба таҳсилоти дувоздаҳсола, рушди иқтисоди рақамӣ, ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ва баланд бардоштани рақобатнокии иқтисоди миллӣ мавриди таваҷҷуҳи хос қарор гирифтанд.
Таҳлили муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад, ки сиёсати буҷетии кишвар дар марҳилаи кунунӣ, пеш аз ҳама, ба таҳкими манбаъҳои даромад ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи хароҷоти давлатӣ нигаронида шудааст.
Аз ҷумла, васеъ намудани базаи андозбандӣ, ҷалби бахшҳои нави иқтисод ба низоми расмии андозсупорӣ ва коҳиш додани ҳаҷми иқтисоди ғайрирасмӣ ҳамчун омилҳои калидии афзоиши даромадҳои буҷетӣ муайян карда мешаванд. Татбиқи ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки устувории молиявии давлат таъмин гардида, вобастагӣ аз сарчашмаҳои беруна коҳиш ёбад.
Дар баробари ин, яке аз ҷанбаҳои муҳими Паём ба масъалаи шаффофият ва рақамигардонии низоми молиявию буҷетӣ бахшида шуд. Ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ дар равандҳои банақшагирӣ, иҷро ва назорати буҷетӣ замина фароҳам меорад, то сатҳи ҳисоботдиҳӣ ва назорати молиявӣ баланд бардошта шуда, истифодаи маблағҳои давлатӣ мақсаднок ва самаранок гардад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки барои рушди устувори кишвар ҷорӣ намудани технологияҳои рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатӣ аҳаммияти хос дорад. Ҳамчунин, вазифа гузошта шуд, ки сатҳи маърифати молиявии аҳолӣ ва фарҳанги андозсупорӣ баланд бардошта шавад.
Дар Паёми навбатӣ, инчунин, оид ба рушди соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт, соҳибкорӣ, маориф, илм, фарҳанг, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ вазифаҳои мушаххас муайян гузошта шуданд.
Хуллас, Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади роҳнамо барои рушди устувори кишвар хизмат намуда, барои фаъолияти минбаъдаи тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ самтҳои афзалиятнокро муайян месозад.
Баҳодур ҶУРАХОНЗОДА,
декани факултети молия ва қарзи ДДМИТ,
номзади илмҳои иқтисоди дотсент
Тоҷ
Рус
Eng