Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола паёмҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёмҳои худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ менамояд, ки ин нишони таваҷҷуҳ ва самимияти хос ба рушду бақои давлату миллат буда, далолат бар он мекунад, ки Ҳукумати мамлакат нисбат ба тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии худ қарор дошта, боз ҳам ба фазои дӯстӣ, амният ва илму маориф наздиктар мешавад.

Ҳамин буд, ки санаи 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешбурди самараноки сиёсати дохилию хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои гуногун, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, сармоягузорӣ, рушди соҳибкорӣ, маориф ва илму фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ва дигар масъалаҳои марбут ба масоили руз мушаххас суханронӣ ва таъкид намуда, ҳамзамон, соли 2025-ро барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон боз як соли таърихӣ номиданд. Сарвари давлат дар бораи рӯйдодҳои таърихӣ ва санаҳои хотирмон андешаронӣ намуда, дар робита онро яке аз чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ номиданд. Чунки асосан дар ин давра, ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ, ки солҳои тулонӣ таҳти баҳс қарор дошт, яке аз рӯйдодҳои муҳими соли 2025 номида шуд.

Ҳамаи сифатҳои зикргардида дар зинаҳои фаъолияти давлатдории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд карда мешавад, аз сиёсати пешгирифта ва хидматҳои содиқонаву софдилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад.

Зимни ироаи Паём ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, бахшҳои маориф, илм, тандурустӣ, фарҳанг, занон, ҷавонон ва варзиш таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мегардад.

Пешвои миллат дар Паёми ироашудаи худ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” иброз доштанд, ки “ман аз рӯзҳои аввали роҳбарии худ ба масъалаи илму маориф эътибори доимӣ ва аввалиндараҷа медиҳам”. Дар ин росто, дар солҳои қаблӣ эълон гардидани соли 2010 “Соли маориф ва фарҳанги техникӣ” аз ҷониби Пешвои миллат далели гуфтаҳои болост.

Аҳамияти махсус равона кардани Президенти кишвар ба соҳаи маориф ва илм дар ҷумҳурӣ натиҷаи пурбор дошта, дар байни аҳолӣ ва махсусан, наврасону ҷавонон, худшиносии миллӣ, садоқат ба Ватан ва аз худ кардани касбу кори мухталифро дар сатҳи байналмилалӣ ба амал меоварад.

Дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад. Махсусан, дар самти афзалиятноки кори таълим ибтидо аз зинаи таҳсилоти томактабӣ бояд шуруъ кард, то дар давраи гузариш ба мактаби таҳсилоти умумӣ хонанда бояд заминаи қавии ибтидоӣ дошта, дар оянда баҳри пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро дошта, оид ба гуфтугӯи озоду шево ва бурро бо забони модарии тоҷикӣ ва ҳамчунин, аз худ намудани забонҳои хориҷӣ (русӣ ва англисӣ) ва муошират ба осонӣ баромада тавонад.

Нуқтаи дигари муҳими дар Паём зикргардида фаъолияти муассисаҳои олӣ ба ҳисоб меравад, ки дар ин равия Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳамаҷониба ва дар ин замина, бастани созишномаҳои дипломатӣ бо давлатҳои пешрафтаву истифода намудани таҷрибаи бойи андӯхтаи онҳоро барои мактабҳои олии мамлакат арзёбӣ намудааст. Аз ин лиҳоз, донишомӯзону кормандони илм метавонанд озодона таҳқиқоту ихтирооти худро дар асоси талаботҳои илмии замони нав эҷод ва ихтироъ намоянд, то дар бозори ҷаҳонии меҳнат харидори худро дошта бошад.

Макотиби олии ҷумҳурӣ дар ин росто, фаъолияти худро дар самти умумии омоданамоии мутахассисони касбӣ, касбию илмӣ беҳтару хубтар ба роҳ монда истодааст.

Пешвои давлат таъкид доштанд, ки ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тули беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад, ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳимму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам.

Бо назардошти сарчашмаҳои буҷетӣ ҳамасола маоши кормандони соҳаи маориф зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, баланд бардошта мешавад, ки талаботи кормандони соҳа ва некуаҳолии давлатро таъмин менамояд. Аз ин лиҳоз, дар саросари кишвар ба мардум расонидани ироаи Паём тариқи расонаҳои давлатӣ ва таъкидҳои бамаврид вобаста ба сатҳи баландшавии дониши тамоми сатҳи ҷомеа, аз ҷумла, омӯзгорон ва баландшавии музди маош барои ҳар як давра аз ҷониби Пешвои миллат дар соҳаи маориф, ҳар як фарди худогоҳ бо шунидани нуктаҳои муҳим, ҳисси хушҳоливу боварӣ ва дурахши нури маърифат эҳсос менамояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба таҷлили 35-солагии истиқлоли давлатӣ ва ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ намуда истодааст. Инчунин, пешниҳод намуданд, ки соли 2026 - “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” ба ифтихори ин ҷашни муқаддас ва бузурги миллӣ эълон намуда, дар ин раванд, ба идоракунии самараноки корхонаҳои давлатӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва «даврагӣ», гузариш ба модели иқтисодии ба донишу навоварӣ асосёфта, рушди сармояи инсонӣ ва пешгирӣ кардани таъсири тағйирёбии иқлим эътибори аввалиндараҷа дод.

Имрӯз ҷавонони мо бо кору фаъолияти созандаи худ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвари соҳибистиқлоламон саҳми бузург доранд.

Ҳарчанд ҷаҳони имрӯза дар шароити буҳрони ноороме қарор дорад, вобаста ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат оид ба ҳифзи истиқлолу озодӣ, заҳмат ба хотири пешрафти давлат ва ободии Ватан, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як мову Шумо шаҳрвандони бонангу номус маҳсуб ёфта, ба ифтихори ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи худ бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни хеш корҳои некро анҷом расонида, баҳри созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати худ саҳмгузор бошем.

 

Шералӣ БЕКМИРЗОЕВ,

муаллими калони кафедраи андозбандӣ ва суғурта