Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 16-уми декабр тамоми масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва таъмини амнияти иҷтимоӣ, рушди устувори иқтисоди миллӣ, дастгирии соҳибкорӣ, инчунин, масъалаҳои марбут ба беҳбудии сатҳи зиндагии аҳолӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд.

Паёми Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санади сарнавиштсози миллат ба ҳисоб рафта, роҳу усулҳои ба ҳадафҳои стратегии кишвар расиданро муайян менамояд. Имрӯз иқтисодиёти Тоҷикистон бояд на танҳо ба сохтмон, энергетика ва хизматрасонӣ такя кунад, балки бояд ба саноати коркард, агроиндустрия, логистика ва IT иқтисодиёт низ бештар таваҷҷуҳ зоҳир гардад.

Дар ин росто, Барномаи саноатикунонии босуръати кишвар ба марҳилаи сифатан нав ворид шуда, заминаи густариши истеҳсолоти ватанӣ ва болоравии иқтидори иқтисодиро фароҳам оварда, ҳамакнун, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои дорои имкониятҳои маҳдуди ҷуғрофӣ ба давлати босуръат рушдёбанда табдил меёбад.

Зимнан, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки шумораи корхонаҳои саноатӣ дар кишвар сол то сол зиёд шуда, истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ афзуда, содироти маҳсулоти тайёр бештар мегардад ва минтақаҳои кишвар ба марказҳои истеҳсолӣ табдил меёбанд.

Дар шароити кунунӣ ташкили корхонаҳои нави саноатӣ бар он асос меёбад, ки онҳо ба таҷҳизотҳои муосир ва технологияҳои шакли инноватсионӣ таъмин карда шудаанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаашон иброз намуданд, дар доираи ҳадафи стратегӣ оид ба саноатикунонии босуръат дар давраи татбиқи он (солҳои 2019-2025) дар 7 соли охир беш аз 2600 корхонаи саноатӣ бо ташкили зиёда аз 87 ҳазор ҷойи корӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи маъдан аз 7,7 милиард сомонии соли 2020 ба 26 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонида шуд, ки ин нишондиҳанда 3,4 баробар бештар таъмин карда шуд. Агар дар соли 1991 дар соҳаи маъдан танҳо 3 номгӯи маҳсулот истеҳсол гардида бошад, пас, ин нишондод дар соли 2025 ба 17 номгӯй расонида шудааст.

Тадбирҳои андешидашуда дар ин самт имкон доданд, ки дар ҳафт соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа 2,5 баробар афзоиш ёфта, дар соли 2025 ба 66 миллиард сомонӣ расонида шавад. Суръати рушди соҳаи саноат дар соли 2025 22 фоизро ташкил дод.

Пешвои миллат соҳаи саноатро ҳамчун омили рушди иқтисоди миллӣ ва беҳбудии сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ намуданд. Инчунин, ба пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир вазифа гузоштанд, ки дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд.

 

Нилуфар ШОМАДОВА,

н.и.и., муаллими калони кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва омори ДДМИТ