Коррупсия яке аз мушкилоти ҷиддии ҷомеаи муосир ба ҳисоб рафта, ба рушди устувори давлат, таъмини адолати иҷтимоӣ ва эътимоди шаҳрвандон ба сохторҳои давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян гардидааст.

Бо мақсади пурзӯр намудани мубориза бар зидди коррупсия, фароҳам овардани фазои зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа, инчунин, пешгирӣ ва бартарафсозии омилҳои мусоидаткунандаи он, аз ҷониби роҳбарият ва кормандони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон мунтазам тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд. Дар ин замина, бо такя ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” нақшаи дохилиидоравӣ таҳия ва мавриди амал қарор дода шудааст.

Мақсади асосии татбиқи стратегияи мазкур баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ, ташаккули фазои тоқатнопазирӣ нисбат ба коррупсия, ошкор ва бартараф намудани сабабу шароитҳои бавуҷудоварандаи он мебошад. Дар маҷмуъ, ин тадбирҳо ба коҳиш додани сатҳи коррупсия ва таҳкими арзишҳои демократӣ дар ҷомеа равона шудаанд.

Дар доираи нақшаи дохилидонишгоҳӣ чорабиниҳои гуногуни фаҳмондадиҳӣ, вохӯриҳо, семинарҳо ва корҳои иттилоотӣ гузаронида мешаванд, ки ҳадафи онҳо баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии кормандон ва донишҷӯён, инчунин, тарбияи ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад. Ин иқдомҳо барои беҳтар гардидани шароити фаъолияти озодона, таҳкими интизом ва баланд бардоштани некуаҳволии аҳли донишгоҳ мусоидат менамоянд.

Бояд таъкид намуд, ки Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 3 августи соли 2021 тасдиқ гардидааст, коррупсияро ҳамчун монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар арзёбӣ намуда, муқовимати муассир ба онро шарти муҳими таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд медонад.

Дарвоқеъ, коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла ба рушди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва идоракунии давлатӣ таъсири манфӣ мерасонад. Истифодаи нодурусти ваколатҳои хизматӣ барои манфиати шахсӣ боиси поймол гардидани адолат, коҳиш ёфтани эътимоди мардум ва суст шудани рушди ҷомеа мегардад.

Яке аз роҳҳои муҳими пешгирии коррупсия ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ба ҳисоб меравад. Аз ин лиҳоз, татбиқи тадбирҳои фаҳмондадиҳӣ ва ташаккули тафаккури зиддикоррупсионӣ рисолати на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як шаҳрванд мебошад.

Имрӯз аҳли коллективи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамчун шаҳрвандони масъул, ватандӯст ва соҳибмаърифат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки бо ҳифзи зиракии сиёсӣ, риояи қонун ва интизоми меҳнатӣ ба ҳар гуна ҳуқуқвайронкунӣ роҳ надиҳанд ва дар мубориза бо коррупсия саҳми шоиста гузоранд.

 

Қурбон ҚУРБОНОВ,

сармутахассиси Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси ДДМИТ