КИТОБХОНА ВА ФАРҲАНГИ КИТОБХОНӢ ҲАМЧУН ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ МАЪНАВИИ ҶОМЕА
(Дар партави Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025)
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16 декабри соли 2025 боз ҳам нишон дод, ки рушди ҷомеа танҳо бо пешрафти иқтисодӣ маҳдуд намешавад, балки ба рушду таҳкими маънавӣ, фарҳангӣ ва зеҳнии миллат сахт вобаста аст. Дар ин замина, китоб, китобхона ва фарҳанги китобхонӣ ҳамчун рукнҳои асосии ташаккули ҷомеаи соҳибмаърифат мақоми хосса доранд.
Китобхонаҳо макони ташаккули шахсият, ҷойи омӯзиш ва робита бо дониш ва фарҳанг мебошанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон таъкид намуданд: «Фаромӯш набояд кард, ки вақте наврасону ҷавонон бесавод мемонанд, ҷомеа ба таассубу хурофот ва ҷаҳолат гирифтор мешавад, ки чунин ҳолат оқибатҳои даҳшатбор дорад».
Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон илова намуданд: «Бедор намудани хотираи таърихӣ дар таҳкими ҳисси миллии шаҳрвандон, махсусан, ҷавонон, ки ояндаи миллат ва давлат мебошанд, нақши бисёр муҳим дорад. Ба хотири баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ ва завқи бадеии аҳолии мамлакат, хусусан, ҷавонону наврасон аз ҷониби муассисаҳои соҳаи фарҳанг дар даҳ соли сипаригардида 900 номгӯй адабиёти бадеиву бачагона нашр ва ба китобхонаҳо дастрас карда шуд. Дар ин давра бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд».
Метавон қайд кард, ки фаъолияти китобдорӣ - соҳаи фаъолияти иттилоотӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ва омӯзишие мебошад, ки ба вазифаҳои он таъсис ва инкишоф додани шабакаи китобхонаҳо, ташкилу такмили фондҳои онҳо, ба роҳ мондани хидматрасонии китобдорӣ, иттилоотӣ, маълумотию библиографии истифодабарандагони китобхонаҳо ва таъминоти илмию методии рушди китобхонаҳо дохил мешавад.
Китобдорӣ дар кишвари мо касби бостонӣ буда, китобдории навин илми тозаест ва бештар барои китобдорони мутахассис маъно ва мафҳуми соҳавӣ дорад.
Рушди инсон, сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии шаҳрвандон бояд дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дорад. Китобхона ҳамчун макони дастрасии дониш ва фарҳанг метавонад ба ин ҳадаф хидмат намояд. Пешрафти технологияҳои иттилоотӣ ва ҷаҳонишавӣ нақши китобхонаҳоро тағйир дода, онҳоро ба марказҳои иттилоотӣ ва фарҳангии замонавӣ табдил додааст. Ҳоло китобхона на фақат барои мутолиа, балки барои дастрасии маълумот ва барномаҳои фарҳангӣ ҷойи фаъол аст.
Дар замони муосир яке аз масъалаҳои асосӣ тарбияи насли соҳибмаърифат мебошад, ки бе рушди фарҳанги китобхонӣ амалӣ гардонидани он ғайриимкон аст. Китоб хонандаро ба андеша водор намуда, қобилияти таҳлил ва хулосабарорӣ ва ҷаҳонбинии ӯро васеъ мекунад. Дар ин замина, китобдор пайвандгари маънавӣ байни китоб ва хонанда мебошад. Китобдори босавод ва дилсӯз муҳаббат ба китоб ва донишро бедор карда, сатҳи маърифати ҷомеаро боло мебарад.
