ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ЗАМОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Таърихи гузаштаи давлатдориву давлатсолорӣ гувоҳ аст, ки сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ягонагии халқу миллатҳо омили асосии рушди устувори ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии давлату ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар таъмини суботу амният нақши созгор мебозанд.
Масъалаи худшиносӣ ба масоили ахлоқи инсонӣ алоқаи бевосита дорад. Дар назари аввал ба донишҷӯён шояд аҷиб намояд: худшиносӣ чӣ маънӣ дорад, одам худашро бояд чӣ хел шиносад, он ки вай ному насабашро медонад, оиладорӣ ва тарбияи фарзандонашро медонад, оё худи ҳамин худшиносии одам нест? Аз ҷиҳати ҷисмонӣ одам медонад, ки аъзои бадани вай аз чӣ тартиб ёфтааст ва аъзои баданро чӣ хел ҳифз кардан ва тоза нигоҳ доштан лозим аст. Ин як ҷанбаи худшиносии инсон аст. Ба ҷуз ин худшиносии дигар ҳам оё вуҷуд дорад ва агар мавҷуд аст, он худшиносӣ чист?
Боиси қайд аст, ки барои ҷомеаи мо ин ду унсур - «Ваҳдат» ва «Истиқлолият» яке аз дастовардҳои бунёдии давлатдорӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳкими суботи сартосарии кишвар маънои “низомсозӣ”-ро таҷассум мекунанд ва пойдории онҳо бо ҳам зич вобаста мебошанд. Ҳарчанд худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос монда бошад ҳам, баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави худшиносии миллӣ оғоз гардид. Дар ин давра, дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дигар гардида, арзишҳои моддиву маънавӣ ҳам иваз шуданд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунанд: «Ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма гирифта, ба ташаккули шахсиятҳои дорои ҷаҳонбинии солиму пешрафта боис мегардад».
Худшиносӣ василаи асосии ба маънавият расидани инсону ҷомеа мебошад. Худшиносии миллӣ ин решаи миллат аст, агар мактаби миллӣ заиф бошад, миллат пароканда ва нопадид мегардад. Бинобар ин, бояд баҳри мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки ҷузъҳои асосии он ватанпарастӣ, хештаншиносӣ ва худшиносӣ мебошад, чораҳои зарурӣ андешид. Бинобар ин, пас аз ба даст овардани соҳибистиқлолии кишвар дар назди давлату миллати тоҷик масоили зиёде ба миён омаданд, ки онҳо ба ташаккули худшиносии миллӣ иртибот дошт ва масъалаи аввалине, ки дар ин маврид ба миён омад, баҳсҳо атрофи доираи ҳувияти миллӣ буд. Масъалаи ҳувияти миллӣ то ба имрӯз идома ёфта истодааст.
Худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ як ҷанбаи ахлоқи инсонӣ буд, ки онро ба ҳар тарзу восита ба одамон талқин мекарданд. Худшиносӣ ҳидоят, роҳнамои зиндагӣ буд. Аз ин рӯ, набояд гумон кард, ки худшиносиро фақат аз китобҳо хонда, омӯхтан мумкин бошад. Худшиносӣ аз зиндагӣ таҷриба омӯхтан, аз устодон сабақ гирифтан ва ниҳоят ба кирдору рафтори худ назорат кардан аст. Тавре дар урфият гуфтаанд: аввал сӯзанро ба худ халон, агар дард накунад, баъд ба дигарон. Ба одамон бадӣ накун, бубин, ки агар ба ту бадӣ намоянд, ба ту чӣ қадар сахт мерасад, бадӣ кардани ту ба дигарон низ ба ҳамин андоза сахт ва пурозор аст. Чунин мисолу таҷрибаҳоро аз зиндагӣ бисёр овардан мумкин аст.
Маорифпарварони ҷаҳон, аз ҷумла маорифпарварони мо, махсусан Аҳмади Дониш дар бораи худшиносии инсон бисёр фикрҳои ҷонсӯзона ва пурфоида гуфтаанд. Аҳмади Дониш ба муқобили уламои фиқҳу калом, ки инсонро танҳо як фарде мешуморанд, ки дар дунё барои иҷрои тоати Ҳақ омадаасту вазифаи ӯ барои дунёи охират андӯхтани савобу амали солеҳот аст, рад карда мегуфт, ки барои инсон тоати Ҳақ воҷиб аст. Аммо Офаридгор инсонро танҳо барои тоату ибодат наофаридааст, балки барои иҷрои вазифаҳое, ки воҷиботи инсон аст, халқ намудааст. Инсон бояд донад, ки ӯ барои обод доштани дунё омадаст, обод доштани дунё ба илму дониш ва касбу ҳунар, фарҳанг муяссар мешавад. Аз ин сабаб, инсон бояд донишҳои гуногунро фаро гирад.
Дар ин росто, барои насли ҷавону ҷомеаи кунунии кишвар рӯйдоди муҳиме, ки дар фаҳми ҳувияти миллӣ ва масъалаи худшиносии миллӣ чун дигар маъхазҳо саҳми назаррас дорад, ин ба нашр расидани китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Чеҳраҳои мондагор» мебошад. Мутмаинем, ки омӯзиш ва аз худ намудани муҳтавои ин китоб метавонад ба баҳсҳои ҳувият дар ҷомеаи мо такони ҷиддие бахшад, зеро дар он тамоми ҷабҳаҳои ҳувият ва андешаи миллӣ инъикос гардидаанд. Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тақвияти унсурҳои ҳувияти миллӣ ва боло бурдани худшиносии миллӣ тадбирҳои қатъӣ андешида истодаанд. Тадбирҳои андешида ва амалигардида аз унсурҳои муҳимми ҳувияти миллии тоҷикон дарак медиҳад. Дар ин замина, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шудани Қонун “Дар бораи забони тоҷикӣ” аз 5-уми октябри соли 2009, барпо намудани ҷашнвораҳои бузурги сатҳи давлатӣ, аз қабили “Бузургдошти 1100-солагии давлатдории Сомониён”, “1150-солагии сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ”, эълони соли 2006 ҳамчун “Соли фарҳангу тамаддуни ориёӣ”, таҷлили “2700-солагии шаҳри Кӯлоби бостон”, “Гиромидошти 1130-солагии асосгузори мазҳаби таҳаммулпазир дар ислом Имом Абуҳанифа”, “5500-солагии Саразми бостон”, ҳамасола бо шукӯҳ ҷашн гирифтани иди байналмилалии Наврӯз ва идҳои мазҳабие, чун Иди Фитр ва Иди Қурбон, эҳёи ҷашнҳои миллиамон чун Меҳргон ва Сада аз чораҳои амалӣ дар самти мустаҳкам намудани ҳувияти миллии мо дарак медиҳанд...
Ҳар як шаҳрванди кишвар бояд ҳисси миллӣ дошта, аз зинаҳои ташаккулёбӣ ва нақши он дар ҷомеаи имрӯза огаҳ бошад, ки ин яке аз самти асосии тарбия намудани ҷавонон ба хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, чун гавҳараки чашм ҳифз намудани сулҳу амнияти Ватан, заҳматҳои асосгузори онро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, гувоҳи эҳтиром ба муборизаи халқи тоҷик барои ба даст овардани истиқлоли давлатӣ ва бунёди давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон ба шумор меравад.
Н. НЕГМАТОВА,
ассистенти кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
А. МИРЗОЕВ,
муаллими калони кафедраи фанҳои гуманитарии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng