Дар шароити муосир яке аз кирдорҳои систематикӣ ва пуртаъсир, ки на танҳо ҳуқуқу қонунро зери по мегузорад, балки рушду таҳаввули иқтисодӣ ва иҷтимоиро бозмедорад, коррупсия ҳисоб меёбад.

Коррупсия ҳамчун амали сохторӣ суботи институтсионалӣ ва эътимоди ҷомеаро коста гардонида, тақсими номувофиқи захираҳо ва таназзули меъёрҳои ахлоқиро ба вуҷуд меорад, ки ба рушди устувори давлат ва сатҳи зиндагии аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Ин амали номатлуб ва хатарнок дар ҳамаи сатҳҳои ҷомеа аз инфиродӣ то байналмилалӣ реша давонда, ба рушди устувори иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ монеъа эҷод мекунад.

Маврид ба зикр аст, ки коррупсия на танҳо мушкили сиёсӣ, балки амали таъсиррасон ба тамоми сохторҳои иҷтимоӣ, маънавӣ ва иқтисодӣ эътироф шудааст. Чунин кирдор барои кишварҳо хатарзо буда, оқибатҳои манфӣ ба бор меорад. Аз ин рӯ, мубориза бо амалҳои коррупсионӣ вазифаи ҳар як шаҳрванд маҳсуб меёбад. Дар давру замонҳои гуногун амалҳои коррупсионӣ вуҷуд доштаанд ва имрӯз он сатҳи баландро касб кардааст, ки метавонад рушди ҳуқуқӣ, озодиҳои инсонӣ ва ҳаёти иҷтимоиро маҳдуд созад.

Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки истилоҳи «коррупсия» ҳанӯз дар ҳазорсолаи сеюми пеш аз мелод дар Чин, Ҳиндустон ва Мисри қадим дар рӯйи сангу гилтахтаҳо сабт шуда, дар аввалин адабиёти ҳуқуқӣ ва динии Юнон, Миср, Ҳинд, Чини қадим ва дигар тамаддунҳои бостонӣ дида мешуд.

Имрӯз коррупсия ҳамроҳ бо зуҳуроти хатарноки ҷаҳонӣ мисли терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, на танҳо асосҳои давлатдориро заиф мегардонад, балки рушди иқтисодӣ ва некуаҳволии мардумро маҳдуд намуда, сулҳу субот ва оромии ҷомеаро низ таҳдид намуда, дар маҷмуъ, ба амнияти иқтисодии кишвар таъсири манфии худро мерасонад.

Коррупсия яке аз масъалаҳои мубрам ва доғи рӯз дар ҷомеаи муосир ба шумор меравад ва пешгирӣ, омӯзиш ва муқобила бо он ҳамгироии ҳамаҷониба ва дастҷамъиро талаб мекунад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳояшон муборизаи ҳамаҷонибаро алайҳи амалҳои коррупсионӣ таъкид намуда, решакан кардани ин амали номатлубро қарзи шаҳрвандии ҳар як фард медонад. Дар Паёми соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти кишвар таъкид доштанд: «Коррупсия зуҳуроти номатлуб ва барои ҷомеа хатарнок ба ҳисоб рафта, мубориза бар зидди он вазифаи асосии мақомоти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як сокини кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, барои пешгирӣ кардани кирдорҳои коррупсионӣ, фароҳам овардани фазои оштинопазир ба он ва ба ин раванд ҷалб намудани тамоми мақомоти давлатӣ, воситаҳои ахбори омма ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷониби субъектҳои мубориза бар зидди коррупсия бояд чораҷӯӣ карда шавад».

Коррупсия шаклҳои гуногун дошта, аз ҷумла порагирӣ, порасупорӣ, шиносбозӣ, хариду фурӯши вазифаҳо, истифодаи мансаб барои манфиатҳои шахсӣ ва сарфу харҷи ғайриқонунии буҷаи давлатӣ мебошад. Амалҳои коррупсионӣ метавонанд дар сатҳи паст (кормандони миёна ва поён) ё сатҳи баланд (мансабдорони воломақом) рух диҳанд.

