Дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар мамлакат масъалаи илм ва маориф дар маркази сиёсати давлату Ҳукумат қарор дода, махсусан, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ то ба имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоянд.

Зимни Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон илмро яке аз омилҳои асосии рушди кишвар ва олимонро захираи бузурги зеҳнии ҷомеа дониста, ба мақсади пешрафти ҳамаҷонибаи он ва беҳтар гардонидани шароити иҷтимоии кормандони соҳаи илм ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст.

Ҳамчун соҳаи муҳими ҳаёти иҷтимоии кишвар дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои рушди он як қатор тағйироти ҷиддӣ ба вуҷуд омада, дар баробари ин, тавсияи инфрасохтори сохтори маориф ва илм, аз он ҷумла бунёди муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, инчунин, замонавӣ гардонидани базаи модӣ-техникии муассисаҳои мазкур ва як қатор дигаргуниҳое ба вуҷуд омадаанд, ки воқеан, дар тақвият бахшидани равандҳои рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар нақши бунёдӣ доранд.

Дар ин росто, ҳадафи асосии таъсис додани Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҷиҳати васеъ намудани пойгоҳҳои илмӣ, ҷалби ҷавонони лаёқатманду забондон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва махсусан, татбиқи корҳои илмӣ дар истеҳсолот ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, эълони озмуни “Илм - фурӯғи маърифат”, эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ барои солҳои 2020-2040”, эълони солҳои 2025-2030 «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия», ташаббуси ҷаҳонии эълони «Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти навин барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ», ташаббуси ҷаҳонии эълони 21-март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” аз зумраи навовариҳои илмии паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки хусусияти миллӣ ва умумиллӣ доранд.

Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон зери сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмоммалӣ Раҳмон масъалаи илму илмомӯзии донишҷӯён зери таваҷҷуҳи доимии роҳбари донишгоҳ Сатторзода Бобоҷон Абдуҷаббор қарор дорад.

Барои амалӣ гардонидани дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 ҷиҳати баррасии илм дар раванди таълим дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иқдоми бевоситаи роҳбари донишгоҳ маҳфили илмии донишгоҳӣ зери унвони “Дурахши илм” ва Шурои илмии инноватсионӣ таҳти унвони “Навоварон” таъсис дода шуд.

Мақсади асосии баргузор намудани маҳфилҳои илмии мазкур тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, рушди қобилияти эҷодӣ, рушди захираи инсонӣ, дарёфти навқаламони ҷавон, чеҳраҳои сухандон ва муаррифии онҳо дар донишгоҳ ва берун аз он, инчунин, пайванди илм ба истеҳсолот ба шумор меравад.

Махсусан, дар соли 2025 дар донишгоҳ дар заминаи китобхонаи илмии донишгоҳ ҷиҳати татбиқи амалии ташаббусҳои байналмилалии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду озмуни илмӣ-эҷодӣ байни донишҷӯёну магистрантон вобаста ба эълон намудани 21-март ҳамчун “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” гузаронида шуд. Ҷиҳати дар сатҳи баланд гузаронидани озмунҳои дар болозикргардида низомнома таҳия гардида, аз ҷониби роҳбари донишгоҳ тасдиқи худро ёфтааст, ки ҳар сол дар байни донишҷӯёну магистрантон гузаронида мешавад.

Ҳадафи асосии баргузории озмунҳои мазкур баланд бардоштани таваҷҷуҳи магистрантону донишҷӯён ба масъалаҳои муҳити зист ва пиряхҳо ҳамчун боигарии миллӣ, инкишоф додани хусусияти эҷодии онҳо барои омӯзиши муштараки ҳифзи пиряхҳо, муайянсозии нақши пиряхҳо дар ташаккул ва рушди иқтисоди «сабз» ва рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҷалби магистрантону донишҷӯён ба омӯзиши таъсири обшавии босуръати пиряхҳо ба экосистемаи Осиёи Марказӣ, пойдории сулҳ барои ҳифзи сайёраи бехатар, осоишта ва устувор, ташаккули тафаккури эҷодии донишҷӯёну магистрантон ва таҳияи мақолаҳои беҳтарин дар мавзуи “Тоҷикистон - кишвари амнтарини сайёра”, тарғиби сулҳ ҳамчун Ваҳдати миллӣ чун пойдевори асосии осоиштагии кишвар, тарғибу ташвиқи ин неъмати бебаҳо, яъне истиқлолу озодӣ ва сулҳу оромии кишвар, тарғиб намудани аҳамияти сулҳ дар миёни аҳли ҷомеа, алалхусус, ба наврасону ҷавонон, сулҳу оромӣ шарти муҳимтарини устуворӣ ва пойдории давлат, осоиши ҷомеа ва амалӣ шудани нияту орзуҳои ҳар як фард ба ҳисоб меравад.

Илова бар ин, бо мақсади дарёфти донишҳои нави илмии донишҷӯёну магистрантон ва муаррифӣ намудани илми тоҷик дар дохил ва хориҷи кишвар дар заминаи китобхонаи илмии донишгоҳ толори махсус барои пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ба истифода дода шуд, ки дар он корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони ватанӣ (чопӣ ва электронӣ) ҷамъ оварда шудаанд.

Аз нигоҳи фалсафаи илм, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун асари илмии фарогири тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт дорои навовариҳои хусусияти миллидошта мебошад. Агар олими як соҳа як самтро таҳқиқ намояд, дар паёмҳо тамоми ҷанбаҳои муҳими соҳаҳои мухталиф мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар он дарки воқеият инъикос гардида, факту далелҳои то ҳол номаълум мавриди баррасию таҳлилу арзёбӣ қарор мегирад.

Азизулло ИСМАТУЛЛОЗОДА,

директори китобхонаи илмии донишгоҳ