Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 ироа гардид, ҳуҷҷати сиёсиву таҳлилии муҳиме ба ҳисоб меравад, ки самтҳои асосии рушди дохилию хориҷии давлатро дар марҳалаи нави таърихӣ муайян месозад. Ин Паём на танҳо ҷамъбасти дастовардҳои соли 2025, балки ҳамчун роҳнамо барои рушди устувори кишвар дар солҳои минбаъда буда, аз лиҳози мазмун ва самтгирӣ, пеш аз ҳама, ҳамчун ҳуҷҷати барномавии иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ мешавад. Дар маркази он масъалаҳои рушди устувори иқтисод, баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва ташаккули модели нави иқтисоди миллӣ қарор доранд.

Аз Паём бармеояд, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар даҳсолаи охир аз марҳилаи барқарорсозӣ ба марҳалаи рушди босифат гузашта истодааст. Нишондиҳандаҳое, ки Президенти кишвар қайд намуданд, аз ҷумла тайи даҳ соли охир 3,4 баробар зиёд гардидани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ бо 7,6 фоизи афзоиши миёнаи ҳарсола, равона гардидани беш аз 670 миллиард сомонӣ барои таъмини рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ва ба ҳар сари аҳоли 2,7 баробар афзоиш ёфтани маҷмуи маҳсулоти дохилӣ, яъне аз 6 ҳазор сомонии соли 2015 ба 16,4 ҳазор сомонӣ дар соли 2025 расонидани он аз заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат шаҳодат медиҳад. Ин ҳама натиҷаҳо, яъне баланд шудани даромади аҳолӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши табақаи қишри миёнаи аҳолӣ нишондиҳандаи воқеии самаранокии сиёсати иқтисодии давлат мебошад.

Қабули Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар барои солҳои 2026-2030 ҳамчун марҳалаи ниҳоии Стратегияи миллии рушд нишон медиҳад, ки давлат ба банақшагирии дарозмуддат ва устувор эътимод дорад. Ҳадафҳои эълоншуда, яъне ду баробар афзоиш ёфтани ММД, коҳиши камбизоатӣ то 10 фоиз ва рушди босуръати саноат дар шароиту иқтидори имрӯзаи Тоҷикистон пурра воқеӣ буда, боварӣ дорем, ки ин ҳадафҳо дар муддати кутоҳтарин амалӣ мегардад.

Инчунин, яке аз паҳлуҳои калидии Паёми имсола ба саноатикунонӣ, ки яке аз пояҳои истиқлолияти иқтисодӣ мебошад, бахшида шуд. Дар ҳафт соли охир сохта шудани беш аз 2600 корхонаи нави истеҳсолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани онҳо на танҳо афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, балки таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши вобастагӣ аз воридотро таъмин намудааст.

Рушди соҳаҳои коркарди ашёи хом, маъдан, металлургия ва саноати сабук ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки аз иқтисоди хомашёӣ ба иқтисоди коркардшуда гузарад. Ин раванд барои бозори меҳнат аҳаммияти иҷтимоии хос дорад, зеро маҳз саноатикунонӣ метавонад ҷойҳои кории устувор ва даромаднокро ташкил намояд.

Ҳамзамон, яке аз масъалаҳои марказии суханронии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гузариш ба иқтисоди рақамӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ ва таҷрибаи муваффақи ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика ҳамчун намунаи равшани коҳиши омилҳои инсонӣ ва баланд бардоштани шаффофият оварда шуд.

Рақамикунонӣ дигар интихоби ихтиёрӣ нест, балки шарти рақобатпазирии иқтисоди миллӣ мебошад. Ҷорӣ намудани низомҳои рақамӣ дар соҳаи энергетика, андоз ва хизматрасониҳои давлатӣ ба коҳиш додани сатҳи коррупсия, баланд шудани шаффофият ва самаранокии идоракунӣ оварда мерасонад. Ташаббусҳои марбут ба зеҳни сунъӣ ва дата-сентрҳои «сабз» дорои аҳаммияти иҷтимоӣ низ ҳастанд, зеро онҳо метавонанд ҷойҳои нави кории баландихтисос эҷод намуда, муҳоҷирати меҳнатиро коҳиш диҳанд.

Паёми Президенти мамлакат бо таъкиди возеҳ нишон медиҳад, ки рушди иқтисодӣ бе адолати иҷтимоӣ ва сармоягузорӣ ба инсон маънои комил надорад. Афзоиши маош, нафақа, стипендия ва маблағгузорӣ ба соҳаҳои маориф ва тандурустӣ нишон медиҳад, ки давлат ба баланд бардоштани сифати зиндагии аҳолӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ дорад. Махсусан, рушди маориф ҳамчун сармоягузории стратегӣ ба сармояи инсонӣ арзёбӣ мешавад, зеро маҳз кадрҳои босавод ва рақобатпазир метавонанд иқтисодиёти кишварро ба сатҳи нав бароранд.

Дар маҷмуъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати фарогир ва мукаммалест, ки Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибтафаккур, ташаббускор ва рӯ ба ояндаи нек муаррифӣ мекунад. Он нишон медиҳад, ки танҳо тавассути рушди иқтисоди рақобатпазир, саноатикунонии босуръат, иқтисоди «сабз» ва сармоягузорӣ ба инсон метавон сатҳи зиндагии мардумро устуворона боло бурд. Паём на танҳо арзёбии гузашта, балки даъват ба амал, масъулият ва иштироки фаъолонаи ҳамаи қишрҳои ҷомеа дар бунёди Тоҷикистони муосир ва пешрафта мебошад.

Паём на танҳо вазифаҳои Ҳукумат, балки масъулияти ҳар як шаҳрвандро дар роҳи бунёди давлати пешрафта ва ҷомеаи одилона муайян месозад. Дар шароите, ки ҷаҳон бо тағйироти бесобиқа рӯбарӯст, Тоҷикистон бо такя ба субот, захираҳои табиӣ, сармояи инсонӣ ва сиёсати дурандешонаи Роҳбари давлат роҳи рушди устувор ва мустақилонаро интихоб намудааст.

 

Парвиз МУЛЛОЕВ,

н.и.и., устоди кафедраи ҳуқуқи иқтисодӣ ва молиявӣ