Тавре таҷрибаи хориҷӣ дар ин самт исбот менамояд, амалҳои коррупсионӣ дар ҷомеаҳое ба вуҷуд меоянд, ки дар онҳо шохаҳои ҳокимият мустақилона фаъолият намекунанд, қонунҳо яксон татбиқ намешаванд ва сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон хеле паст мебошад.

Коррупсия яке аз хатарноктарин кирдорест, ки ба рушди иқтисодӣ, сохтори иҷтимоӣ, арзишҳои маънавӣ ва устувории сиёсии кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Дар сатҳи иқтисодӣ, мансабдорон манфиатҳои шахсиро аз манфиати умумӣ боло мегузоранд, ки боиси сарфу харҷи ғайриқонунии буҷа ва заиф шудани рушди иқтисодӣ мегардад. Дар сатҳи иҷтимоӣ, порагирӣ ва мансабфурӯшӣ имкониятҳои баробарро маҳдуд сохта, ба эътимод ба давлат ва ҳисси шаҳрвандӣ зарар мерасонад. Аз ҷиҳати маънавӣ, коррупсия арзишҳои ахлоқиро заиф намуда, ҷавононро ба қабули фарҳанги манфӣ водор мекунад. Дар сатҳи сиёсӣ, амалҳои коррупсионӣ заъифшавии давлатдорӣ, қонуншиканӣ ва беҷазоиро густариш медиҳанд, ки оқибат ба норизоӣ ва эътирозҳои мардум меорад. Дар арсаи байналмилалӣ, кишварҳои мубталои коррупсия ҳамчун давлатҳои ношаффоф ва ғайриэътимод эътироф шуда, имкониятҳои ҳамкорӣ ва кумакҳои молиявиро маҳдуд мегардонанд.

Мубориза бо коррупсия кори саҳлу осон нест, вале бо чораҳои мушаххас ва ҳамаҷониба имконпазир аст. Аввалан, қонунгузорӣ бояд тақвият ёфта, барои ҳар гуна фасод ҷазои қатъӣ пешбинӣ гардад. Воситаҳои назорати дохилӣ дар муассисаҳо бояд пурзӯр шуда, шаффофияти фаъолиятҳои давлатӣ, рақамисозии хизматрасониҳо, дастрасии оммавӣ ба маълумоти молиявӣ ва иштироки ҷомеаи шаҳрвандӣ дар назорат таъмин карда шаванд. Барҳам додани коррупсия тавассути баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва тарбияи ахлоқии шаҳрвандон, махсусан ҷавонон, муваффақ мегардад. Ашхосе, ки аз ҳуқуқҳои худ огоҳанд ва масъулият доранд, ба амалҳои коррупсионӣ роҳ намедиҳанд ва муқобилияти фаъол нишон медиҳанд.

Коррупсия амали номатлубест, ки пояҳои ҷомеаро заиф карда, на танҳо иқтисодиётро хароб месозад, балки ба фарҳанг, ахлоқ ва маънавиёти мардум низ таъсири манфӣ мерасонад. Мубориза бо он барои сохтани ҷомеаи одил, солим ва пешрафта қарзи ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад. Танҳо тавассути ҳамкорӣ миёни давлат ва ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва таъмини адолати ҳуқуқӣ метавон решаҳои ин кирдори манфиро коҳиш дод ва роҳи рушду шукуфоии миллатро ҳамвор сохт. Мубориза алайҳи коррупсия на танҳо вазифаи мақомот аст, балки кору масъулияти дастҷамъонаи тамоми шаҳрвандон мебошад.

 

Ҳакимзода Матлабшоҳ Абдумалик,

муаллими калони кафедраи муносибатҳои молиявӣ-қарзии байналхалқӣ