Дар шароити муосир мушкилоти кам шудани шавқи ҷавонон ба китобхонӣ низ ҷой дорад. Дар ин сурат китобхонаҳо метавонанд бо барномаҳои ҷолиб - маҳфилҳои адабӣ, вохӯриҳо бо олимон ва нависандагон, озмунҳои китобхонӣ таваҷҷуҳ ва шавқи ҷавононро ба мутолиа афзоиш диҳанд. Ҳамчунин, китобхонаҳо метавонанд нақши муассир дар таҳкими худшиносии миллӣ дошта бошанд. Тарғиби осори классикони адабиёти тоҷик, таърихи миллат ва фарҳанги ниёгон ба ҷавонон имкон медиҳад, ки ба арзишҳои миллӣ арҷ гузоранд. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифзи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ аҳаммияти махсус медиҳад, ки ин вазифаи китобхонаҳоро боз ҳам бештар мекунад.
Дар замони рақамикунонии иқтисоди миллӣ рушди китобхонаҳои электронӣ ва дастрасии онлайн ба китобҳо низ аҳаммияти калон дорад. Ин раванд имкон медиҳад, ки доираи васеи аҳолӣ, бахусус, ҷавонон ва сокинони минтақаҳои дурдаст ба китоб дастрасӣ пайдо кунанд. Китобхона метавонад ҳамчун такягоҳи омӯзиши мустақил ва рушди тафаккури таҳлилӣ хизмат намояд, ки ин ба баланд бардоштани сифати таҳсил низ мусоидат мекунад.
Тарбияи шаҳрвандии ҷавонон низ бо фаъолиятҳои китобхона зич алоқаманд аст. Мутолиаи китобҳои таърихӣ ва ҳуқуқӣ ба онҳо дарк ва масъулияти шаҳрвандиро меомӯзад. Китобхона метавонад ҳамчун воситаи муассири маърифатӣ ва фарҳангӣ дар рушди шаҳрвандӣ хидмат намояд.
Аз нигоҳи амнияти фарҳангӣ, китобхона ҳамчун сипари фарҳангӣ хидмат карда, арзишҳои миллӣ ва таърихи миллатро ҳифз менамояд. Инчунин, китобхона метавонад макони муоширати фарҳангӣ ва мубодилаи афкор миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа бошад, ки ба таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати миллӣ мусоидат мекунад.
Рушди фарҳанги китобхонӣ бояд аз оила оғоз шавад. Муҳаббат ба китоб дар оила ба кӯдак одати мутолиаро меомӯзонад. Китобхонаҳо метавонанд барномаҳои махсуси китобхонӣ барои кӯдакон ва волидон роҳандозӣ намоянд. Ҳамчунин, истифодаи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ метавонад фаъолият ва барномаҳои китобхонаро муаррифӣ кунад ва таваҷҷуҳро ба онҳо афзоиш диҳад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки китоб ва китобхонаро ҳамчун сармояи стратегии ҷомеа арзёбӣ намоем. Рушди китобхонаҳо, дастгирии китобдорон ва густариши фарҳанги китобхонӣ вазифаи на танҳо давлат, балки ҳар як шаҳрванд мебошад.
Вобаста ба ин, китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон на танҳо як хазинаи китобҳо, балки як маркази калидии иттилоотӣ, таълимӣ ва илмӣ-фарҳангӣ мебошад, ки дастрасиро баҳри баланд бардоштани дониш барои омӯзиш ва тадқиқот таъмин намуда, саводнокии хонандаи китобро инкишоф дода, тафаккури интиқодии донишҷӯён, инчунин, мусоидат ба рушди хислат ва ҳамкории байналмилалӣ тавассути пешниҳоди захираҳо, машваратҳо ва ташкили чорабиниҳоро роҳандозӣ менамояд. Ҷиҳати хизматрасонӣ ба хонандаи китоб чораҳои заруриро андешанд. Китобхона ба талаботи муосири рақамӣ мутобиқ аст.
Навбаҳор ТУРАЕВА,
китобдори калони китобхонаи илмии ДДМИТ
Давлатбӣ БОЗОРОВА,
китобдори китобхонаи илмии ДДМИТ
Тоҷ
Рус
Eng